Кормандони ВКД Тоҷикистон ҳаҷми калони метамфетаминро боздошт карданд

Февраль 28, 2020 09:58

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии  Вазорати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи ҷинояткоронеро, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул буданд, дастгир намуданд. Тавре сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ, Нусратулло Маҳмудзода  ба АМИТ» Ховар» хабар дод, дар Душанбе се шаҳрванди Афғонистон  боздошт шуда, аз онҳо  шаш халтаи полиэтилении дорои маводи мухаддири метамфетамин бо вазни зиёда  аз 10 кило мусодира гардид.

Мутобиқи маълумоти ВКД,  маводи мусодирашудаи  мухаддир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар панҷ соли охир  ҳаҷман бузургтарин мебошад. Нисбат ба боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Бояд зикр  намуд, ки далелҳои истеҳсоли моддаҳои психотропӣ  дар ҷумҳурӣ  ба қайд гирифта нашудаанд. Воқеият нишон медиҳад, ки асосан ин гуна мавод   аз хориҷи мамлакат, аз давлатҳои назди Балтика ва Туркия ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд.

Ҳамасола (дар 4 соли охир) дар Тоҷикистон 10-15 ҳазор нусха моддаҳои нави психотропӣ мусодира мегарданд. Соли 2018 — 15 880 ва соли 2019  7405  адад чунин ҳабҳо мусодира карда шуданд.

Бори нахуст дар Тоҷикистон  моддаҳои мухаддири мадҳушкунанда  соли 2006 дар шакли 1 воҳид  мусодира гардиданд. Баъдан, ин гуна ҳабҳо  низ мусодира мешуданд, вале онҳо барои истифодаи якдафъаина пешбинӣ шуда буданд.  Дар панҷ соли охир дарёфт ва мусодира кардани маводи нашъаовар    хусусияти доимӣ  касб намудааст, ки ин боиси нигаронист.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  синтез, фурӯш  ва ҳатто интиқоли маводи мухадирро манъ намудааст- ин  дар аксари давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла  дар Тоҷикистон низ ҷиноят мебошад.

Ба гуфтаи  коршиносон, бо вуҷуди он ки мусодираи моддаҳои психотропӣ дар қиёс ба соли 2018 кам гаштааст, аз соли 2012 то ба имрӯз  тамоюли афзоиши моддаҳои психотропӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.

Маълумотномаи АМИТ « Ховар»:

Метамфетамин (кӯтоҳкардашуда аз  N-метил –алфа метилфенилэтиламин)– маводи сафеди булӯрӣ  мебошад. Метамфетамин  ангезандаи мадҳушкунанда буда, боиси вобастагӣ мегардад, аз ин рӯ он ба гурӯҳи  маводи мухаддир мансуб дониста мешавад. Дар Ғарб  онро ба таври маҳдуд  дар тиб истифода менамоянд.

Февраль 28, 2020 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд