Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад

Сентябрь 16, 2026 10:42

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои амалисозии лоиҳаи таъсиси занҷираи муттаҳидаи арзиши волфрам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи намунаи «аз истихроҷ то истеҳсол» (Mine‑to‑Manufacturing), ки бар захираҳои конҳои кишвар асос меёбад, дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо роҳбарияти ширкати SK Specialty-и Ҷумҳурии Корея дар Сеул баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ширкати мазкур яке аз таъминкунандагони пешсафи хокаи волфрам барои соҳаҳои баландтехнологӣ, аз ҷумла саноати нимноқилҳо ва истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ мебошад.

Лоиҳа таъсиси ширкати махсуси лоиҳавӣ (SPC) ва ташкили давраи пурраи истеҳсолиро аз истихроҷ ва истеҳсоли консентрат то истеҳсоли аммоний‑параволфрамат (APT), оксиди волфрам, хокаи волфрам ва хокаи карбиди волфрам дар назар дорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо модели марҳилавии рушди лоиҳа, аз ҷумла таъсиси маркази мутамаркази коркард ва истеҳсол дар асоси яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва пайвастани минбаъдаи конҳои иловагии волфрамро мувофиқи принсипи «hub‑and‑spoke» баррасӣ намуданд.

Татбиқи ин лоиҳа ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои асосӣ дар соҳаи истеҳсол ва коркарди амиқи волфрам ва дигар минералҳои муҳими критикӣ дар Осиёи Марказӣ равона шудааст.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иброз дошт, ки лоиҳа барои рушди саноатии кишвар аҳамияти стратегӣ дошта, замина барои ташаккули истеҳсолоти баландтехнологии содиротӣ, эҷоди ҷойи нави кор, интиқоли технологияҳои муосир ва тайёр кардани мутахассисони миллӣ дар соҳаҳои кӯҳкорӣ ва металлургия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Роҳбарияти SK Specialty ба идомаи тақвияти ҳамкорӣ ва иштироки ширкат ҳамчун шарики саноатии стратегӣ ва истеъмолкунандаи маҳсулоти маҷмааи оянда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд.

Дар анҷом ҷонибҳо оид ба идомаи кори муштарак барои таҳияи муфассали лоиҳа, аз ҷумла нишондиҳандаҳои техникӣ‑иқтисодӣ, сохтори сармоягузорӣ ва ҷадвали татбиқ бо назардошти риояи меъёрҳои байналмилалии ESG ва принсипҳои иқтисоди «сабз» ба мувофиқа расиданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2026 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Корея робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро тақвият медиҳанд
Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад
Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд