Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар конференсияи ғайринавбатии якҷояи минтақавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ванҷ № 40 (ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон бо фарогирии ҷамоатҳои деҳоти Ваҳдат, ба номи Мирзоҷон Ширинҷонов, Ғарибшо Шаҳбозов, Сучон, Навобод ва Вер) номзадии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Ҷонибеки Ғозибек хабар дод, дар кори конференсия узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, раиси ҳавзаи интихоботии Ванҷ №40 Ёдгор Шеров, вакилон аз навоҳии Ванҷ, Рӯшон, Дарвоз ва Шуғнон иштирок доштанд.
Дар конференсияи ғайринавбатӣ раёсат, котибот, комиссияи мандатӣ, комиссияи ҳисоби овозҳо ва реҷаи баргузории кори конференсия интихоб шуда, масъалаи пешбарӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ванҷ №40 ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шуда, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст. Номбурда дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла солҳои 1990-1996 ҷонишини сардори идораи хоҷагии қишлоқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1996-1999 — Раиси ноҳияи Ванҷ, 1999-2005 — муовини аввали Раиси ВМКБ, 2005-2006 — муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006-2013 — Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 2013-2017 — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намудааст.
Соли 2004 бо Ордени «Дӯстии халқҳо» сарфароз гардонида шудааст.
Аз феврали соли 2017 то ҳоло дар вазифаи Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон кор мекунад.










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






