Дар Ӯзбекистон 25 нафар аъзои СБТ «Тавхид ва жиход катибаси» дастгир шуданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимни амалиёти фаврии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон 25 узви созмони террористии байналмилалӣ (СТБ) «Тавхид ва жиход катибаси» (ТЖК)*, ки дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд махфиёна амал мекарданд, дастгир гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои мавҷуда, ин афрод зери таъсири як шаҳрванди Ӯзбекистон ва ҳаммаслакони ӯ, ки дар сафи СТБ ТЖК дар Сурия фаъолият мекунанд, қарор гирифта, ният доштанд, ки ба Ҷумҳурии Арабии Сурия ҷиҳати анҷом додани «ҳиҷрат» ва «ҷиҳод» сафар кунанд.
Миёни онҳо се нафар қаблан барои ҷиноёти марбут ба терроризм ва ифротгароӣ муҷозот шуда буданд.
Зимни кофтукови 25 суроға дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд дар ҷойҳои зисти шахсони дастгиршуда далелҳои шайъӣ ёфт гардида, тибқи талаботи қонунӣ ба расмият дароварда шудаанд. Оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома доранд.
Созмони террористии байналмилали «Тавхид ва жиход катибаси»* ба рӯйхати созмонҳое, ки фаъолияташон дар Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар мамнӯъ аст, шомил мебошад.
______________________
* «Тавхид ва жиход катибаси» («Тавҳид ва Ҷиҳод») — созмони байналмилалии террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Узбекистон ва Россия.








Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд






