Дар Душанбе низоми муосири назорат ва ҳисоби нерўи барқ ҷорӣ мегардад

Июль 18, 2020 12:22

ДУШАНБЕ, 18.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе низоми муосири назорат ва ҳисоби нерўи барқ ҷорӣ мегардад. Ин ва дигар масъалаҳои ба он марбут, аз ҷумла ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки 15 июл доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар иҷлосияи мазкур Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори нигаронӣ намуданд, ки қатъ гардидани нерӯи барқ дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои  шаҳр сабаби муроҷиати зиёди сокинони пойтахт ба мақомот гардидааст.

Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2020 198 муроҷиат дар ин хусус ба қисми навбатдории мақомот ворид шудаааст, ки аз бэътиноии масъулини соҳа дарак медиҳад.

Раиси шаҳр масъулин ва сохторҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки фаъолияти мунтазам ва омодагии дастгоҳу таҷҳизотҳои барқӣ, трансформаторҳои зеристгоҳҳои барқӣ, нуқтаҳои трасформаторӣ, сарфакорона истифода бурдани энергияи барқ, пешгирии талафот,  ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи он аз ҷониби муштариён, ҷамъоварии пардохти саривақтӣ, коҳиш додани қарзҳои истифодаи неруи барқ, иваз намудани таҷҳизотҳои куҳнаю фарсудаи барқӣ ба таҷҳизоти нави муосирро таъмин намуда, корҳои татбиқи низоми биллингии назорат ва баҳисобгирии неруи барқро вусъат бахшанд. Ҳамзамон, бобати пешгирии қатъшавии энергияи барқ ва таъмини мунтазами он дар фасли зимистон корҳои профилактикӣ ва таъмири ҷории таҷҳизотҳоро ба роҳ монда, ҷиҳати давра ба давра насб намудани ҳисобкунакҳои нави электронии муосир тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Июль 18, 2020 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид