Донишманди тоҷик Бозор Сафаралиев академики Академияи илмҳои табиии Россия интихоб шуд

Июль 18, 2020 14:15

ДУШАНБЕ, 18.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозор Сафаралиев — доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи фаъолияти иҷтимоию фарҳангии Академияи давлатии фарҳанги Челябинск, омӯзгор ва донишманди шинохтаи тоҷик узви комилҳуқуқи (академики) Академияи илмҳои табиии Россия интихоб  гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бозор Сафаралиев 5 феврали соли 1956 дар ноҳияи Ёвони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1973 мактаби миёнаи №1 ба номи М. Горкии ҳамин ноҳия ва соли 1977 Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва маърифатиро хатм кардааст.

Пас аз хатми донишгоҳ дар қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Озодии ноҳияи Ёвон ба ҳайси роҳбари бадеӣ кор кардааст.

Соли 1978 ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав дохил шуда, аз соли 1982 то 1986  чун омӯзгор дар кафедраи корҳои фарҳангӣ ва маърифатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор кардааст.

Соли 1986 ба аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав дохил шуда соли 1991 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди низоми фаъолияти фарҳангӣ ва маърифатӣ дар Тоҷикистон (1924-1941)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Г.Я. Никитина ҳимоя намуд.

Соли 1990 ба вазифаи сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангӣ ва маърифатии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.

Соли 1993 барои таҳсил ба докторантураи Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав меравад. Рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Рушди фарҳанги маънавии халқи тоҷик: ҷанбаи иҷтимоию фарҳангӣ (нимаи дуюми асри 19 — ибтидои асри 20)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Ю. А. Стрелтсов моҳи январи соли 1998 ҳимоя мекунад.

Соли 1998 директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешавад.

Солҳои 2004-2005 ҳамчун профессори кафедраи фаъолиятҳои иҷтимоию фарҳангии Донишкадаи шарқии иқтисодиёт, фанҳои гуманитарӣ, менеҷмент ва ҳуқуқ дар шаҳри Уфаи Россия кор кардааст.

Солҳои 2005-2010 ва аз соли 2015 то 2019 роҳбари шӯъбаи байналмилалии Академияи давлатии фарҳанг ва санъати Челябинск буд. Ҳамчун сарвари шӯъбаи байналмилалӣ дар таҳия ва имзои созишномаҳои дуҷониба бо донишгоҳҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ ( Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Беларус, Қазоқистон, Германия, Финляндия, Франсия, Чехия ва ғайра) фаъолона иштирок кардааст. Аз соли 2005 — профессори кафедраи фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Академияи мазкур буд.

Таҳти роҳбарии бевоситаи Б. Сафаралиев аввалин донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба академия қабул карда шудаанд.

Соли 2008 ӯ ташаббускори ҷашни байналмилалии «Наврӯз» дар Академияи давлатии фарҳанг ва санъати Челябинск буд. Ҷашни мазкур бо иштироки марказҳои миллии фарҳангии минтақа бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Б. Сафаралиев 9 монография, 3 дастури таълимӣ, зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ ва 25 нашрияи таълимӣ таҳия ва нашр кардааст. Вай ба таҳқиқоти аспирантҳо, корҳои тахассусии донишҷӯён  роҳбарӣ мекунад. Таҳти роҳбарии ӯ 3 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуданд.

Вай ҳамчун раиси Комиссияи давлатии сертификатсия барои донишҷӯёни шакли рӯзона ва ғоибонаи таҳсил дар мактабҳои олии Федератсияи Россия ва кишварҳои ИДМ фаъолона  ширкат меварзад.

Соли 1984 бо сипосномаи  Вазорати фарҳанги ИҶШС, соли 1999 — нишони  «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», соли 2004 — сипосномаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барои кори пурсамар оид ба таҳияи номгӯи самтҳои таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ, фаъолиятҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва захираҳои иттилоотӣ, сипосномаи Маҷлиси қонунгузории вилояти Челябинск (2018), сипосномаи волии (губернатори) вилояти Челябинск (2919) қадр карда шудааст.

Бозоралӣ Сафаралиев узви шӯрои доктории диссертатсионӣ аз рӯи ихтисоси илмии 13.00.05 — назария, методология ва ташкили фаъолияти иҷтимоию фарҳангии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Қазон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Моҳи июни соли 2012 узви вобастаи Академияи илмҳои табиии Россия интихоб шуд.

Бо фармони Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия аз 1 июни соли 2019, № 585 ба ӯ унвони илмии профессор дода шудааст.

Моҳи июни соли 2020 Бозор Сафаралиев  академики  Ассотсиатсияи байналмилалии олимон, муаллимон ва мутахассисони Академияи илмҳои табиии Россия интихоб гардид.

Июль 18, 2020 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус