Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид тенниси рӯи миз муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз ҷамъбаст гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз дастаҳои Хатлон 1, Хатлон 2, Суғд, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дастаҳои Душанбе 1, Душанбе 2 барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам аз рӯи намуди инфиродӣ, даставӣ, даставии омехта миёни занон ва мардон рақобат намуданд.
Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаи медалҳои бадастомада шаҳри Душанбе мақоми аввал, вилояти Суғд мақоми дуюм ва вилояти Хатлон мақоми сеюмро касб намуданд. Дар рақобатҳои даставӣ миёни мардон дастаи Суғд мақоми аввал, Душанбе 1 мақоми дуюм ва дастаи Хатлон 2 мақоми сеюмро касб намуданд.
Миёни бонувон аз рӯи намуди даставӣ дастаи Душанбе 1 мақоми аввал, дастаи Суғд мақоми дуюм ва дастаи шаҳру ноҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Бояд гуфт, ки дар маросими ҷоизасупории чемпионат раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва раиси Федератсияи тенниси мамлакат Мирзо Исмоилзода иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ғолибони чемпионатро барои дастовардҳои назарраси варзишиашон муборакбод намуда, зикр намуд, ки «дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва инфрасохтори соҳаи варзиш рӯз то рӯз беҳтар мегардад. Варзишгаронро мебояд пайваста тамрин намуда, ҷиҳати ба даст овардани медалҳои сатҳи байналмилалӣ талош варзанд».
Аз рӯи намуди омехта мақомҳои ифтихориро ҳайати зерин ба даст овард:
- Султонов Убайд – Азизова Наргиса
- Сомони Ҳусейн – Баротова Лола
- Маҳмудов Авзал – Сумаяи Амирӣ
Миёни мардон ва занон аз рӯи намуди ҷуфтӣ ҳайати зерин ғолибият ба даст овард:
Мардон
- Сомони Ҳусейн – Султонов Убайдулло
- Маҳмудов Авзал – Набиев Шероз
- Солиев Хуршед – Яҳёев Миряҳё
Занон
- Исмоилова Динора – Сумаяи Амирӣ
- Сайдалиева Зулфинисо – Муродӣ Сабрина
- Тухмосева Наргиса –Қодирова Ясмина
Аз рӯи намуди инфиродӣ миёни занон ва бонувон рақобатҳои ҷолиб доир гардида, ғолибони ин давр низ муайян гардиданд.
Миёни мардон
- Сомони Ҳусайн
- Султонов Убайдулло
- Набиев Шероз
Миёни занон
- Исмоилова Динора
- Сумаяи Амирӣ
- Азизова Наргиса








DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад






