ХАТАРИ ИФРОТГАРОИИ ИТТИЛООТӢ: волидайн ва масъулинро зарур аст, ки барои пешгирии он тадбирҳои муассир андешанд

Август 12, 2019 09:43

ДУШАНБЕ, 12.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор доштанд, ки «имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён овардааст».

Бояд гуфт, ки  бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд.  Онҳо бештар ба ифротгароии иттилоотӣ даст мезананд. Баҳри пешгирии ин падидаи номатлуб чӣ бояд кард? Ин мавзӯъро  сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло ХОҶАЕВ шарҳ дода, аз ҷумла чунин ибрози назар намуд:

-Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошад.
Тавре зикр гардид, василаи асосии чунин фаъолияти тахрибгарона имкониятҳои нави воситаҳои интиқоли иттилоот ва технологияи иттилоотӣ арзёбӣ мегардад. Ифротгароии иттилоотӣ асосан аз тариқи  Интернет сурат мегирад. Ба ибораи дигар, ғояҳои  ифротгароию террористӣ ба воситаи Интернет, шабакаҳои  иҷтимоии  мухталиф ба объекти мавриди назар,  аз  ҷумла  ҷавонон  расонида мешаванд.

Бояд  тазаккур дод, ки ба фарқ  аз амалҳои  террористии ошкоро  (инфиҷор, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, қатли мансабдорон ва ғайра) ифротгароии иттилоотӣ  ба таври  ноаён  таъсир мерасонад ва муайян кардани манбаи он номумкин аст. Бинобар ин, аксарияти ҷавонон, ки ба  Интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ  алоқамандӣ  доранд, бо  сабаби  ноогоҳии сиёсӣ   ба доми субъектҳои  ифротгарои  иттилоотӣ афтиданашонро нафаҳмида мемонанд. Пиёдакунандагони ғояҳои ифротгароии  иттилоотӣ  бо  истифода аз  технологияҳо ё  абзори  мухталифи ҷолиб (саволу ҷавоб, бозиҳои мухталиф  ва ғайра) ба  тадриҷ мағзи ҷавононро ҷалб ва идора  мекунанд. Дар  қатори маводи пешакии  ҷолиб ё ҷаззоб ғояҳои  ифротгароиро  ба ҷавонон  талқин  менамоянд.

Ҷавонони  таҳти  таъсири  ифротгароии  иттилоотӣ қарор гирифта,  хориҷ  аз  ихтиёри  худ ба  иҷрои  супоришҳои аз  тариқи шабакаҳои  иҷтимоӣ ва  Интернет  додашаванда  даст  ба амалҳои террористӣ  мезанад.  Дар натиҷа як нафар, ки аз рўи ангезаҳои ифротӣ амал мекунад, метавонад аз рӯи миқёс нисбат ба гурӯҳҳои аз ҳама сершумори террористӣ харобии бештар ба ҷомеа  расонад.

Ифротгароии иттилоотӣ дар баробари рушди технологияи иттилоотӣ  такомул меёбад. Ин шакли ифротгароӣ, мутаассифона, ояндаи худро дорад. Яъне имкониятҳои эҳтимолии он маълум аст ва онҳо номаҳдуданд.

Ҳадафи асосии он заиф ва вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Ҷавонон- объекти асосии  таъсиррасон  ба ҳисоб мераванд,  зеро дар  марҳилаи  кунунӣ онҳо неруи созанда  ва офарандаи  мамлакат   маҳсуб мешаванд. Аз ин лиҳоз, ифротгароии  иттилоотӣ дар талоши он  аст, ки  тавассути идоракунии  мағзи ҷавонон  тамоми ҷомеаро   фаро гирад.

Ин  як  хатари ҷиддӣ  мебошад.  Ҷавонону волидайнашон ин хатарро бояд хуб  дарк  карда,  барои пешгирӣ аз  ифротгароии  иттилоотӣ  тадбирҳои зарурӣ   андешанд.

Муайян карда  шудааст, ки имрўз  дар шабакаҳои  иҷтимоию интернет на як нафар, балки гурӯҳҳои ифротӣ фаъолият доранд. Ин гурӯҳҳо  бо риояи ҷиддии мартаба дар байни аъзои он, ки пеш дар як гурӯҳ шомил буданд, имрўз аз ҳисоби рушди воситаҳои алоқа шакли роҳбарии шабакавиро ба кор мебаранд. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ фақат як пешвои харизматӣ надоранд, ки идеология ва стратегияи худро ба тамоми гурӯҳ таҳмил намоянд. Ҳоло дар худи як гурӯҳ чанд пешвоён ҳастанд. Ҳар кадоми онҳо сарчашмаҳои маблағгузории худро доранд ва фазои иттилоотии аксарияти  мамлакат   ва минтақаҳои мавриди назарро  тасхир кардаанд.

Гурӯҳҳои ифротӣ соҳаҳои нав ба нави фазои иттилоотиро фаро гирифта, дар ниҳоят, ба оммаи васеъ ғояҳои худро бомуваффақият талқин мекунанд. Метавон таъкид кард, ки ифротгароии иттилоотӣ зинаи омодагӣ барои намудҳои дигари ифротгароӣ мебошад. Дар оянда он муҳити мусоидро барои паҳншавӣ ва қабули ғояҳо ва идеалҳои ифротӣ фароҳам меорад.

Ба ақидаи мо, имрӯз насли ҷавон пойбанди  интернету шабакаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Ҷавонон ҳарчӣ бештар вақти худро дар назди телефон ва  компютер сипарӣ мекунанд ва ба ҷаҳони маҷозӣ нисбат ба воқеият афзалият медиҳанд. Дар интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бе зикри ном ё бо номи мустаор (тахаллус) дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда имрӯз мавриди истифодаи террористону ифротиён қарор доранд. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо тарафдорони нав ҷалб карда, ғояҳои ифротгароиро таблиғ менамоянд.

Имрӯз дар таркиби ташкилотҳои байналмиллалии террористӣ интернет – хадамоти комили касбӣ фаъолона кор мекунад ва ҳудуду имкониятҳои он хеле вусъат ёфтааст. Бо кумаки интернет–манбаъҳо имрӯз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурӯҳҳои гуногуни терорристӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешаванд. Террористон дар интернет воситаҳои пардохти электронии маблағ ва дигар системаҳоро васеъ истифода мебаранд. Воситаи асосӣ барои даъват, муроҷиат ва интиқоли навору дискҳои видеоӣ ва аудиоӣ низ интернет мебошад. Дар маҳсулоти мазкури интернетӣ иттилоот дар бораи  амали террористӣ дар шароити мухталиф, дастурамал барои таҳияи дастгоҳҳои худсохти мунфаҷира ва шумораи зиёди видео дар бораи «қаҳрамониҳо»-и  терррористон ғунҷонида мешаванд.

Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст. Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ  шакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои нав таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар зимн, онҳо аз озодии сухан суиистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад. Тафовут дар қонунгузории миллӣ низ монеаи ҷиддӣ дар ин роҳ аст. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрӯз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзӯи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Аз ин рў, ҷавонон ва падару модарони онҳо, ҳар як аъзои солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки аз дастовардҳои замони муосир самаранок истифода бурда, фарзандон ва насли ҷавонро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Бо  мақсади пешгирӣ кардани ифротгароии  иттилоотӣ  чунин пешниҳодҳо манзур мешаванд:

1. Истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ба як низоми муайян  мутобиқ  карда шавад.

2. Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ (аз тариқи  телевизиону радио бо воситаи роликҳои иҷтимоӣ) оид ба зарари ифротгароии  иттилоотӣ дар  ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо роҳи гузаронидани суҳбату  вохӯриҳо ҷоннок карда шаванд. Дар ин самт ҷалб кардани волидайни  ҷавонон мувофиқи  мақсад мебошад. Ба ҷавонон фаҳмонида шавад, ки  аз веб – сайтҳои  ба ифротгароии иттилоотӣ вобастабуда  дуруст истифода бурда шавад (масалан, дар гузоштани «лайкҳо» эҳтиёткор бошанд).

3. Масъулини Кумитаи кор бо ҷавонони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ин самт кори намоядагиҳои худро хусусан дар деҳоту  ҷамоат ва ноҳияҳои малакат  муассиртар   намоянд.

 

 

Август 12, 2019 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад