«Вақте ки кӯдак механдад…», «Бо чашми хирад дид бояд ҷаҳон»: шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ҳафтаи равон
ДУШАНБЕ, 05.06.2020/АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон ва Тоҷикистон ҳафтаи равон дар саҳифаҳои матбуоти даврии Тоҷикистон бозтоб гардидаанд.
«Ҷумҳурият» -нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 103 (23 958), сешанбе, 2 июни соли 2020 таҳти унвони «Вақте ки кӯдак механдад…» андешаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозодаро, ки ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон — 1 июн бахшида шудааст, мунташир намудааст. Мавсуф нигоштааст: «Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст».
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар Тоҷикистон бештар аз 30 дарсади аҳолиро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо таҳти ғамхории давлат қарор доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин зикр намуда буданд: «Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад». Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода нигоштааст, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Давлат нисбат ба ҳаёти кӯдакони ятим, маъюб ва бепарастор бетафовут набуда, ғамхорӣ ва дастгирии онҳоро аз вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 5277 ятими кулл ва 74 ҳазор ятим зери сарпарастии давлат қарор доранд. Ҳуқуқҳои онҳо ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, меҳнат, манзил ва дигарҳо аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд. Агар ба соли таҳсили 2019 — 2020 назар андозем, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 1718 кӯдаки ятим, 39321 кӯдаки нимятим ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2461 нафар дар мактаб – интернатҳо мехонанд. Дар ҷумҳурӣ барои дастгирии иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва солимгардонӣ, таҳсилоти кӯдакони маъюб ва барои онҳо муҳайё намудани муҳити дастрас барномаҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд. Дар раванди ин тадбирҳо ҷумҳурӣ Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонда, ҷиҳати ба тасвибрасонӣ ва амалӣ гардондани он Нақшаи миллии амалҳо роҳандозӣ шудааст. Имрӯз масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак дар робита ба Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ мегарданд»,- чунин омадааст дар мақолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода.
Хонандагони нашрияи расмии Ҳукумати мамлакат ҳамчунин имкон доранд дар ин шумораи «Ҷумҳурият» мақолаи академик Кароматулло Олимовро, ки таҳти унвони «Ба чашми хирад дид бояд ҷаҳон» чоп гардидааст, мутолиа намоянд. Мақолаи академик ба солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки соли равон 23 сол сипарӣ мегардад, бахшида шудааст. Академик навиштааст, ки «расидан ба ваҳдати миллӣ далели равшани натиҷаҳои мусбати ақлгароӣ ва таҳаммул дар Тоҷикистони муосир таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мисоли пирӯзии сиёсати ратсионалистӣ дар ҳалли муаммоҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад». Инчунин дар мақолаи академик Кароматулло Олимов омадааст, ки «бояд мардона эътироф кард, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, аз парокандагӣ наҷот додани миллат, тақсимшавии мамлакат ва нобудии давлат, бартараф кардани харобиҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ободии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе, дарки стратегии проблемаҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ бузург аст».
Ҳамзамон «Ҷумҳурият» атрофи мавзӯъҳои мубрам, амсоли мубориза бо бемории сироятии «COVID-19», бунёди ташхисгоҳи нави вирусологӣ дар марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Хатлон –шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар, истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ, содироти беш аз 100 тонна олу аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин доир ба рӯйдоҳои ҳаёти сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон хабару гузоришҳо мунташир намудааст.
Хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд аз саҳифаи чоруми ин нашрияи расмӣ ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун»-ро, ки аз ҷониби директори генералии ҶСК «НБО Роғун» Хайрулло Сафарзода дар маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон барои соли 2019 садо додааст, мутолиа намоянд.
«Садои мардум»- нашрияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи нашри хабару мақолаҳо оид ба фаъолияти Маҷлиси Олӣ, инчунин мақолаҳои вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакатро таҳти унвони «Чун бақо мумкин бувад…», «Рустам Латифзода: «Иқдомҳои Пешвои миллатро дастгирӣ менамоем», «Иродаи қавӣ ва рӯҳияи хастанопазир», «Роҳи асосии барҳам задани коронавирус кадом аст?» «Ташаббусҳо пайваста роҳандозӣ мегарданд», ки атрофи иқдомҳои Ҳукумат ва роҳбарияти олии мамлакат дар самти мубориза бо бемории сироятии COVID-19 навишта шудаанд, нашр гардидаанд. Ҳамзамон хонандагони нашрияи парлумонии «Садои мардум» имкон доранд мақолаи адиб Сипеҳр Абдуллои Ҳасанзодро, ки «Ашъоре бо бӯи нони гарм» ном гирифтааст ва ба ҳаёту эҷодиёти шоири ваҳдатсаро Ҷумъа Қувват бахшида шудааст, мутолиа намоянд. Адиб Сипеҳр Ҳасанзод нигоштааст, ки «Ҷумъа Қувват ба маънии тамом шоири ваҳдатоину ватандорест. Ӯ ба ҳар пора замин ва дору дарахти диёр муҳаббат баставу резасангу зарраи хокашро аз лаълу ёқуту хирвор, кӯшку аҳромҳои мулки бегона бартар мешуморад. Дастовардҳои мардуми шарифро нодида нагирифта, ворисонашро ба пойдории давлат талқин менамояд. Аз ин ҷост, ки дар шеъри «Ваҳдати тоҷикон» менигорад: ҳини ташаккули давлати миллӣ фаро расидаву моро мебояд дар раҳаш ҷонсупор бошем. О ваҳ, пурдард мегӯяд, ки дар ҳимояти Ватан як пероҳан ба бар бикунему бар дифояш то охир содиқ бимонем, агар не, ба ҷояш кафан бипӯшем. Ин беҳтарин ватания барои ҷавонон маҳсуб меёбад. Аксар шеърҳои ба мавзӯи ваҳдат бахшидаи ӯ аз ҷониби устодони санъати тоҷик Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Мурод, Нигина Рауфова, Миралӣ Достиев, Ҳаётой Муминова, Луҳира Муминова ва чанде дигар дар оҳангҳои марғуб сароида шудаанд. Ин далели он аст, ки кайҳо боз ҳамчун шоири халқ эътироф гашта, ҷойгоҳи муносиб пайдо кардааст. Вале ҳанӯз аз комгории эҷодӣ қаноатманд набуда, паи таълифи ашъори тоза хома меронад». Инчунин адиб бо дахли ашъори шоир гуфтааст, ки «ашъори шоир дар ҳама ҳолат ҷанбаи миллӣ касб намуда, мутолиагарро ба дӯст доштани ҳар пора хоки Ватан, пос доштани азизони дил, нобиғаҳои адабиёт даъват мекунад. Шеъри «Ёди садри шоирон ояд ҳаме», бемуболиға, ин нуктаро матраҳ месозад. Тарзи гӯйишу тасвири лаҳазоти таърихӣ дар мисраъҳои равону гӯшнавози Ҷумъа Қувват сатр ба сатр оҳанги мутантан пайдо мекунад. «Осмонӣ буд суруди Рӯдакӣ, Ғулғулаш аз осмон ояд ҳаме» аз истеъдоди фитрӣ доштани шоири бедордил башорат медиҳад. Ҳамакнун шоири тавонманд аз фарзандони фарзонаи миллат ёд меоварад. Ӯ дар бедорӣ ва ташаккули миллати тоҷик нақши устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсумро густарда мешуморад».
«Ҷавонмардиву лутф аст одамият», чунин ном гирифтааст мақолаи Диловари Мирзо, ки он ҳам дар нашрияи парлумонӣ чоп шудааст. Муаллиф андешаҳояшро дар бораи марди саховатманду ободкор, сокини 80-солаи ноҳияи Рашт Муҳиб Бобоҷонов, ки бо фарзандонаш дар ободонии ҷумҳурӣ ва кумак расонидан ба оилаҳои камбизоат саҳм гузошта, аз сӯи Пешвои миллат тавсиф гардидааст, баён намудааст. Муҳиб Бобоҷонов соли гузашта ҳамроҳи фарзандонаш 42 километр ва имсол 16 километр роҳро навсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд. Муаллиф менигорад, ки «Муҳиб Бобоҷонов 14 майи соли равон ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт 200 ҳазор сомонӣ ҳадя кард. Баъдтар аз ҷониби ин соҳибкори ватандӯст як миллион сомонӣ барои пешгирии бемории коронавирус тақдим гардид. Фарзандонаш, ки дар Федератсияи Россия ба тиҷорат машғул мебошанд, барои муҳоҷирон беш аз се миллион рубли русӣ ҷудо намуданд».
«Народная газета»-нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 23 (20253), 3 июни соли 2020 доир ба сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабару гузоришҳои расмӣ интишор намудааст. Инчунин рӯзномаи расмии русизабони Тоҷикистон роҷеъ ба мавзӯъҳои муҳими ҷомеа, аз қабили мубориза бо бемории сироятии COVID-19 мақолаҳои олимону пажуҳишгарони марказҳои илмию тадқиқотии кишварро таҳти унвони «Таджикистан: технология распространения паники и слухов в контексте «COVID-19», «За сумерками обязательно следует рассвет…», «Влияние пандемии COVID-19 на мировую экономику», «Лето против коронавируса?», «COVID-19: война без границ» чоп кардааст. Хонандагони «Народная газета» имкон доранд дар ин шумора мақолаи рӯзноманигори варзидаи нашрияи расмии русизабон «НГ» Акмал Манноновро, ки таҳти унвони «Молодежь- будущее нации и государства» нашр гардидааст, мутолиа намоянд.
«Минбари халқ»- нашрияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 23 (1264), чоршанбе 3 июни соли 2020 дар баробари нашри хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ, инчунин роҷеъ ба сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарҳои расмӣ чоп намудааст. Инчунин дар шумораи нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» мақолаҳо бо номи «Илм асоси пешрафти ҷомеа», «Давлат ҳомии кӯдакон», «Стратегияи Ғафуров», «Ҳифзи табиат ба манфиати мост» ва дигар хабару гузоришҳо аз фаъолияти ҲХДТ пешкаши хонандагони рӯзномаи ҳизбӣ гардидааст.
«ХАТЛОН: Бунёду навсозии 7645 иншоот ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ»- чунин ном гирифтааст гузориши расмӣ аз сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ки дар саҳифаи аввали «Мароми пойтахт»- нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар шумораи 21(610), чоршанбе, 3 июни соли 2020 нашр шудааст.
Нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар баробари чопи хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизб дар пойтахт, инчунин мақолаҳоро таҳти унвони «8 ПЕШНИҲОД оид ба истифодаи дурусти фарҳанги ИНТЕРНЕТ», «Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст…», «Кумаки вакил ба 30 нафар ниёзманд», «Лабханди кӯдакон илҳомбахши зиндагӣ»-ро интишор намудааст. Хонандагони «Мароми пойтахт» ҳамзамон имкон доранд, ки аз ин шумораи нашрияи ҳизбии пойтахт хабарҳои ҷолибро, ки дар як сатр ҷой дода шудаанд, назири «Дашти Ҷум ягона мавзеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо ин ном аз замони шоҳ Ҷамшед боқӣ мондааст», «Албания ягона давлат дар Аврупо мебошад, ки 70% аҳолии он мусулмонанд», «Давлати Сомониён бо ду баҳр- Хазар ва Арал пайваст буд», «Чуқуртарин ғор дар ҷаҳон бо номи Крубера –Вороня (2080 метр) дар Абхозистон мебошад», «Фиҷи ҳам номи давлат ва ҳам номи баҳр аст, ки ҳар ду дар уқёнуси Ором ҷойгиранд», «Дар шаҳраки Ливермори иёлоти Калифорния 113 сол аст, ки фурӯзонаке шӯълавар мебошад», мутолиа намоянд.