Гулнора Ҳасанзода: Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил соли 2020 бо се тарз- тавассути интернет, планшет ва қоғаз гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 02.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 тақрибан 10-15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз- тавассути интернет, планшет ва қоғазӣ гузаронида мешаванд.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иброз намуд.
Ҳамчунин зимни нишаст зикр карда шуд, ки дар лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» дар бораи муваққатан боздоштани ивази номи кӯчаву маҳалла, деҳаҳо ва тағйироти маъмурию ҳудудӣ пешниҳод карда шуд. Лоиҳаи мазкур айни замон дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад.
Г.Ҳасанзода иброз дошт, ки масъалаи аз ҳама муҳими корҳои давраи тайёрӣ барои гузаронидани маъракаи дар пеш истода- ин тайёр намудани маводи картографӣ мебошад. То 1 июли соли 2019 дар 27 шаҳру ноҳияҳо нақшаҳои схематикӣ ва дар 31 шаҳру ноҳия харита омода шуда, дар марҳилаи мувофиқа ва тасдиқи макони ваколатдори давлатӣ (Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ) қарор доранд.
Инчунин зикр гардид, ки барои таҳияи лоиҳаи буҷет барои рӯйхатгирии соли 2020 шумораи тақрибии кормандони муваққатӣ ва маводи зарурӣ барои гузаронидани ин маърака муайян карда шудааст. Айни ҳол барои муваффақона гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ корҳо идома доранд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», ки 19 майи соли 2009 қабул карда шудааст, ин маърака дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви Созмони Милали Муттаҳид дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба-солҳои 2000 ва 2010 маъракаи сиёсии ҷаҳонии «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил»-ро гузаронидааст.








Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид






