Ҳамоиши гирандагони стипендияҳои президентӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд

Ноябрь 15, 2019 16:25

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши гирандагони стипендияҳои президентӣ доир шуд. Дар он гирандагони стипендияи президентӣ аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш Раиси Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода  ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки  таҷлили ин рӯз барои ҳар як ҷавон  аҳамияти махсус дорад. Зеро   чор сол қабл маҳз ҷавонони мамлакат дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҳамоишҳо доир намуда, ба  Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд, ки яке аз рӯзҳо ҳамчун  «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда шавад.

Бино ба гуфтаи Аҳтам Абдуллозода, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 таъсис дода шуда, он  намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ҷавони мамлакат мебошад.

«Сазовор гардидан ба номи гирандаи стипендияи президентӣ барои ҳар наврас ва ҷавон  боиси ифтихор буда, он имкон медиҳад, ки хонандагон  ҳарчи беҳтару бештар ба илмомӯзӣ машғул шаванд ва дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ иштирок намуда, саҳми худро гузоранд.  Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  ҳудуди 400 нафар наврасону ҷавонон дар як сол эълон карда мешавад ва он дастгирии Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон мебошад.   Аз ин рӯ гирандагони стипендияи президентиро зарур аст, ки дар баробари таҳсили хубу аъло дар тамоми самтҳои татбиқи сиёсати давлатӣ масъулияти зиёд дошта бошанд. Зеро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамеша бо такя ба қувваи худи ҷавонон  фаъолияташро пеш мебарад ва ин насли ҷавонро мебояд бо Кумита ҳамкории зич дошта бошад. Бояд шумо дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ хотираи неки миллатро гиромӣ дошта, аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй бошед»,- гуфт Раиси Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сипас, Аҳтам Абдуллозода ба гирандагони стипендияи президентӣ шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ тақдим намуд.

Дар охир муроҷиатномаи гирандагони стипендияи президентӣ  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид.

Ноябрь 15, 2019 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад
Дар Муъминобод барои дастгирии занони ҳунарманд Маркази «Чирадаст» таъсис дода шуд