НИГОҲЕ БА СУННАТҲОИ МАРДУМӢ ВА ФОЛКЛОРӢ ДАР ОСОРИ ҶАЛОЛ ИКРОМӢ. Эҳдо ба 110-умин зодрӯзи адиби номдори тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Октябрь 17, 2019 16:41

ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нависандаи номдор, пуркор ва пурбор Ҷалол Икромӣ бо навиштаҳояш дар адабиёти навини тоҷикӣ ҷойгоҳи махсуси худро дорад. Эҷодиёти худро бо шеър оғоз намуда, бо машварти устод Айнӣ ба навиштани осори мансур машғул мегардад. Соли 1927 нахустин ҳикояи худ «Хаёл. Шабе дар Регистони Бухоро»-ро ба устод Айнӣ нишон дод. Ин ҳикояро устод ҳамроҳи худ ба Самарқанд оварда, ба маҷаллаи «Роҳбари дониш» супориданд ва ҳамон сол чоп шуд.

Ҷ.Икромӣ 7 сентябри соли 1909 дар Бухоро, дар оилаи додгустар (судя) ба дунё омадааст. Соли 1928 дар дорулмуаллимин (омӯзишгоҳи педагогӣ) таҳсил карда, чанд муддат муаллими мактаб ҳам буд ва аз соли 1930 ба шаҳри Душанбе омада, то охири умр зимни корҳои гуногуни адабӣ ба навштани асарҳои насрӣ, намоишҳо ва таълифи осори публитсистӣ машғул шуд.

Нахустин китоби ӯ «Ҳаёт ва ғалаба» соли 1932 ба нашр расид. Баъд пасопеш повесту ҳикояҳои Ҷ.Икромӣ дар китобҳои «Ду ҳафта» (1934), «Тирмор» (1936), «Аз Маскав чӣ овардӣ?!» (1936) чоп шуданд. Сипас романҳои «Шодӣ» (қ. 1-1940; қ. 2-1949), «Ман гунаҳкорам» (1957), «Тори анкабут» (повест, 1957) ба  нашр расиданд. Романҳои сегонаи ӯ, ки бо номи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» маъруфанд, бо номҳои зерин чоп шуданд: «Духтари оташ» (1962), «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» («Вопасин амир») (1965), «Тахти вожгун» (1974).

Ҳамчунин Ҷ.Икромӣ муаллифи романҳои «Саргузашти Сафармахсум» (ҳаммуалиф бо Ҳ.Назаров, 1974), «Сафармахсум дар Бухоро» (1980), «Зоғҳои бадмур» (1979), «Хатлон» (1985), «Гули бодом» (2000), асарҳои публитсистии «Сафар кардан – ҷаҳон дидан» (1957), «Аҷоиботи сафар» (1963), «Дар домани Офтоб» (1964, ҳаммуаллиф А. Одинсов), «Устоди ман, мактаби ман ва худи ман» (1972) мебошад.

Устод Ҷ.Икромӣ асарҳои драмавии «Душман» (1933), «Дили модар» (1934), «Тухми муҳаббат» (1937), «Хонаи Нодир» (1943 ҳамроҳи А. Файко), «Шаби 28-ум» (1946), «Ҷавоби муҳаббат» (1947), «Ситора» (1952), «Дохунда» (1954), «Дилҳои сӯзон» (1970), «Гарнизон таслим намешавад» (1975)-ро низ  таълиф намудааст.

Ҷ.Икромӣ китобҳои «Ҳазору як шаб», «Чаҳор дарвеш»-ро таҳия намуда, осори нависандагон А.П. Чехов, М. Горкий, М. Шолохов, А. Толстой, А. Довженко, К. Чуковский, Бародарон Гримм, М. Авезов, Б. Кербобоев, Ю.Балтушис, Ю. Лебединский ва дигаронро аз русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст.

Адиби маъруфу номдори тоҷик дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1964) ва ордену медалҳои зиёд аст. Соли 2009 Тоҷикистон 100-солагити классики адабиёти муосири тоҷик Ҷаллол Икромиро ҷашн гирифта буд.  Имсол ба зодрӯзи эшон 110 пур шуд.

Бухоро шаҳрест, ки зодгоҳи ҳазорон адибону олимону донишмандон буда, дар он нависандаи маҳбуби тоҷик Ҷалол Икромӣ низ таваллуд шудааст. Маҳз дар ҳамин шаҳр забони адабии тоҷикии форсии дарӣ шакл гирифт, ҳамин шаҳр пойтахти давлати Сомониён буд. Дар ҳамин шаҳр шоири нобиғаи беназир устод Рӯдакӣ бо ашъори худ забони моро ба авҷи аъло бурд. Дар ҳамин шаҳр ҳазорон ҳунармандон, адибон ва олимон, ба мисли аллома Аҳмади Донишу устоди ҷонфидои миллат Садриддин Айнӣ таваллуд ва зиндагонӣ кардаанд. Аксари заминҳои Тоҷикистони азизи мо низ то аввали солҳои садаи ХХ пайванди Бухоро буд. Ба ин далел зодагонаш, ки ба ин забон асар эҷод мекарданд, онро бо муҳаббат ёд менамоянд. Устод Ҷалол Икромӣ низ чун дӯстдори ин шаҳр дар бахши нуҳуми романи «Тахти вожгун» дар бораи Бухорои азияткашидаи дорои фарҳанги мардумии хоси тоҷикона бо эҳсос навиштааст:

«Бухоро, Бухорои пурдида ва азобкашидаи ман! Чӣ рӯзҳои тира ва пурташвишро гузаронида, чӣ бадбахтӣ ва кулфатҳои тоқатфарсо дидӣ; чӣ аламу уқубатҳоро паси сар кардӣ! Аз дувоздаҳ дарвозаи ту сол аз дувоздаҳ моҳ кинаю буғзу ғараз, душманию тороҷгарӣ дохил мешуд; беҳтарин фарзандони туро мекуштанд; шираю шарбати туро мемакиданд, илму маданияти туро поймол мекарданд ва бойигарии туро ба ғорат мебурданд… Магар онҳое, ки ба гузоштани бунёди ту арақи ҷабин рехтаанд; ба шукӯҳу ҷалоли қасрҳои маданият, мадрасаҳо, китобхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва кошонаҳои зебои ту ҳамаи дониш ва ҳунари худро ба кор бурдаанд; асоси ҳамаи ҳунарҳо ва касбҳоро гузоштаанд, барои тороҷ карда шудани ту меҳнат карда буданд?! Магар заргарони зарриндасти нозукҳунар, мисгарони мӯъҷизакор, бофандагони сеҳркор, дуредгарони беҳамто барои роҳзанон, муфтхӯрон ва каллабурон кор мекарданд?!

Не, ҳаргиз не! Ман медонам, ки аз дувоздаҳ дарвозаи ту ба ғайр аз он ки гуфтам, инчунин илм, маданият, дӯстӣ, садоқат ва рафоқат ҳам дохил мешуд. Ман медонам, ки дар оғӯши пурлутфу эҳсони ту қаҳрамонон, далерон, ҳимоягарони ту низ тарбия меёфтанд. Онҳоро ту мепарваридӣ, ту ба воя мерасонидӣ, ту калон мекардӣ! Ту бовар доштӣ, ки онҳо аз хоки покат ҳамаи олоишҳоро дур карда мепартоянд; ба фарзандони ту, ба халқи заҳматкаши ту ҳамаи он чӣ аз меҳри пурхосияти ту ба амал меомад, насиб мегардонад!».

Яке аз сарчашмаҳои асосии эҷодиёти ҳар адиб- ин фарҳанги мардум аст. Мафҳуми фарҳанги мардум васеъ буда, он тамоми рӯзгори ҷомеаро дар бар мегирад. Яъне расму оинҳо, маросимҳо, ҷашнҳо, адабиёти гуфторӣ, мусиқии мардумӣ- ба таври куллӣ ҳар он чизе, ки тибқи анъанаҳои ниёгон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст ва одамон барои пешрафти рӯзгори худ аз он баҳра мебаранд.

Адиби хушсухан Ҷалол Икромӣ ҳам дар ҳикояҳо, ҳам дар повесту романҳо, ҳам дар осори намоишӣ ва асарҳои публитсистиаш аз ин сарвати арзишманди моддӣ ва маънавии мардумӣ, аз ҷумла  меъморӣ, кандакорӣ, кошикорӣ, ҳунармандӣ; зарбулмасалу мақол, афсонаву ривоят, саргузашту нақл, суруду тарона, созу мусиқӣ, бозиҳои маҳаллӣ, оинҳову ҷашнҳо, ҳунарҳои мардумӣ, касбу пеша ва амсоли ин ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ ё муфассал ё мухтасар бо салиқаи хос истифода намудааст, ки хонандаро ба худ ҷалб месозанд.

Нависанда Бухороро дӯст медошт. Ба ин васила кӯшиш намудааст, ки ӯ фарҳанги қадимии онро, на танҳо инъикоси онро дар рӯзгори мардум, балки дар тасвири кӯчаҳо, гузарҳо, ҳавлиҳо, биноҳо, мадрасаҳо, ҳаммомҳо ва амсоли ин моҳирона нишон диҳад. Тасвирҳои муҳити фарҳангии Бухоро аз ҷониби Ҷалол Икромӣ барои хонанда ва имрӯзҳо барои сайёҳе, ки ба Бухоро меояд, низ хеле ҷолибанд. Аз ҷумла, дар романи «Духтари оташ» оид ба гузарҳо ва касбу кори сокинони Бухоро навиштааст: «Инак, дар ҷануби ғарбии Бухоро, дар самти дарвозаи Қарокӯл чандин гузар ва маҳаллаҳо ҳастанд, ки аксарияти аҳолии он маҳаллаҳо мардуми косиб ва меҳнаткаш мебошанд. Чунончи, гузари Шоҳмалик, гузари Бобониёз, гузари Қозӣ, гузари Чармгарон, гузари Чақар ва гузари Абдуллохӯҷа асосан бошишгоҳи бофандагон, абрбандон, кудунгарон ва дигар ҳунарпешагон буд».

Устод гоҳе чунин амал менамояд, ки ҳатто даруну беруни баъзе хонаҳоро чун намунаи меъморӣ, ҳунари зебои кандакорӣ ва бинокорӣ бо чизу чорааш тасвир созад. Хуб аст, ки хонанда аз ин тариқ бо маҳорати ҳунармандони садаи Х1Х ва нимаи аввали садаи ХХ ошно мешавад.

Ҷ.Икромӣ давраи хурдсолӣ, наврасӣ ва бахше аз умри ҷавонии худро дар Бухоро гузаронида, аз бузургсолон, ки таърихи зиндаи мардум буданд, дар ҳофизаи худ воқеа ва ҳодисаҳои гузашта, муосир ва осори гуфтории мардумро доштанд, чизҳои зиёдеро шунидааст ва дидааст. Дар ҷашну маросим, маҳфилу базмҳо ва анаъанаҳои мардумӣ, ба монанди Наврӯз, сайрҳо, қиссагӯӣ, базмгардӣ ва монанди ин худ бевосита ширкат варзидааст.

Дар замони хурдсолии Ҷ.Икромӣ аксари мардум аз навиштану хондан огоҳ набуданд. Онҳо тибқи суннатҳои ниёгон устураву афсона, ривояту қисса, суруду тарона, дубайтиву рубоӣ, созу наво, аскияву намоиш, маддоҳиву қиссагӯӣ ва панду андарзҳои шунида ва омӯхтаи худро ба фарзандон, наберагон ва хешовандон аз тариқи гуфтор ва ё иҷро интиқол медоданд. Ҷ.Икромӣ низ ба мисли устод Айнӣ аз пирамардону пиразанони нохондаи донишпарвар чизҳои ҷаззоберо мешуниду лаззат мебурд ва ба ваҷд меомад. Аз ҷумла, тавассути афсонаҳои шунидааш хаёлан ба дунёи рангини дигар саёҳат менамуд, ки дар ин бора ӯ дар китоби «Устоди ман, мактаби ман, худи ман» (1970) ишорат намудааст: «Ҳар шаб ба ҷогаҳ даромада, кӯрпаро ба сар мекашидаму ба хаёлҳои ширин ғарқ мешудам. Худамро ба олами афсонаҳои аҷибе, ки мешунидам, дохил мекардам: гоҳо ҳамроҳи қаҳрамонҳои афсонавӣ ба болои аспи болдор нишаста, ба фазои пурситора мепаридам, аз болои шаҳрҳо, саҳроҳо, кӯҳу дарёҳо гузашта мерафтам…».

Таъсири ҳамин гуна афсонаҳо, дидаҳо ва мушоҳидаҳои муаллиф буд, ки адиб аз нахустин ҳикояаш ба офаридани симои шахсиятҳои одӣ, меҳнатдӯст, самимӣ, пурталош, ҳунарманд, мардумдӯсту ватанпараст кӯшиш намуда, бо навиштаҳояш дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи худро пайдо кард. Ягон асари Ҷ.Икромӣ нест, ки дар онҳо нишонае аз фарҳанги мардумӣ набошад. Бахусус дар романҳои сегонаи ӯ- «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», ки аз «Духтари оташ» (1960), «Вопасин амир» (1967), «Тахти вожгун» (1973) иборатанд, дар ҷараёни тасвири воқеа ва ҳодисаҳо лаҳзаҳоеро мебинем, ки бевосита мутааллиқ ба суннатҳои мардумӣ ҳастанд.

Дар замони зиндагии ин адиби хушсалиқа дар Бухорои Шариф ҳам дар хонаводаҳо, ҳам дар кӯчаву бозорҳо, ҳам дар манзили бойҳо, ҳам дар мадрасаҳо маҳфилҳои саъдихонӣ, ҳофизхонӣ, бедилхонӣ вуҷуд дошт. Аз ин навъ маҳфилҳо мардуми косиб, коргар, деҳқон, хидматгор ва ғайра, ки аз неъмати хондан ва навиштан огоҳ набуданд, низ баҳра мебурданд. Мардум ашъори дилнишини ниёгони худро аз тариқи шунид ба ҳофизаи худ месупориданд ва дар мавридҳои муносиб онҳоро барои фарзандон, дӯстон, ҷамъомадҳо мегуфтанд ё иҷро менамуданд. Мисоли барҷастааш ин аст, ки дар навиштаҳои ин нависандаи хушбаён ашъори Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҳилолӣ, Бедил ва дигарон ҳамчун ороиши бадеӣ зиёд мавриди истифода қарор гирифтаанд. Қаҳрамонҳо ва шахсиятҳои офаридаи Ҷ.Икромӣ ба осори манзуми гуфторӣ, классик ва муосири тоҷик муҳаббат доранд, дар лаҳзаҳои муносиб чун панди зиндагӣ аз онҳо ёд менамоянд.

Маълум аст, ки дар тасвири симои занҳо устод Ҷ.Икромӣ маҳорати хос нишон додааст. Ӯ дар ҳикояҳо, повестҳо ва романҳои худ ҳангоми тасвири симои ин ё он зан дар мавриди муносиб аз ашъори ин ё он адиби классик ё мардумӣ байте ё пораи шеъре оварда, ба ин васила нишон медиҳад, ки занҳои тоҷик барои дониш андӯхтан ҳамеша кӯшиш доштаанд.

Адиб зимни тасвири воқеаҳо гоҳе хонандаро бо муносибатҳои отифона, дуою ситоиш, дашному нафрин ба таври умумӣ  бо одоби муоширати (этикети) мардумӣ  ошно намуда, ба ин васила симои зоҳирӣ ва ботинии қаҳрамон ва шахсияти асарашро мекушояд. Масалан, ҳангоми тасвири симои Дилором-каниз («Духтари оташ») чӣ гуна дар байни мардум сазовори обрӯю эътибор будани вайро ба қалам дода навиштааст, ки ин зани ҳамакора дар гузари худаш ва дар гузарҳои дигар чӣ гуна сазовори обрӯ буд:

«Одамони он гузар ва гузарҳои гирду атроф ҳама ӯро ҳурмат мекунанд; ҳама аз ӯ ба корҳои худ маслиҳат мепурсанд ва дар ҳар тӯю азо ӯро даъват мекунанд ва баковулӣ – ошпазӣ, ё ки нигоҳубини сари дегро ба вай месупоранд.

« – Холаҷон, фалон қадар одам хабар кардем, чӣ қадар ош пазем?»

« – Холаҷон, дегу табақамон кифоя мекарда бошад?»

« – Холаҷон, ду хона, як болохона шабгаҳаш катӣ ва болои суфаро ба меҳмонҳо тахт кардем, мерасида бошад?»

« – Холаҷон, аз шираворамон хабар гиред. Мураббою нишалло мерасида бошад?

« – Холаҷон, кадом бибихалифаро гӯем?»

« – Холаҷон, созандаи Тиллоро ҳам хабар кунем, ё не?» ва ғайра ва ҳоказо… Ба ҳамаи ин суолҳо вай ҷавобҳои пухта ва қаноатбахш медод ва ҳар тӯе, мавриде, маросиме, ки бо иштироки вай мегузашт, бо тартиб, бамаънӣ ва камхарҷ мешуд ва бе исроф мегузашт. Бинобар он ҳамаи хонадонҳои он гирду атроф ба Дилором-кампир эҳтиёҷ доштанд ва ҳурматаш мекарданд».

Ба ин муҳаббату меҳрубониҳои мардум ӯ низ бо самимият посух мегӯяд, мувофиқи одоби муошират худро боз ҳам хоксортару ҳақиртар нишон медиҳад. Дар хидмати мардум буданашро воқеъбинона ва муаддабона ёдовар мешаваду мегӯяд:

«– Ман каниз, ман Дилором-каниз ҳастам, – мегуфт ҳамеша вай. – Ман аз ин ор намекунам. Чӣ кунам, ки тақдирам ҳамин будааст. Ҳозир ҳам ман канизи ҳама, ҳозир ҳам ман чӯрӣ!».

Симоҳои офаридаи нависанда ҷаззоб, хотирмон буда, аксараш аз зиндагии Бухорои он замон гирифта шудаанд, ки ба ин восита адиб рӯзгори мардуми гуногунтабақаро нишон додааст. Яке аз чунин симоҳои хотирмон Оймуллои Танбӯрӣ мебошад. Бо тасвири симои ин бонуи маҳфилоро, хушсадо ва навозандаи танбӯр устод Икромӣ хели  занҳоеро офаридааст, ки бо маҳорати худ мардумро шод намуда, ба онҳо ғизои маънавӣ мебахшиданд. Оймуллои Танбурӣ на танҳо бибихалифа, сарояндаи хушовоз, балки зани босаводи шоиртабъ низ будааст, ки ба гуфти устод Икромӣ шеъри зеринро худи ӯ эҷод кардааст:

«Мегуфтанд, ки вай танбӯр навохта, ғазал мехондааст ва шеър мегуфтааст. Чунон шоираи зӯр ва ҳаҷвнавис будааст, ки дар ҳар хусус ҳаҷвияҳои тезу кушанда гуфта метавонистааст. Ҳикоят мекунанд, ки боре дар кӯча равон будааст, ки аз паси вай чағбуткаш меояд ва «чағбути кӯҳна ҳастмиё?» гӯён фарёд мекунад. Инро дида ва овози нофорами ӯро шунида, Оймуллои мазкур дарҳол як тарҷеъбанди калоне мегӯяд, ки аввали он ин аст:

                    Дар кӯча будам раҳгузар,

                   Омад садо аз пушти сар,

                   Баргаштаму кардам назар,

                   Як мардаки оқи падар

                   Биншаста дар болои хар,

                   Мегуфт бо сад, карру фар:

                   Чағбути кӯҳна ҳас(т)миё?

 Ин тарҷеъбанд зуд аз даҳон ба даҳон гузашта, паҳн шуда меравад ва дар баробари ҳамин ному овозаи гӯяндаи онро шоеътар мегардонад. Мардум, хусусан занҳои бойҳо ва хонадонҳои давлатманд ба суроғу паи ӯ меафтанд ва дар орзуи дидани ӯ мешаванд».

