ТОҶИКИСТОН — МАКОНИ РУШДЁБАНДАИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе ҳамоиш доир гардид

Октябрь 16, 2019 10:22

ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Тоҷикистон — макони рушдёбандаи сайёҳии байналмилалӣ» ҳамоиш доир гардид.

Мақсад аз ташкили ҳамоиши мазкур ба таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои муосиру байналмилалии сайёҳӣ истифода намудани захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, муҳайё кардани шароити мусоид барои сайёҳон, идомаи ислоҳоти соҳа ва баланд бардоштани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, коршиносони байналмилалӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кўлҳо, ҳайвоноту растаниҳои нодир, инчунин кўҳҳои баланд омили асосии рушди сайёҳии мамлакат эътироф шудааст. Барои рушди ин соҳа дар мамлакат зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, якчанд минтақаҳои байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуда, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тиҷоратии ба талаботи муосир ҷавобгў ба истифодаи умум пешниҳод карда шуданд.

Дар ин замина, дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намудани шоҳроҳи Помир, ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини амнияти шабона эътироф шудани пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рўи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рўи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

Инчунин мояи фараҳмандист, ки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид, ки барои рушди сайёҳии шаҳр муосидат менамояд.

Барои рушди туризми байналмилалӣ дар мамлакат тибқи ҳадафи олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин бренди сайёҳии ҷумҳурӣ васеъ тарғибу ташвиқ гардида, бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ боз ҳам ҷоннок карда мешавад.

Тибқи барномаи ҳамоиш ҳамчунин мутахассиси калони бахши хусусӣ дар Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ “IFC” Тарик Саҳович  суханронӣ намуда, рӯнамои натиҷаҳои ҳисоботи таҳлилии “Тоҷикистон: пурсиши андешаи сайёҳон дар бораи таҷрибаи онҳо оид ба боздид аз кишвар” аз ҷониби иқтисодчии пешбар дар соҳаи молияи Бонки ҷаҳонӣ Андреа Далл Олио муаррифӣ гардид.

Зимни маърӯзаҳои хеш коршиносони байналмилалӣ ташаббусҳои Пешвои миллатро дар минтақа вобаста ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва гузаронидани ислоҳот дар соҳа намунавӣ арзёбӣ намуданд.

Ин дар ҳолест, ки ниҳоди асосии байналмилалии соҳавӣ — Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар пайравӣ бо ташаббусҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020-ро Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон намуд.

Қобили зикр аст, ки чор мавзеи таърихию сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихии “Хоҷа Машҳад”, “Чилучорчашма”, “Ҳулбук” дар вилояти Хатлон ва Қалъаи “Ямчун” дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ бозсозӣ карда шуда, ба сатҳи байналмилалӣ расонида мешаванд. Ҳадаф аз он, пиёда намудани тарҳи рушди деҳот буда, чорабиниҳо асосан барои бозсозии роҳҳои назди ин ёдгориҳои таърихӣ ва навиштаҷот бо се забон, бунёди хонаҳои қабули сайёҳон, меҳмонхонаҳои хурд ва дигар хизматрасониҳои муосир ба сайёҳони дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудаанд.

Тибқи арзёбиҳои коршиносони байналмилалӣ, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва дар баробари ин афзоиши шумораи сайёҳон Тоҷикистон солҳои наздик ба яке аз кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон рӯз аз рӯз зиёд гардида, дар нуҳ моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ қариб як миллион сайёҳон аз зиёда аз 140 кишвари олам ташриф оварданд.

Тамоюли афзоиши ташрифи сайёҳон назаррас буда, коршиносон иброз доштанд, ки кишвари моро дар ин давра бештар шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ, Аврупо ва Амрико ба ҳайси сайёҳ тамошо намуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун макони ҷолиб барои сайёҳон, ба сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои беназири туристии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, сайру гашт, хӯрокҳои лазиз ва анъанаҳои қадимаи миллӣ, армуғонҳо, меваҳои шаҳдбор ва гиёҳҳои шифобахш пешниҳод карда шуданд.

Дар интиҳои ҳамоиши мазкур мулоҳизоти иштирокчиён шунида шуда, вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда муҳокимаронӣ сурат гирифт.

 

Октябрь 16, 2019 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд