Кумитаи рушди сайёҳӣ тавсия медиҳад, ки аз ташкили саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин худдорӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 24.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳии мамлакат даъват намудааст, ки бо назардошти дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хурӯҷ кардани бемории коронавирус, то муътадил гардидани вазъ аз ташкили саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин худдорӣ намоянд.
Тавре дар мактубҳои Вазорат ва Кумитаи болозикр дарҷ шудааст, дар як зумра музофотҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин хурӯҷи бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон ҳодисаҳои паҳншавии вируси мазкур дар Кореяи Ҷанубӣ, Япония ва Таиланд ба мушоҳида мерасанд.
Ёдовар мешавем, ки навъи нави коронавирус дар Чин паҳн шуда, 259 нафари дигар ҳамчун паҳнкунандаи ин вирус ташхис шудаанд ва ҳашт нафар фавтидаанд.
Тибқи иттилои CCTV, давоми рӯзи гузашта 27 вилоят (ноҳияҳо, шаҳрҳо) аз 259 ҳолати тасдиқшудаи навъи нави коронавирус ва фавтидани ҳашт нафар хабар доданд. Дар 19 воҳиди маъмурию ҳудудии Чин 680 ҳолати эҳтимолии сирояти инсон аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд






