Фестивали «Ҷилваи рангҳо». Он дар Душанбе бо ҳазор ранг пешниҳоди иштирокдорон гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахт даври дуюми Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид. Дар давраи навбатии фестивали мазкур ғолибони ин барномаи фарҳангӣ аз ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд. Ҷавондухтарону ҷавонписарон ва бонувони зебои тоҷик дар ин барномаи дилнишини фарҳангӣ сару либоси тоҷикиро вобаста ба касбу кор ва мавсими сол бо ороишоти миллӣ тавассути ҳунари волои таронаву рақс манзури иштирокдорони фестивал намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ифтитоҳи фестивал нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба меҳмонон ва иштирокдорони ин барномаи муҳими фарҳангӣ паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро расонд.
«Фестивали «Ҷилваи рангҳо» бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги қадими тоҷикон, аз ҷумла тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳисси зебопарастӣ, завқи эстетикии либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус рушди либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон, мардон ва риояи тарзи пӯшидани онҳо дар мамлакат дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбути Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид. Фестивали мазкур ҳамчунин барои арҷ гузоштан ба фарҳанги либос равона гардида, он дунёи зебо ва зеҳнияти созандаи халқи тоҷикро дар дӯхти либосҳои миллӣ баръало таҷассум менамояд», — зикр кард М.Муинӣ.
Муовини Раиси шаҳр махсус ёдовар шуд, ки баргузории Фестивали «Ҷилваи рангҳо» анъана ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро эҳё намуда, дар он тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон, чеварону ҳунармандон ва дигар хоҳишмандон иштирок карда, ҳунари волои худро ба дӯстдорони либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ менамоянд.
Фестивал аз ҷониби Кумитаи тадорукот натиҷагирӣ шуда, ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва «Сипоснома»-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.


















Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






