МУТАХАЛЛИС БА «ДОНИШ» ВА МУЛАҚҚАБ БА «КАЛЛА». Дар шаҳри Тошканд девони Аҳмади Дониш дарёфт шуд

Февраль 20, 2020 14:02

ДУШАНБЕ, 20.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи илмҳои Ӯзбекистон девони ашъори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш дарёфт гардид. Дар ин бора Файзхоҷа Маҳмудов, муҳаққиқи бахши дастнависҳои нодири Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, зимни матлабе дар сомонаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» иттилоъ додааст, менависад  хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тавре Файзхоҷа Маҳмудов дар мақолаи худ  зикр намудааст, то ҳол аз осори Аҳмад Махдуми Дониш китобҳои насрӣ, амсоли «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таъовун», «Шарҳи ҳоли амирони Бухорои шариф», «Номус-ул-аъзам», «Меъёр-ут-тадайюн», дар улуми табиӣ  — «Зийҷи Аҳмади Дониш» ва «Манозир-ул-кавокиб» маълум буданд. Акнун  намунаҳои осори назмии ӯ низ ба даст омадааст.

Файзхоҷа Маҳмудов, ки   масъулияти қироати матнҳои душворхони форсию арабиро бар дӯш дорад,  ҳамчунин илова намудааст, ки  ашъори Аҳмади Дониш дар ҷараёни тартиб додани Феҳристи нави дастнависҳои шарқи Академияи  илмҳои  Ӯзбекистон пайдо шудааст. Бино ба қавли ӯ, дар феҳристи қаблии дастнависҳои Академияи илмҳои Ӯбекистон, ки  бо номи «Феҳристи академик Семёнов» маъруф аст ва тахминан 40 сол муқаддам   мураттаб шудааст, ашъори Аҳмади Дониш ворид  нагардидааст.

«Хушбахтона, рӯзе дар миёни анбӯҳи нусхаҳо чашмам ба ин дастхати девони Аҳмади Дониш, ки воқеан ҳам дар миёни як ҷилди се асар доштаи як дастнависи қарни XIX пинҳон шуда буд, афтод. Пас аз баррасиҳои ҳамаҷониба бо коршиносон ин девонро ба Феҳристи нав чун асари алоҳида ворид кардем, ки мухтасаран аз мушаххасоти зерин иборат аст: забон – тоҷикии форсӣ, муаллиф – Аҳмад махдум бин ан-Носир ас-Сиддиқӣ, мутахаллис ба Дониш ва мулаққаб ба Калла», — менависад Файзхоҷа Маҳмудов.

Тибқи  навиштаи ӯ, девони Аҳмади Дониш аз 60 варақ иборат буда, моҳи октябри соли 1880 дар Бухорои Шариф аз сӯи котибе ба номи Абдулҳафиз бо хати настаълиқи Бухорову коғази дастсохти Хӯқанд китобат шудааст ва ашъор аз ғазалҳо, қасидаи муноҷот бо санъати ширу шакар, мухаммасҳои худи муаллиф бар ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз, Бедил, Имлои Бухороӣ, Ҷомӣ, Носир иборатанд.

«Дар истинсохи нусха, мутаассифона, котиб ба баъзе хатову иштибоҳоти имловӣ ва арӯзӣ роҳ додааст, вожаҳоеро низ нохудогоҳ сарфи назар кардааст, ки ин ҳама ҷузъӣ буда, бар асолат ва арзиши умумии дастнавис осебе намерасонад», — навиштааст Файзхоҷа Маҳмудов.

Муҳаққиқ бар ин назар аст, ки дарёфти девони ашъори Аҳмади Дониш бар овозаву шоеаҳое, ки гӯё ӯ шеър наменавишта ва девоне ҳам надоштааст, нуқта мегузорад ва дарҳои нави таҳқиқотро бар мабнои осори назмии Аҳмад Махдум ба рӯйи муҳаққиқин боз хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Аҳмад Маҳдуми Дониш (1827—1897) яке аз адибон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир зода шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили мадраса ба Бухоро омада ва дар ҳамин ҷо хонадор шудааст.

Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш гирифта, тахминан солҳои 1842 — 1843 ба мадраса дохил мешавад. Бино ба қавли сарчашмаҳои адабию таърихӣ,  аз синни хурдсолӣ ба шоирӣрассомӣ, наққошӣ ва хаттотӣ шавқу ҳаваси калон доштааст.

Аҳмади Дониш тахминан соли 1855 ба дарбори амир Насрулло роҳ меёбад ва меъмору муҳандиси дарбор таъин мегардад. Соли 1857 Аҳмади Дониш дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба Петербург меравад. Соли 1869, баъди  забт шудани Осиёи миёна аз тарафи Россия маротибаи дуюм  ба Петербург сафар мекунад.  Ӯ дар ин сафараш тараққиёти  Россия ва омилҳои онро  нағз меомӯзад. Орзуи Дониш ин буд, ки Бухорои феодалӣ низ кишваре пешрафта гардад. Аз таассуроти худ аз ин сафарҳо солҳои 1875 — 1882 асари машҳури худ «Наводирулвақоеъ»-ро  навиштааст. Дониш зимни навиштаҳояш алайҳи хурофот ва ифротгароӣ садо баланд карда, ақоиди куҳнаи «тақдиру пешонӣ»-ро мазаммат намудааст ва мардумро ба он талқин кардааст, ки  фирефтаи ҳар гуна ривояту афсона  нашуда, илмҳои дақиқ ва табиатшиносиро хуб азбар намоянд, касбу ҳунар омӯзанд  ва барои саодату пешрафти худ ва аҳли оилаи худ  кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Аҳмади Дониш дар синни 70-солагӣ  дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

АКС аз саҳифаи National Library of Uzbekistan дар Facebook.

Февраль 20, 2020 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

22 СЕНТЯБР-РӮЗИ РӮДАКӢ. Маликушшуаро бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷик асос гузошт
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тармими созҳои миллии мусиқӣ озмоишгоҳи омӯзишӣ таъсис дода шуд
Камол Насрулло: «Одамушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ мазҳари ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик мебошад»
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва маҳфили шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» ҷамъбаст гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Устод Рӯдакӣ падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён мебошад
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инкишофи он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим аст
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Чанд сухан атрофи ишқи Ватан дар осори Одамушшуаро ва маҷрои бардавоми «Ҷӯи мӯлиён»
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таъминоти меъёрию техникии лоиҳаҳои дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ амалишаванда баргузор шуд
«РӮДАКӢ, ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад
«МАСНАВИХОНӢ». Дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд
9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд