Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар Москва мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 09.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар доираи сафари корӣ вобаста ба баргузории ҷаласаи Мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсия Владимир Колоколтсев баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дастгир намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, инчунин авфи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯйхати маҳдудияти воридот ба Федератсияи Россия дохил шудаанд, дар доираи қонун муносибат намудани кормандони политсияи Федератсияи Россия нисбат ба шаҳрвандони тоҷик ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои онҳо ва дигар мавзӯъҳои ба он марбут баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба кумакҳои моддию техникии ВКД Россия ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия изҳори миннатдорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки 8 октябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ду давлат баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби вазирони ҳар ду давлат нақшаи кори вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 тасдиқ гардид. Ҳамчунин дар доираи мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкории байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, густариши равобити мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин андешидани тадбирҳо дар самти такмил додани ҳамкорӣ зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст






