ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, чоршанбе, 310-умин рӯзи соли 2019 аст
6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул ва Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
***
5 сол пеш, 6 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 интихоботи навбатии президентӣ баргузор гардид.
6 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Тотористон – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
6 ноябри соли 1999 интихоботи навбатӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм ба ин мақом интихоб гардиданд.
***
6 ноябри соли 1946 дар Британияи Кабир Хадамоти давлатии тандурустӣ таъсис дода шудааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1970 Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Италия муносибати дипломатӣ барқарор кардааст.
***
30 сол пеш аз ин, 6 ноябри соли 1988 6 ҳазор компютери вазорати мудофиаи ИМА- ро вирус пахш намуда буд.
***
6 ноябри соли 1988 дар Чин заминҷунбии шадиди 7,6-балла ба амал омад, ки дар натиҷаи он қариб 1000 нафар ҳалок шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
***
Соли 1869 дар Ню-Ҷерси (ИМА) аввалин мусобиқаи футболи америкоиҳо баргузор гардид.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад