Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузор намудани тендер қарор ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Протоколи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 1 феврали соли 2020 дар бораи комиссияи тендерии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли равон тасдиқ гардид.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳамкорӣ бо фармоишгари иншооти сохтмони «Боғи Истиқлол» бо майдони «Истиқлол ва Озодӣ» (марҳилаи дуюм) Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, эълон ва баргузории тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон, бо маҳдуд намудани муҳлати он то 15 (понздаҳ) рӯз таъмин менамояд ва аз натиҷаи он ба мақоми ваколатдор тибқи тартиб ҳисобот пешниҳод карда мешавад.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






