Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул

Февраль 26, 2020 15:34

ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Панҷ корхонаи ресандагии ватанӣ -«Ваҳдат», «Ресандаи Қурғонтеппа», «Спитамен Текстайлз», «Файзи Истиқлол» ва «ХИМА Текстил» риштаи пахтагини  Тоҷикистонро маротибаи нуҳум аст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул, ки аз 27 то 29 феврали соли 2020 дар пойтахти тиҷории Туркия баргузор мегардад, ба доираи васеи харидорони байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 нафар боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байналмилалии риштаро муайян мекунанд, гирд меорад. Дар он, ки ҳамчун «қалби саноати ришта дар АвруОсиё» шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷию дӯзандагӣ ва маҳсулоти нассоҷиро ба маърази намоиш мегузоранд. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ, махсусан ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд.

Аъзои ҳайати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад.

Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқҷон Рустамӣ мегӯяд, ки «намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои ресандагии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд».

 Боздид аз Намоишгоҳи Истанбул дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Ин ибтикор дар ҳамкории наздик бо лоиҳаи «Ба сӯи рушди фарогири деҳот ва суботи иқтисодӣ» амалӣ мешавад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин сафар намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва ширкатҳои маҳаллии консалтингии ҳамкори Маркази тиҷорати байналмилалӣ – «ACT Development Group» ва «Business Consulting Group» роҳбаладӣ мекунанд.

Иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ имконияти хуберо барои ширкатҳои ҳамкор фароҳам меорад, то тавассути дарёфти тамосҳои нави тиҷоратӣ ва маълумот доир ба таҷҳизоти замонавӣ ва талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ дар бозорҳои беруна рақобатпазиртар гарданд.

Февраль 26, 2020 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Корея робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад
Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд