Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор бо сокинони Душанбе суҳбатҳо доир намуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз он дар муассисаву корхонаҳо, биноҳои баландошёна ва таҳхонаву долонҳои он, инчунин дар манзилҳои зисту маҳаллаҳои аҳолинишини пойтахт санҷиш гузаронида, бо сокинони шаҳри Душанбе мулоқоту суҳбатҳо доир намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонӣ чунин як амалиёти муштараки зиддисӯхторӣ дар кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар натиҷаи ин санҷиш муайян гардид, ки дар маҳаллаи зикршуда атрофи биноҳои истиқоматӣ аз тарафи сокинон ғасб карда шуда, бо симтӯру панҷараҳои оҳанин ва бетон маҳкам карда шудаанд. Сокинони ин маҳалла бо ин амалашон роҳҳои ҳаракати нақлиётро банд карда, монеа эҷод намудаанд. Монеаҳои ҷойдошта барои гузаронидани амалиёти фаврӣ-оташнишонӣ дар мавриди рух додани ҳодисаи сӯхтор дар ин маҳал ба кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар ниҳодҳои таъҷилӣ мушкилот ба миён оварда, сабаби фурсатро аз даст додан ва зиёд гардидани масоҳати сӯхтору зарар мегардад. Камбудиҳои ошкоршуда аз тарафи кормандони ХДО ВКД бартараф карда шуданд.
Ҳамчунин дар байни аҳолӣ вобаста ба пайомадҳои нохуш доштани чунин амалҳои худсарона анҷомдодашуда суҳбатҳои муфид гузаронида шуданд. Дар баробари ин, шаҳрвандон огоҳонида шуданд, ки дар мавриди такроран ба чунин амал даст заданашон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд. Нисбат ба шаҳрвандоне, ки мунтазам дидаву дониста ва дағалона талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро вайрон менамуданд, аз тарафи кормандони ХДО ВКД санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ гардид.
Ёдовар мешавем, ки кор дар ин самт аз тарафи кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
Хотиррасон мешавем, ки бо омадани фасли сармо эҳтимоли сар задани ҳодисҳои сӯхтор зиёд мегардад. Сӯхтор ҳодисаи даҳшатборе мебошад, ки дар баробари ба миён овардани зарари калони моддӣ, ба ҳаёту саломатии одамон хавфу хатари зиёд эҷод намуда, дар баъзе мавридҳо сабаби ба ҳалокат расидани шаҳрвандон мегардад.
Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намуда, ҷони худ ва атрофиёнро дар хатар нагузоранд!








Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид






