10 нафар аз Бадахшон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 29.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 20 ноябр дар мактаби Президентии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ . . .» ҷамъбаст гардид. Дар даври вилоятӣ 83 нафар ғолибони даври дуюми озмун ҳунари худро нишон доданд, ки 10 нафари он ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Маҳорати иштирокчиёни озмунро 13 нафар ҳайати ҳакамон аз рӯи чор номинатсия баҳогузорӣ намуданд. Ба ҳайати ҳакамон раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода, муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радио Сайрам Бақозода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода ва дигар масъулон шомил буданд.
Дар озмун намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа ва шаҳру навоҳии гуногун, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистр, аспирантҳо ва шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳо маҳорати худро нишон доданд.
Ба даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» аз рӯйи чор номинатсия инҳо сазовор дониста шуданд:
— Дар номинатсияи адабиёти классикӣ:
Азизмо Пайшанбиева аз ноҳияи Ишкошим (ҷойи 1),
Сувайлои Ёдовар аз ноҳияи Ванҷ (ҷойи 2),
Дилангези Ҷумъахон аз ноҳияи Рӯшон (ҷойи 3).
— Дар номинатсияи адабиёти муосир:
Шаҳбоз Саломатшоев аз ноҳияи Дарвоз (ҷойи 1),
Ориф Қурбондавлатӣ аз ноҳияи Рӯшон (ҷойи 2).
— Дар номинатсияи адабиёти бачагона:
Нуриддин Давлатбеков аз ноҳияи Рӯшон (ҷойи 1),
Дилрабо Парвонаева аз ноҳияи Роштқалъа (ҷойи 2),
— Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон:
Аслишо Иброҳимов аз ноҳияи Ишкошим (ҷойи 1),
Дилнозаи Нуриддин аз ноҳияи Рӯшон (ҷойи 2),
Сарвиноз Файзуллобекова аз ноҳияи Шуғнон (ҷойи 3).
Дар ҷараёни озмун маълум гардид, ки аз тарафи аксари довталабон талаботи Низомнома пурра риоя гардида, қисмате аз онҳо ба ин талабот таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Аз ин рӯ ҳайати ҳакамон 5 нафар довталабро аз озмуни такрорӣ гузарониданд.
Ба ғолибони даври сеюм аъзои ҳакамон тавсия доданд, ки барои иштирок дар даври ҷамъбастии ҷумҳуриявӣ аз худ маҳорати баланд нишон диҳанд.









«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