Бале, Оймуллои Танбӯрӣ бо садои дилнишинаш шунавандагонашро зери таъсири худ қарор медиҳад. Зимнан метавон ёдовар шуд, ки имрӯзҳо низ ин гуна занҳо дар Бухоро ҳастанд, ки маъракаоро мебошанд. Дар ин ҷо ба як нукта бояд ишорат кард, ки дар асл сабаби дар байни мардум густариш ёфтани осори манзуми гуфторӣ низ ҳамин гуна шахсиятҳои боистеъдод мебошанд. Сурудаи онҳоро мардум аз худ намуда, бо гузашти замон моли худ месозанд.

Дар гузаштаҳо дар шаҳрҳо, бахусус дар Бухоро, ки пойтахт буд, дар назди бозорҳо, наврӯзгоҳҳо, идгоҳҳо, ҷойҳои махсус, Лаби Ҳавзи Девонбегӣ ва ҳамчунин дар хонаи сарватмандон қиссахонӣ, маддоҳӣ, дорбозӣ, базм, масхарабозӣ, сарояндагӣ, Чодархаёл ва ғайра барпо мешуд. Бархе аз ин базмҳои хосса дар ҳавлии бойҳо сурат мегирифт. Ҳатто чунин буд, ки занҳои ҳукуматдорон ва сарватмандон барои дилхушии худ базми махсус меоростанд. Ин навъ маҳфилу базмҳои ашрофӣ ҳам дар байни мардон ва ҳам занони Бухоро маъмул буд, ки оид ба баъзе аз онҳо устод Айнӣ низ дар «Ёддоштҳо» ишорат намудааст. Ҷ.Икромӣ низ яке аз чунин базмҳои шодмонии занонаро дар «Духтари оташ» тасвир намудааст, ки он намоиши мазҳакавии «Ба шавҳар додани Бибизағора» аст. Нависанда баргузор намудани ин саҳнаи ҷолиби хандаоварро ба таври муфассал тасвир намудааст. Ин намоиши танзию дилхушии занҳо дар он замонҳо дар минтақаҳои дигар низ ба шаклҳои гуногун маъмул буд, вале аз ҷониби мардумшиносон ба таври муфассал сабт нашудааст. Ба гуфти Ҷ.Икромӣ, дар ин базми хосса гурӯҳи занону духтарон ин зани сода – Бибизағораро ҳамчун арӯс оро медодаанд ва занеро чун домод меоростанд ва баъдан арӯсии онҳоро барпо менамудаанд. Дар ин базми хосса арӯсу домоди сохтаро саломномахонон ба ҳузури меҳмонхонаи занони базморо оварда, мавриди шӯхӣ, масхара, мушоира, дилхушӣ қарор медоданд. Дар тасвири Ҷ.Икромӣ дар ин базми хоса «Оймуллои Танбӯрӣ бо овози форам ва дилнишини худ» суруди «Саломнома»-ро месарояд. Хуб аст, ки адиб дар романи «Духтари оташ» намоишномаи «Ба шавҳар додани Бибизағора»-ро, ки зани бешавҳари сода буда, дар он солҳо боиси дилхушии занон будааст, ҳамчун матни фолклорӣ ва этнографӣ тасвир намудааст.

Дар асарҳои нависанда унсурҳои фолклорӣ зиёд буда, аз ҷумла ривоятҳои мардумӣ низ моҳирона истифода шудаанд. Масалан, дар романи «Духтари оташ» муаллиф ривоятҳои «Чашмаи хубон», «Кӯли шағолон»-ро дар рафти воқеаҳо баён менамояд. Ба ин васила матни фолклорӣ аз фаромӯшӣ наҷот ёфта, пешкаши хонандагон мегардад.

Ҷ.Икромӣ оид ба ҳунарҳои мардумӣ ва маҳорати шахсиятҳои ҳунарманд низ дар осори хеш маълумот додааст. Чунончӣ дар романи «Духтари оташ» муаллиф дар бораи ҳунари «чӯбтарошӣ» ёдовар шуда, ҳунармандии Устоназри чӯбтарошро чунин ба қалам додааст: «Вай аз чӯб фақат ҷон сохта наметавонист, дигар ҳар чиз, ҳар шакл ва ҳар манзараю намудро тарошида, сохта ва офарида метавонист. Аз гаҳвораю сандалию чорпоя сар карда, то сутунҳои кандакории айвонҳои каршастӣ, то болорҳо ва тахтамураббаъҳои кандакории аҷоиби сақфҳо, қаламдонҳои чинорин, тахталавҳҳо, асбобҳои гуногуни ҳунармандӣ, чархҳои корд тез мекардагӣ, дастгоҳҳои алочабофӣ, чархҳои кулол ва ғайра ва ҳоказо сохтан аз дасти пурҳунари ӯ меомад».

Адиб базмҳои хонаводагӣ, бозӣ, шӯхӣ, оинҳои мавсимӣ ва маъракаҳои хушнудии мардуми Бухороро, ки дар онҳо созандагон, раққосон, сарояндагон чӣ гуна маҳорати худро нишон дода, мардумро шод месохтанд, борҳо тасвир намудааст. Дар ин маврид баъзан аз ашъори мардумӣ низ намунаҳо овардааст. Аз ҷумла, Ҷ.Икромӣ ҳангоми боридани барфи аввал чӣ гуна баргузор шудани оини барфиро тасвир намуда, шеъри дар байни мардуми Бухоро машҳури онро низ меорад:

         Барф меборад ба фармони Худо,

         Барфи нав аз мою барфӣ аз шумо.

 

         Барф меборад мисоли кафтари жӯлидапар,

         Аз кабӯтархонаҳои арш меорад хабар.

 

         Зарра-зарра барф меборад сафед,

         Як зиёфат аз шумо дорем умед.

 Агар пажӯҳанда бо диққат асарҳои Ҷ.Икромиро мутолиа намояд, чизҳои ҷолиби мардумиро пайдо мекунад. Масалан, лақабмонӣ дар байни мардум аз замонҳои пеш маъмул аст. Баъзе қаҳрамону шахсиятҳои асарҳои адиб лақаби хоси худро доранд. Ба мисли Дилором-каниз, Муҳаррами Ғарч, Оими Кафшумаҳсӣ, Кали Аҳмад (Шоҳкал), Ёри мо мешӣ (лақаби Ҳайдарқул) ва ғайра. Адиб ба мисли мардумшинос сабаби чӣ гуна ба касе тааллуқ гирифтани лақабҳоро шарҳ додааст.

Дар осори Ҷ.Икромӣ маросиму ҷашнҳо низ хуб тасвир ёфтаанд. Машҳуртарин ҷашни бостонии тоҷикон ин Наврӯз аст, ки нависанда дар мавридҳои гуногун аз ин ҷашн ёдовар мешавад. Агар ӯ дар «Духтари Оташ» дар кӯчаҳо чӣ гуна форам будани овози сумалакфурӯшро ба ёд оварда, ин мисраҳоро оварад:

         Бӯи баҳор аст сумалак,

         Қуввати кор аст сумалак,

дар романи «Тахти вожгун» суманакфурӯш барои ба ҷои махфии даркорӣ расидани шахсияти асар (Низомиддин) роҳнамоӣ менамояд.

Нависанда дар бораи Наврӯз, сайрҳо ва дилхушиҳои мардуми Бухоро иттилоъ медиҳад, ки онҳо дар кадом маҳалҳо баргузор мешуданд ва мардум дар онҳо чӣ гуна амалҳоро иҷро менамуданд.

Дар ин бора аз тасвири зерини муаллиф метавон маълумоти бештар пайдо кард: «Аз Наврӯз сар карда, дар Бухоро сайрҳо, идгардиҳо сар шуда мераванд. Бисёртари ин сайрҳо, албатта, дар сари ягон мазор, дар ягон зиёратгоҳ мешуд. Сайри Чашмаи Айюб ҳам, ки асосан занона буд, дар сари мазори Чашмаи Айюб, дар қарибиҳои гӯрхона ва турбати Исмоили Сомонӣ, дар болои қабристони васее, ки атрофаш бо девор иҳота ва дар байни гузарҳои тарафи шарқи шимолии Бухоро буд, воқеъ мешуд. Чашмаи Айюб иборат аз чашмаи (кӯлмакобаи) начандон калоне буд, ки дар байни шӯразори қабристон пайдо шуда ва ба болои он гунбаде бино карда шуда, онро назаркарда ва оби шифо эълон карда, ҳатто лои онро ба захмҳо ва ба дардҳои пӯст даво мегуфтанд. Одамони захмдор ва бемор омада, бо ёрии назрхӯрандагон ва шайхони он ҷо ба чашма ғусл карда, аз лояш ба захмҳояшон молида, гӯё шифо ёфта мерафтаанд.

Сайри Чашмаи Айюб яке аз сайрҳои калони занона буда, занҳои Бухоро дар он ҷо ҷамъ мешуданд ва андаке бошад ҳам, аз ҳавои кушод баҳравар шуда, дар болои пуштаҳо рақсу бозӣ ва хурсандӣ мекарданд. Дар рӯзҳои сайр ба назди дарвозаи Чашмаи Айюб фурӯшандаҳои бисёре – ҳалвофурӯшон, обидандон ва ҳалвои акколифурӯшон, писта ва донашӯракфурӯшон, мевафурӯшон, обфурӯшон, нонфурӯшон, аттор ва чарчинфурӯшон ва ғайра фурӯшандагон, зочабозу масхарабозу фолбину раммолу гадою саққои бисёре ҷамъ мешуданд. Як олам бачаҳои хурду калон бо модар ва хешу таборонашон меомаданд. Хизматгорҳо, маҳрамҳо, ҷавонписарони толиби ҳусну ҷамол ва инчунин авбошон ва махдуму эшонзодаҳо гирду атрофро пур мекарданд; аз болои девор ва ё аз рахнаи он нигоҳ мекарданд, ҳатто ба дарун даромада, ба паси қабрҳо пинҳон шуда истода, сайри занҳо, худи занҳоро тамошо мекарданд ва гоҳо бо маҳбуба ва дилдодагонашон дар он ҷо вомехӯрданд.

Як қисми занҳо, ки маҳз барои шифо ёфтан ва ғусл кардан меомаданд, дар назди дари гунбази болои чашма ҷамъ шуда менишастанд, қисми дигарашон дар ҳар ҷо-ҳар ҷо давра карда, суҳбат меоростанд, ҷавондухтарон ва келинчаҳо дойранавозӣ ва рақсу бозӣ мекарданд. Дар он ҷо бибихалифаҳо, қиссагӯйҳо, созандаҳо ва ширинкорҳо ҳунари худро нишон медоданд. Овози ғал-ғал, чал-чал ва хандаю сурудхонию дойрана возӣ фазои он ҷоро пур мекард. Ба сайр аксарият занҳои бойҳо, эшонҳо, хоҷаҳо ва давлатмандҳо меомаданд, инчунин як қисм занони аҳли касаба, ҳунарманд ва камбағалон низ мешуданд, ки мақсади асосии онҳо ба чашма ғусл кардан ва ё духтари ҷавони худро, камтар бошад ҳам, ҳаво хӯронда, ба байни мардум даровардан буд».

Ҳамин тавр дар асарҳои Ҷ.Икромӣ порчаҳои манзум аз ашъори шоирон, зарбулмасалу мақолу суруду тарона, саргузашту ривоят, дуову нафрин, лаҳзаҳое аз маросими мардумӣ, касбу кор ва ғайра дар раванди тасвири воқеаҳо ва нишон додан симои шахсиятҳо оварда шудаанд. Дар оянда пажӯҳандагон метавонанд ин ҷиҳатҳои осори Ҷ.Икромиро ба таври муфассал мавриди баррасии илмӣ қарор дода, ба ин восита латофату нафосати навиштаҳои адибро боз ҳам дақиқтар таҳлил намоянд.

                                                        Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ

 

Октябрь 17, 2019 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид