РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Имсол 80-солагии ҳунарманди маъруф, офарандаи нақши Рустами достон Бимбулат Ватаев ба ҷашни 90-солагии кинои тоҷик рост омад

Ноябрь 21, 2019 12:24

ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кинои тоҷик 90-сола шуд. Бояд гуфт, ки дар баробари ҳунарпешагони тоҷик ҳамчунин саҳми ҳунармандони ғайритоҷик, ки муддате дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дар рушди кинои тоҷик саҳм гузоштаанд, қобили зикр аст. Яке аз ҳунарпешагони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистонро ватани дуюми худ интихоб карда, дар рушди кинои тоҷик саҳми назаррас гузоштааст, Артисти халқии РАСС Осетияи Шимолӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Бимбулат Ватаев мебошад. Ӯ худро чун ҳунарпешаи боистеъдоди кино дар Тоҷикистон дарёфт ва то вопасин рӯзҳо самимияташро нисбат ба халқи тоҷик нигоҳ дошт. Ҷашни 80-солагии зодрӯзаш ҳам ба 90-солагии кинои тоҷик рост омад.

Бимбулат Ватаев 15 марти соли 1939 дар деҳаи Новый Батакоюрти ноҳияи Правобережнийи РАСС Осетияи Шимолӣ дар оилаи ангишткан ба дунё омадааст. Миллаташ — осетин. Падараш соли 1943 дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок мешавад. Бибои ҳафтсола соли 1946 ҳамроҳи модар ба назди холааш ба Тоҷикистон, ба шаҳри Кӯлоб омада, то синфи 8-ум дар яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Кӯлоб мехонад. Ин сабаби он мегардад, ки ӯ урфу одат ва забони тоҷикиро омӯхта, бо забони тоҷикӣ озодона гап занад. Тоҷикистон бо тамоми нозукиҳои худ ҳанӯз аз замони наврасӣ диққати Биборо ба худ ҷалб карда буд.

Соли 1954 боз ба шаҳри Орҷоникидзе бармегардад ва баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ ду сол дар ҳайати актёрони ёридиҳанда дар Театри давлатии драмавии Осетияи Шимолӣ кор мекунад. Пас аз ду соли кор дар театр ба шаҳри Москва рафта, ба Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Б. В. Шукин дохил шуд. Солҳои таҳсил ва омӯзиш ноаён гузаштанд. Бимбулат омӯзишгоҳро бо баҳои «аъло» хатм кард. Хатмкунандагони омӯзишгоҳро имтиҳони ҷиддӣ дар пеш буд…

Тамошобинони Москва ҳоло ҳам спектакли хатмкунандагони омӯзишгоҳ — «Одами нек аз Сезуан»-ро нағз дар ёд доранд, ки нахустнамоишаш хеле бомуваффақият гузашт. Нақши асосӣ — лётчик Янг Сунро хатмкунандаи омӯзишгоҳ Бимбулат Ватаев тарзе иҷро кард, ки дар мулоқоту суҳбатҳо аз он ёдовар мешуданд.

Соли 1964 хатмкунандагони Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Б. В. Шукин Театри Таганкаро таъсис доданд, вале Бимбулат ба зодгоҳаш Осетияи Шимолӣ баргашт. Ӯро барои кор ба Театри давлатии драмавии шаҳри Орҷоникидзе (солҳои 1964 — 1976) даъват карданд. Дар саҳнаи ин театр вай як силсила нақшҳои романтикӣ офарид.

Баъд аз комёбиҳои филми ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам» устод Мирзо Турсунзода дар яке аз суҳбатҳояш бо режиссёр Борис Кимёгаров ба мувофиқа меоянд, ки бояд аз рӯи достони «Ҳасани аробакаш» филми ҳунарӣ офаранд. Устод бо камоли майл ҳамроҳи сенарист Инна Филимонова ба кор шурӯъ намуда, дар муддати кӯтоҳ (соли 1965) сенарияро барои таҳияи филм омода мекунанд.

«Филми навро («Замони осоишта», соли 1965) ба охир расондаму дарк намудам, ки ҳанӯз наметавонам аз он давраҳо ҷудо шавам. Бо тамоми ҳастиям дар  солҳои бистум қарор доштам. Замоне ки тақдири мардуми Осиёро Ҳокимияти Советӣ ҳал мекард. Аз ин рӯ, ман ба достони машҳури Мирзо Турсунзода  «Ҳасани аробакаш» муроҷиат кардам…

Сенарияро Мирзо Турсунзода дар ҳамкорӣ бо кинодраматург Инна Филимонова эҷод карданд», — менависад таҳиягари филм Борис Кимёгаров.

Ниҳоят, банаворгирии филми ҳунарии «Ҳасани аробакаш» дар шаҳрҳои Душанбе ва Исфара оғоз меёбад. Таҳиягар барои иҷрои нақши асосӣ — Ҳасан Бимбулат Ватаевро аз шаҳри Орҷоникидзеи Осетияи Шимолӣ даъват намуд. Дар яке аз рӯзҳои наворгирӣ барои интихоби актёрон устод Мирзо Турсунзода Бимбулат Ватаевро дар нақши Ҳасан дида, аз қиёфа ва бозии мағруронаи актёри осетини тоҷикнамо хеле қаноатманд шуд.

— Ин ҳамон Ҳасан, Ҳасани аробакаши ман!, — гуфта буд шоир, — менависад киношинос Любов Ивановна Қиёмова».

Филми мазкур соли 1966 ба экран баромаду аз тарафи мунаққидони кино ва тамошобинон баҳои баланд гирифт. Бахусус, Ҳасани аробакаш дар иҷрои Бимбулат Ватаев хеле самимӣ ва боварибахш баромад. Ҳасани сода, ошиқ ва мағрур.

Дар филми ҳунарии «Ҳасани аробакаш» аспу ароба ҳамеша ба муқобили мошин гузошта шудааст. Қаҳрамони асосии филм ҳеҷ гоҳ мошинро эътироф намекунад ва аз дидани он асабӣ мешавад.

Таҳиягари филм кӯшидааст, ки муборизаи сохти ҳаёти нав ва кӯҳнаро дар симои Ҳасану аробааш ва мошину ронанда нишон диҳанд. Ба актёр муяссар гардид, ки ҷузъитарин ҳаракат ва характери қаҳрамонашро дар экран ифода карда тавонад. Дар ин филм унсурҳои миллӣ хеле моҳирона истифода шудаанд.

Соли 1966 дар Кинофестивали минтақавии киносозони Осиёи Миёна ва Қазоқистон, ки дар шаҳри Ашқобод доир шуд, филми ҳунарии «Ҳасани аробакаш» сазовори Диплом «Барои беҳтарин образи қаҳрамони халқӣ» ва иҷрокунандаи нақши асосӣ Б. Ватаев бо Диплом «Барои иҷрои беҳтарин нақши мардона» сазовор гардиданд.

Бимбулат Ватаев бо дигар киностудияҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ— Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Москва, Ленинград, Гурҷистон, Украина, Одесса ва ғайра  ҳамкорӣ карда, зиёда аз 30 нақши асосиро офарид. Баъди иҷрои нақши Ҳасани аробакаш Бибо Ватаев дар киностудияи «Тоҷикфилм» якчанд нақши асосӣ бозӣ кард. Шариф аз филми бадеии «Бо амри дил» (режиссёр Б. Кимёгаров, соли 1968), Ғаффор аз «Панҷ нафар дар пайраҳа» (режиссёр М. Маҳмудов, соли 1974), раиси колхоз Саттор Сафаров аз «Як умр кам аст» (режиссёр Б. Кимёгаров, соли 1975), Мурод -ронанда аз «Роҳи сафед» (режиссёр Г. Аразян, соли 1974), Рустам аз филмҳои ҳунарии «Достони Рустам» 1970, «Рустам ва Сӯҳроб» 1972 ва «Достони Сиёвуш», 1976, (режиссёр Борис Кимёгаров), сеҳргар Сулаймон аз «Муки хурдсол» (режиссёр Е. Кимёгарова, соли 1983), Меҳрубон аз «Мухотаб «Қулла» (режиссёр Ю. Азизбоев, соли 1985) аз ҳамон ҷумла мебошанд.

Соли 1970 таҳиягари кино Борис Кимёгаров аз рӯи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ филми бадеии «Достони Рустам»-ро таҳия карда, барои иҷрои нақши Рустами Достон Бимбулат Ватаевро даъват мекунад. Барои Ватаев ин даъват ногаҳонӣ буд. Режиссёр Борис Кимёгаров интихоби актёронро ба нақшҳои муайяншуда чунин ба қалам додааст:

«…Вале мушкилоти асосие, ки ҳангоми омодагӣ пешорӯйи мо меомад, интихоби актёрон ба нақшҳои асосӣ буд. Рустам барои ҳамаи мо маълум буд, зеро кинодраматург хусусият ва хислатҳои актёриашро ба назар гирифта, ин нақшро махсус барои Бибо Ватаев навишт… Ватаев тавонист, ки симои Рустами баҳодурро боварибахш офарад. Актёр тавонист, ки тамоми зебогӣ ва тавоноии Рустамро ба тамошобини кино нишон диҳад. Гӯё Фирдавсии бузург ин ду мисраъро маҳз пас аз тамошои бозии олиҷаноби Бибо Ватаев дар кино ба қалам дода бошад:

Ҳаме гуфт ҳар кас, ки ин Рустам аст,

Ва ё офтоби сапедадам аст…

Бад — он бозуву ёлу он қадду шоҳ,

Миён чун қалам, синаву бар фарох.

Ду ронаш чу рони хаюнон ситабр,

Дили шеру неруи бабру хижабр.

Бад — ин хуб рӯю бад — ин фарру ёл,

Ба гетӣ набошад кас ӯро ҳамол…

Баъди як соли ба экран баромадани филми бадеии «Достони Рустам» ба наворгирии филми дувум — «Рустам ва Сӯҳроб» оғоз ёфт. Ин дафъа Ватаев нақши Рустами Дастонро тамоман барҷастатар иҷро кард. Эҷодкорони киногурӯҳи «Рустам ва Сӯҳроб» нақл мекунанд, ки ҳангоми банаворгирии филм дар павилёнҳои киностудияи «Тоҷикфилм» Бибо Ватаев чунон ба симои Рустам ворид шуда, онро тарзе иҷро кард, ки ҳатто равшанидиҳандагон, ки мебоист баъди ним соат дастгоҳҳои тафсони нурафкани худро дам диҳанд, аз танаффус даст кашиданд. Зеро бозии пуртаъсир ва табиии Бимбулат Ватаев диққату таваҷҷуҳи ҳамаро ба худ ҷалб кард.

Ҳангоми банаворгирии «Ҷанги Рустам бо Сӯҳроб» дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод мардуми зиёди таҳҷоӣ ҷамъ шуда, шоҳиди лаҳзаҳои ҳассос — куштани писар аз дасти падар шуданд. Ҳангоме ки Рустам бо корд ба синаи Сӯҳроб мезанаду баъд медонад, ки писарашро куштааст, додзанон гирди писар мечархад, аксари ҳозирон ва сокинони маҳаллӣ, ҳатто режиссёр шашқатор  гиристанд. Аз доди ҷонкоҳи Рустами Ватаев аспҳо ҳам тӯрида, ба ҳар тараф гурехтанд.

Филми бадеии «Рустам ва Сӯҳроб» соли 1972 дар Кинофестивали V умумииттифоқии шаҳри Тбилиси сазовори ҷоиза «Барои инъикоси қаҳрамони эпоси халқӣ» гардид. Ба иҷрокунандаи нақши Рустам — Бимбулат Ватаев Дипломи кинофестивал «Барои саҳми арзанда дар инкишофи санъати драмавӣ дар экран» супорида шуд.

Ин филм бе муболиға ба Бимбулат Ватаев шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Филм дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, Аврупо, Америка ва дар кишварҳои Шарқи Араб намоиш дода шуд. Ҳамон солҳо дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо дар бораи филм ва иҷрокунандаи нақши асосии он мақолаҳои зиёде нашр карда шуданд.

Ҳукумати РСС Тоҷикистон соли 1972 дар қатори дигар офарандагони филм актёр Бимбулат Ватаевро сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ донист.

Артисти халқии РСС Тоҷикистон Борис Кимёгаров Бимбулат Ватаевро на танҳо чун актёри боистеъдод, балки чун фарзандаш дӯст медошт.

Ниҳоят, филми савуми таҳиягари кино Б. Кимёгаров «Достони Сиёвуш» (аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) ба экрани кинои советӣ баромад. Ин навбат актёр Ватаев Рустамро тарзе офарид, ки шукӯҳу шаҳоматаш аз ду филми пештара боз ҳам таъсирбахштар баромад.

Филми бадеии «Достони Сиёвуш» низ дар Кинофестивали байналхалқии мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ, ки соли 1978 дар шаҳри Тошканд бозгузор гардид, сазовори диплом шуд. Режиссёри филм Борис Кимёгаров соли 1977 дар Кинофестивали X умумииттифоқии шаҳри Рига бо Ҷоиза барои «Беҳтарин кори режиссёрӣ дар таҳияи филми мураккаб» ва Ҷоизаи «Барои беҳтарин ороиш ва декоратсияҳо» ба рассомони таҳиягар Шавкат Абдусаломов ва Леонид Шпонко супорида шуданд. Дар комёбиҳои силсилафилмҳои Б. Кимёгаров аз рӯйи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, албатта, саҳму хизмати Бимбулат Ватаев хеле калон буд.

Соли 1975 дар шаҳри Кишинёв Кинофестивали VIII умумииттифоқӣ барпо гардид. Ду филми бадеӣ бо иштироки Бимбулат Ватаев — «Як умр кам аст» (истеҳсоли «Тоҷикфилм» режиссёр Б. Кимёгаров, 1974) ва «Абӯрайҳони Берунӣ» режиссёр Ш. Аббосов, «Ӯзбекфилм», 1975) намоиш дода шуданд. Аъзои жюрии кинофестивал якдилона ба актёр Б. Ватаев барои иҷрои нақшҳои асосӣ дар филмҳои зикршуда «Дипломи фахрӣ»-и Кинофестивали VIII умумииттифоқии Кишинёвро тақдим намуданд.

Барои хизматҳои арзанда Бимбулат Ватаев бо унвонҳои Артисти халқии РАСС Осетияи Шимолӣ, Артисти халқии РСФСР, ордени «Дӯстӣ» (1991)-и Федератсияи Россия, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаҳои давлатии Осетияи Шимолӣ ба номи Л. Хетагуров ва В. Тхапсаев, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1967) ва унвони ифтихории «Инсон — сарвати бебаҳои ҷомеаи Россия» сарфароз гардидааст.

Солҳои 1992 — 1994 ӯ роҳбари бадеии Театри давлатии драмавии шаҳри Владикавказ ва солҳои 1994 — 1998 дар мансаби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ — Алания кор кард.

Бахшида ба 65-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизми Германия 8 майи соли 2000 дар шаҳри Владикавказ консерти ботантана доир гардид. Роҳбарии ин чорабинии фарҳангӣ бар уҳдаи роҳбари бадеии театр Бимбулат Ватаев буд. Субҳи 9 майи соли 2000 аҳволаш бад шуда, аз дарди дил шикоят кард. Мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват карданд, аммо дорую дармон дигар фоида набахшид. Дар Рӯзи Ғалаба ва дар синни 61 Рустам — Бимбулат Ватаеви номдору номвар вафот кард.

Оромгоҳи ин актёри бузург, дар гулгашти ифтихории шахсони обрӯманд ва машҳури осетин — Боғи Ғалабаи шаҳри Владикавказ воқеъ аст. Вале дар Тоҷикистон ӯ дар қалби мардум ҷой дорад ва офаридаҳояш дар экранҳои кинои тоҷик ҷовидонанд.

Ноябрь 21, 2019 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд 39 нафар ғолиби Озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2022» гардид
6 феврал «Амонатбонк», Хадамоти иҷро, Маркази миллии тестӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имсол дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ рассомон ва дизайнерон иштирок мекунанд
««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шоҳҷоиза барои ғолибон дар ҳар гурӯҳи ин озмуни ҷумҳуриявӣ 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст
Пагоҳ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт», КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Беппуи Ҷопон фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ карданд
Дар озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» иштирок менамоем
«ТАВАҶҶУҲИ ҲАКАМОН» БА «ДОВ». Филми Тоҷикистон дар Кинофестивали байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардид
Соли 2022 беш аз 138 ҳазор нафар сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан карданд
АРҶ МЕГУЗОРЕМ. Дар Бохтар Осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода таъсис меёбад
«КУРУШИ КАБИР»-ЛОИҲАИ НАВИ БАЛЕТ. Ба наздикӣ он дар Душанбе рӯнамоӣ мегардад
Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои ба номинаи объектҳои мадании ЮНЕСКО ворид шудани Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» пешниҳод намуд