Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои табобати бемории коронавирус курсҳои омӯзишӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини Донишгоҳ бо дарки масъулият ҷиҳати пешгирии паҳншавии сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 дар донишгоҳ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби онҳо курсҳои кутоҳмуддат оид ба ташхис ва табобати беморони гирифтори коронавирус ташкил гардид, ки дар он дар маҷмӯъ 142 нафар табибон иштирок намуданд.
Номбурда афзуд, ки аз 27 майи то 4 июни соли 2020 донишгоҳ курсҳои кутоҳмуддат барои 35 нафар табибони муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва 37 нафар нафар табибони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ гузаронид. Барои ноҳияҳои минтақаи Рашт (ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод), шаҳри Роғун ва ВМКБ курси кутоҳмуддати омӯзишӣ тариқи онлайн аз 10 то 12 июни соли равон доир шуданд. Дар курси омӯзишӣ тариқи онлайн аз ноҳияҳои минтақаи Рашт 51 нафар ва аз ВМКБ 19 тан табибон иштирок намуданд. Инчунин 200 нафар омӯзгорону муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ аз курсҳои омӯзишии кутоҳмуддат оид ба табобати бемории коронавируси COVID-19 гузаронида шуданд.
Ҳамагӣ 142 нафар табибони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои зикргардидаи ҷумҳурӣ ва 200 нафар омӯзгорону муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ барои пешгирӣ, ташхису табобати бемории коронавируси COVID-19 ва истифодаи либосҳою маводҳои безараргардонанда омӯзонида шуданд. Дар маҷмӯъ 342 нафар табибон омода карда шуданд ва барои ташхису табобати беморон сафарбар гардиданд.
Ҳамчунин дар нишаст зикр гардид, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ баҳри пешгирӣ кардан ва табобати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус COVID-19 бо ҷалби равоншиносон, мутахассисони самти ғизои солим, беҳдошт, сироятшиносӣ, бемориҳои дарунӣ барои ба аҳолӣ фаҳмонидани масъалаҳои вобаста ба риояи оромӣ, тартибу низом, қойидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва таркиби ғизои истеъмолшавандаву тарзи ҳаёти солим тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.








Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт






