«ХУШБАХТӢ КОМИЛ НЕСТ, АГАР ТУ ОНРО БО ДИГАРОН ТАҚСИМ НАКУНӢ». Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ

Июль 30, 2020 11:07

ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2014 инҷониб ҳамасола 30 июл Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил мешавад. Аҳамияти таҷлили  ин рӯз дар он аст, ки агар ба ин васила халқҳои сайёра риштаҳои дӯстиро қавитар гардонанд, манфиати ҳамзистии осоиштаро баландтар аз ҳадафҳои дигар гузоранд, дар якҷоягӣ метавонанд неруеро ба ҳам оранд, ки таъсиргузор ба сиёсати давлатҳову ҳукуматҳо дар ҳамзистии осоишта  бошад.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии дӯстӣ падидаест хеле муҳим ва саривақтӣ.

Дар таърихи фарҳанги ҷомеаи инсонӣ таъбири  дӯстӣ шояд аз қадимтарин мафҳумҳо бошад. Зеро инсон аз рӯзҳои нахустини мавҷудияти худ ниёз ба рафиқ, ҳамроҳ, ҳамроз, ниёз ба дӯсте дошт, ки дар ин ҷаҳони пур аз муаммову монеаҳо мутакои ӯ бошад, ӯро танҳо нагузорад. Ҳатто ҷисми инсонро  Худованд  чунон офаридааст, ки ӯро соҳиби ду дасту ду по, ду гӯшу ду чашм намудааст. Зеро ба як по ё ба як даст душвор аст коре кардану роҳе сипардан. Аз ин рӯ ҳакиме гуфтааст, ки одамон зода шудаанд, ки ба ҳамдигар бовар кунанд, чунон ки даст ба даст, по ба по, ҷоғи поён ба боло.

Ҳамин буд, ки инсоният дар оғози мавҷудияти худ дар суроғи ҳамқадаму ҳамроҳ, ҳамдилу ҳамнаво шуд. Ва ба-дин тариқ пайваста ҷомеаи инсонӣ сурат гирифт, зеро зиндагӣ дар ҷамъият дилпуртар буда, ҷомеа инсонро аз хатарҳову таҳдидҳо эмин медораду ҳимоят менамояд.

Баъд, дар тӯли таърих миллатҳое бурд кардаву зиндагии ободу зебо доштаанд, ки дар сулҳу дӯстӣ ва рафоқату дастгирии ҳамдигар зистаанд.

Ин андешаро устод Мирзо Турсунзода хеле содаву зебо чунин нигоштааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Рӯзи байналмилалии  дӯстӣ имсол ба вақте рост омад, ки дар ҷаҳон зарурати бештари ба ҳам омадани одамон барои ҳифзу наҷоти худ пеш омадааст. Ба болои низоъ ва ҷангҳои фоҷиаангези байни инсонҳо, тороҷгарӣ ва ғорату маҳвсозии ҳамдигар, нохайрхоҳиву бадбинӣ ва таҷовузҳои ваҳшиёна, терроризми байналмилалӣ, инфиҷорҳои бемаънӣ, ҳазору як мушкиле, ки вобаста ба суиистеъмоли беамони захираҳои табиат, дигаршавии иқлим ва ғайраву ғайраҳо ба вуҷуд омадааст, боз балоҳои нав ба наве шабеҳи коронавирус, ки ҳанӯз доруи шифобахши онро инсоният пайдо накардааст, таҳдид ба ҳастии инсон, ба ҳастии худи сайёраи Замин доранд.

Маҳз дар ҳамин маврид ва ҳамин рӯзгор инсоният бештар аз ҳар вақти дигар ниёз ба дӯстиву рафоқат, бародариву хайрхоҳӣ пайдо кардааст. Танҳо ягонагӣ ва ба ҳам омадани тамоми инсонҳои рӯи замин, тамоми кишварҳо, аз як гиребон сар баровардани одамизод дар сайёра метавонад инсоният ва дунёро наҷот бидиҳад. Аммо мо мебинем, ки сиёсати нодуруст, ғаразноку тамаъангези баъзе кишварҳо, баръакс, мусоидат ба боз ҳам бадтар шудани вазъияти сайёра мекунад. Ҳанӯз ин раванди хатарнок ва барои инсоният марговар идома дорад, ҳанӯз рӯйдодҳои фоҷиабори охир сабақе ба инсонҳо надодаанд. Ин шабеҳи он аст, ки инсон дидаву дониста худро ба гирдоби фано ва оташи ҷаҳаннам бизанад.

Илова ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ боз рӯзи дӯстон низ ҳар сол 9 июн ҷашн гирифта мешавад. Инсонҳои рӯи замин, инсонҳои солимфикр  дар тамоми дунё ҳамеша дӯстиро беҳтарин воситаи фароҳам овардани муҳити неку солим дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисобидаанд. Халқҳои ҷаҳон  дар ҳама замонҳо дӯстиро беҳтарин дастовард ва дороии худ меҳисобиданд. Ва худи зиндагӣ нишон медиҳад, ки дар ҷойе, ки дӯстӣ меъёри ахлоқу одоби ҷомеа аст, он ҷомеа рушду нумӯи бештару беҳтар дорад, зеро ҳавои дӯстист, ки мусоидат ба меҳру муҳаббат ва некиву хайрхоҳии одамон мекунад.

Дӯстӣ чист? Дӯстӣ, пеш аз ҳама, ахлоқ аст, ахлоқе, ки одамонро вомедорад сарфи назар аз сатҳи иҷтимоӣ ва дигар меъёрҳо хайрхоҳи ҳамдигар бошанд. Маҳз дӯстист, ки ҳавои солими муносибатҳои инсонҳоро дар сайёра таъмин мекунад. Муҳаббати дӯстӣ ба ин тариқ метавонад аз дил ба дил, аз кишвар ба кишвар, аз халқ ба халқ бигзарад ва як муҳити поки беғараз ва солими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистиро дар дунё ба вуҷуд орад.

Худатон бубинед, одамоне, ки дӯсту рафиқ надоранд, танҳову бемуттако ҳастанд. Як дӯст, дар ҳар куҷое бошад, ҳатто дар дурдасттарин нуқтаи сайёра ба шумо умед  ва бовар мебахшад, дилатонро гарм медорад.

Дар иҷрои ҳар кор,  дар ҳалли ҳар мушкили пешомада шумо, пеш аз ҳама, рӯ ба дӯстон меоред ва такя бар онҳо мекунед. Ҳатто хурсандӣ, ҷашну сур ҳамон вақт гарм эҳсос мешаванд, ки онро маҳз бо дӯстон ба ҳам бубинед.  Дар лаҳзаҳои ғаму ғурбат ва гирифториҳо аввалин касе, ки ба сарвақти шумо мерасаду дастатонро мегирад, низ дӯст аст. Аз ин рӯ, зинда бод дӯстӣ ва дӯстон! Танҳо дӯстӣ ва ягонагии инсонҳост, ки қодир аст ва метавонад сайёра ва инсониятро аз фоҷиаҳо наҷот бидиҳад.

Олимони америкоӣ мӯътақиданд, ки  дӯстони воқеӣ гарави дарозумрии инсонанд. Дӯстии солим аз назари онҳо таъсир ба тансиҳатӣ ва дарозумрии одам дорад.  Маҳз  доираи ҳарчи бузургтари дӯстон инсонро дарозумр мегардонад. Зеро олимон собит кардаанд, ки муносибатҳои ҷомеа ба дарозумрии инсон таъсири асосӣ доранд.

Олимони Амрико ба ин натиҷа бе асос нарасидаанд.  Онҳо пас аз  гузаронидани таҷрибаҳо  ба ин хулоса омаданд, ки  дӯстӣ ва дарозумрӣ байни ҳамдигар алоқаи қавӣ доранд. Маҳз алоқаҳои қавии дӯстӣ   шабакаи сироятпазирии вуҷуди инсонро қавӣ мегардонанд. Ин  хулосаро олимони номбурда дар асоси 148 таҳқиқот баровардаанд. Ин таҳқиқҳо бо мақсаде гузаронида шуданд, ки алоқаи байни муносибатҳои ҷамъиятӣ ва  фавти мардумро  маълум гардонанд. Синни иштирокчиёни таҳқиқот ба ҳисоби  миёна 64 сол буд ва ин таҷриба бо фарогирии 300 ҳазор нафар гузаронида шуд.

Бузургони дунё ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ ҳамеша роҳнамои дӯстиву бародарӣ ва зиндагии осоиштаи инсонҳо дар рӯи замин будаанд. Ва яке аз асосҳои ин дӯстӣ бовар ба ҳамдигар аст. Ва мо дидаем, ки нобоварӣ ба ҳамдигар дар сиёсати байналмилалӣ  чӣ фоҷиаҳое ба бор овард. Маҳз ҳамин нобоварӣ як кишвари ободу осоишта, мисли Ироқро ба хун олудаву ба хок яксон намуд. Яке аз шахсиятҳои машҳур Лабуис фармудааст, ки “ҳамин ки нобоварӣ роҳ ёфт, дӯстӣ ғайб мезанад”.

“Дӯсти асил ҳамонест, ки бовари ман ба ӯ беш аз боварам ба худ бошад”, — гуфтааст Мишел де Монтен.

Бузурги дигаре бо номи Биас фармудааст: “Ҳар касе, ки мехоҳад дӯсти бе айб дошта бошад, бе дӯст мемонад.”

Ҳамдиливу ҳамфикрии инсонҳост, ки пояҳои мустаҳками дӯстиро мегузоранд. Файласуфи Юнони қадим Демокрит фармудааст, ки “ягонагии андеша дӯстӣ эҷод мекунад”.

Вақте ки шумо дӯстӣ меварзед, ин дӯстӣ на танҳо ба рӯзгори дигарон, балки ба ҳастии худи шумо низ рӯшноӣ мебахшад, чунон ки Ҷеймс Мэтю Боррӣ фармудааст: “Онҳое, ки рӯзгори дигаронро дурахшон месозанд, худ низ бе нур намемонанд”. Ҳамин андешаро  Ҷейн Портер чунин равнақ медиҳад: “Шамъҳои дигаронро аз шамъи худ гирон намуда, ту заррае аз шуълаи худ кам намекунӣ”. Ва оқибат чунон ки Ҷозеф Аддисон гуфтааст: “Хушбахтӣ  комил нест, агар ту онро бо дигарон тақсим накунӣ”.

Дар мавриди аҳамияти дӯстӣ, нақши он дар ободии рӯзгори инсонҳо бузургони олам зиёд гуфтаанд. Ва ин гуфтаҳоро метавон бо суханони яке аз муборизони роҳи озодӣ Мартин Лютер Кинг хотима бахшид, ки гуфтааст:

«Аз ҳама роҳи дурусти ҷустани бахт барои худ ҷустани он барои дигарон аст».

Муҳити дӯстӣ ҳамеша муҳити солим ва нишотбахш аст, муҳитест, ки дили инсонро ба имрӯзу ояндаи зиндагӣ гарм медорад. Вақте ки инсонҳо бо ҳам дӯстанд, онҳо ҳамдигарро табрик мекунанд, ба ҳамдигар паём ва дуруд мефиристанд, орзуҳои нек мекунанд. Хусусан дар ин рӯз, ки Рӯзи байналмилалии дӯстист.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2020 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд