ФУТЗАЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 бо дастаи мунтахаби футзали Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 25-26 сентябр дар шаҳри Дубай баргузор мешавад. Футзалбозони тоҷик дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шомили гурӯҳи «А» буда, бо дастаҳои мунтахаби Непал (23 октябр), Афғонистон (24 октябр) ва Ӯзбекистон (25 октябр) бозӣ мекунанд.
Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал дар Эрон доир мешавад. Ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳхат пайдо мекунанд.








Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд






