САРИ КӮҲИ БАЛАНД…. Имрӯз — Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон

Август 8, 2019 09:55

ДУШАНБЕ, 08.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи кишварҳое қарор дорад, ки метавонанд  ҳамасола аз сайёҳии кӯҳнавардӣ даромади зиёд ба буҷа ворид намоянд, зеро 93 фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил  медиҳанд. Тоҷикистон дар  ҷаҳон  на танҳо мамлакати  офтобӣ, инчунин сарзамини кӯҳҳои  баланд  ба шумор рафта. Бадахшон, ки дар он кӯҳҳои баланди Помир доман густурдаанд, «Боми ҷаҳон» ном бурда шуда, бо табиати зебою нотакрораш  қалби сайёҳони хориҷӣ, хусусан кӯҳнавардоназ зовияҳои гуногуни олам   тасхир  намудааст.  Аз ин ҷост,  ки ҳамасола садҳо нафар сайёҳони кӯҳнавард ба сарзамини Тоҷикистон ташриф оварда,  аз зебоиҳои дилфиреби  табиати кӯҳистони Тоҷикистон  ҳаловат бурда, бо таассуроти бою рангин ба ватанашон бармегарданд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз  дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон таҷлил мегардад. Ин сана аз он сарчашма мегирад, ки 8 августи соли 1786 бори нахуст табиби швейтсарӣ  Мишел Габриел Пакард (1757-1827) ва шикорчӣ, роҳбалади кӯҳӣ Жак Балма (1762-1834)  аввалин шуда, дар байни кӯҳнавардон нуқтаи баландтарини кӯҳи Алп- қуллаи Монбланро, ки дар баландии 4810 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, фатҳ намуданд. 

Кӯҳнавардони аврупоӣ бештар ба фатҳи қуллаҳои Тоҷикистон меоянд

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки алҳол 90 фоизи  ширкатҳои сайёҳии  мамлакат  хатсайрҳои худро ба рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ нигаронидаанд. Ширкатҳои сайёҳии «Ориент Адвентур», «Ҷавоҳир», «Сайру саёҳати кӯҳӣ», «Кӯҳандиз» ва «Амир Пик»  ширкатҳои фаъол ва муваффақ  буда, барои ҷалби  сайёҳони кӯҳнавард фаъолият мебаранд.

Асосан ба Тоҷикистон барои фатҳи қуллаҳои баланд кӯҳнавардон аз кишварҳои Россия, Беларус, Украина, Латвия, Литва, Эстония, Қазоқистон, Қирғизистон,  Испания, Британияи Кабир, Туркия, Италия, Канада, Австрия, Германия, Франсия, Шветсия ва Дания ташриф меоранд. Дар Тоҷикистон мавзеъҳои зебоманзар, ба мисли  Ҳафткӯл, Сари Хосор, Гармчашма,   Искандаркӯл, Хоҷа –Оби Гарм ва дигар ёгориҳои таърию бостонӣ мавҷуданд, ки   бештари сайёҳони хориҷӣ-кӯҳнавардон   тавассути автомобилҳои кӯҳгард дар мавзеъҳои  кӯҳсор сайругашт менамоянд. Инчунин аз дучархаҳо низ истифода мебаранд. Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби бештари кӯҳнавардон низоми дастрасӣ ба  раводиди электрониро ҷорӣ намудааст.

Фаъолияти 40 хатсайри сайёҳии кӯҳнавардию экологӣ 

Инчунин дар ҷумҳурӣ  бо ҷалби бахши хусусӣ ва соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардидааст, дар мавзеъҳои кӯҳӣ, ки барои   сайёҳон ҷолиби диққат аст, дар асоси манзилҳои истиқоматии деҳотӣ меҳмонхонаҳои хурд ташкил шуда истодаанд. Бо истифода аз ин фаъолият, сайёҳон имкон доранд дар баробари истифодаи хизмати меҳмонхонавӣ, боз дар ҷараёни омода кардани хӯроки миллӣ, дӯхтани либосҳои анъанавӣ ва ҷашну маросим иштирок карда, бо фарҳанги зиндагонии маҳаллӣ аз наздик шинос шаванд. Ҳамчунин  дар заминаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ аз мавзеъҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳҳо ва дигар иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, мавзеи Сари Хосор, Шаҳринав, Файзобод, Рашт, Айнӣ, Дарвоз, маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара»-и ноҳияи Варзоб, мавзеъҳои Ромит ва Канаски шаҳри Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, аз ҷумла дараи Қаратоғ, Норак, Кӯлоб, Панҷакент, Хуҷанд ва Истаравшану Исфара боздид намуда, ба ширкатҳои сайёҳӣ захираҳои сайёҳии минтақаҳо муаррифӣ гардид.

Байни ширкатҳои сайёҳӣ ва иншооти инфрасохтори соҳа ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, зиёда аз 40 хатсайрҳои нави сайёҳии кӯҳнавардию экологӣ, таърихию фарҳангӣ ва шикору солимгардонӣ ташкил гардидаанд.

Тадбирҳои андешидашуда  барои ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имконият доданд, ки онҳо ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ мусоидат намоянд. Дар ин замина сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардию шикор ва иштирок дар ҷашнҳои миллӣ ба сайёҳон пешниҳод шуда истодаанд.

 Кӯҳнавардон бо таассуроти неку рангин ба ватан бармегарданд

Аксари сайёҳони кӯҳнавард тавассути дучарха, автомобилҳои кӯҳгард ба Тоҷикистон ташриф меоранд ва зимни будубош аз хизматрасонии тарабхонаву ошхона, меҳмонхона, нақлиёт истифода менамоянд, ки ин барои таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ ва баланд б ардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки новобаста аз шакли саёҳат, сайёҳон ҳангоми бозгашт ба ватани худ таассуроти рангини худро ба  дӯстону наздикон нақл мекунанд ва ин омил сабаби ҷалби аз 5 то 10 сайёҳи дигар аз ҷониби сайёҳи ташрифоварда ва дар ин замина муаррифӣ гаштани захираҳои сайёҳии мамлакат мегардад.

Бояд гуфт, ки сайёҳии кӯҳӣ нисбат ба дигар намуди сайёҳӣ соҳаи афзалиятнок ва пешқадам маҳсуб меёбад. Саёҳат ба мамлакатҳои кӯҳсор таваҷҷуҳи сайёҳонро ҳамеша ҷалб сохта, онҳо  намудҳои сайёҳии саргузаштӣ, трекинг, алпинизм, сайёҳии кӯҳӣ ва рафтингро интихоб мекунанд.

Ҳар сол моҳҳои июл-август аз ҷониби мақоми ваколатдор бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр доир карда шуда, дар он садҳо нафар кӯҳнавардон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ширкат менамоянд.

Яке аз бартариятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон- ин табиати хосаи табиӣ аст, ки дар он унсурҳои сунъӣ дида намешаванд. Барои ширкатҳои сайёҳӣ захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон, аз қабили сайёҳии экологӣ, фарҳангию таърихӣ, табобатӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии шикор ва сайругаштӣ имкониятҳои бештар фароҳам овардаанд.

«Философия отдыха» захираи сайёҳии Тоҷикистонро тавсиф намудааст

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ маҷаллаи машҳури русии «Философия отдыха» дар нашри моҳи июни худ таҳти унвони «Таджикистан в зеркале международного рынка туризма» аз зебоиҳо ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавсиф намудааст. Дар мақола имкониятҳои сайёҳии мамлакат таҳлил шуда, аз минтақаи Помир  «Боми  ҷаҳон» ном гирифта мешавад. Бо ёдоварӣ аз мавзеъҳои сайёҳӣ,  ёдгориҳои таърихӣ, обҳои маъданӣ ва чашмаҳои шифобахш таъкид мегардад, ки Тоҷикистон бузургтарин иқтидори сайёҳиро дар минтақа доро мебошад, зеро 93 фоиз кӯҳистон будани ҳудуди  он яке аз махсусиятҳои беназири сайёҳӣ дар минтақа шуморида мешавад. Ин дар ҳолест, ки  дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB-Berlin-2019»  озмуни «100 самти беҳтарин пешоҳанги глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» кӯҳҳои Помири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойи сеюмро ишғол  намуданд. Мавзеъҳои зебоманзари Ҳафткӯл, Сарихосор, Искандаркӯл, Гармчашмаву Хоҷаобигарм, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва садҳо макони диданӣ ва роҳҳои саргузаштӣ барои сайёҳон ҷолиб арзёбӣ мешаванд.

Тоҷикистон тартиби электронии дастрас намудани раводидро ҷорӣ намудааст

Роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид, низоми содакардашудаи раводид бо 112 давлат ва реҷаи бе раводид бо як зумра давлатҳои ҷаҳон, фаъолияти 180 ширкати сайёҳӣ, сохтмон ва таҷдиду навсозии як зумра инфрасохтори сайёҳӣ барои воридшавии ҷумҳурӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон, хусусан кӯҳнавардон  заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон  дар ҳолест,  ки 9 август  дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» баргузор мегардад. Рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои  меҳварии он маҳсуб мешавад.

                          Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 8, 2019 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»
Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст
Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Дар Эрон Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Беларус ҳамкориро густариш медиҳанд
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд