Дар Душанбе ва Суғд корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд

Июнь 9, 2020 13:37

ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  8 июн гурӯҳи безараргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, иборат аз 15 нафар бо 3 мошин, 10 дастгоҳи дорупошаки дастӣ ва 3 дорупошаки муҳаррикдор ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар  шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятӣ, гурӯҳи безараргардонии Раёсати шаҳри Душанбе дар кӯчаи А.Дониш хонаҳои №12, 12/1, 14, 14/1, 16, 16/1, 18, 20/1, 20/2, 20/3, 20/4, 20/5, 20/6 ва кӯчаҳои С.Шарипов 1, 1а, 2, 4, 4/1, 5, 11, 12, 13, 14, 15 бо истифода аз маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузарониданд. Дар маҷмӯъ рӯзи гузашта барои безараргардонӣ дар кӯчаҳои зикршуда 10 000 литр маҳлули гипохлориди натрий истифода карда шуд.

Бо вуҷуди эълони он ки пастшавии сироят аз COVID-19 ба мушоҳида расида, ҳолатҳои мубталошавии шаҳрвандон кам мешавад,  вале Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳушдор медиҳад, ки набояд хотирҷамъ буд.

Қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддан бояд риоя шаванд. Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно бо поккориҳо дар кӯчаву хиёбон, биноҳои истиқоматии шаҳрвандон, идораву муассисаҳо идома медиҳад ва ҳамарӯза даҳҳо тонна маводҳои кимиёвиро сарфи мубориза бо COVID-19 мекунад.

Дар вилояти Суғд низ ҳамарӯза бо дастгирии​ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят ва бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд​ баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19  дар ҳавлию хонаҳои баландошёна корҳои поксозӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар як рӯз аз ҷониби кормандон беш аз 20 адад хонаҳои баландошёна тамизкорӣ мегарданд. Аз 1 то 7-уми июн аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат 594 даромадгоҳи 124 бинои истиқоматии баландошёнаи маҳаллаҳои 33, 34, 20, 18, 8, 12;  124  ҳавлиҳои истиқоматӣ  дар маҳаллаҳои Ҳабитат, А.Фирдавсӣ, Ҳ.Карим ва Танбурӣ  поккорӣ шуданд.

Дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мазкур инчунин аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Раёсат бо раисони маҳаллаҳо, шахсони масъул корҳои тарғиботӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи маводҳои антисептикӣ, ҳар чӣ бештар шустани дастон бо собун, истифодаи бандинаҳои тиббӣ, кам кардани гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ба тавсияҳои Кумита, Вазорати тандурустӣ​ амал намудан, ҳаёти худ ва наздикони худро эҳтиёт намудан, бо риояи фосила ва дигар қоидаҳои бехатарӣ ва ғайра суҳбатҳо гузаронида мешаванд.

Корҳои безараргардонӣ ва тарғиботӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

Июнь 9, 2020 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд