ИФШОИ ҲАҚИҚАТ ДАР ФИЛМИ МУСТАНАДИ «ХИЁНАТ». Дар ин мавзӯъ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегиии (МТС) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Инъикос ва ифшои фаъолияти ҷиноии наҳзатиҳо дар филми «Хиёнат» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти МТС.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақадам гуфт ва зикр кард, ки роҳбарони созмони экстремистию террористии Ҳизби наҳзати Созишномаи умумии истиқори сулҳ ва ризояти миллиро зери по гузошта, соли 2015 даст ба ошӯбу табаддулоти давлатӣ заданд ва ҳадафу мақсади нопоки худро фош намуданд. Тайи солҳои охир бошад, фаъолияти тахрибкоронаи худро дар кишварҳои Аврупо торафт таҳким бахшида, тавассути шабакаи иҷтимоии интернет ва дигар расонаҳои хабарӣ ба зидди Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғоти густурда ва гумроҳкунандаро ба роҳ монда, туҳмату буҳтон паҳн намуда, нуфузу ҳайсияти кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ паст заданӣ шуданд. Вале дар урфият мегӯянд, ки «бори каҷ ба манзил намерасад». Солҳои охир бисёр пардаҳо аз рӯйи хиёнату ҷиноятҳои ин созмони тахрибкори террористию эксртемистӣ бардошта мешавад ва симои аслии роҳбарон ва хоҷагони хориҷии онҳо дар назари ҳамагон намоён мегардад. Ба ин филми мустанади «Хиёнат» мисоли возеҳу равшан мебошад.
Ањамияти актуалӣ ва муҳимми ҳамоиши имрӯза ифшо кардани дурўѓу найрангҳо ва нақшаҳои тахрибкоронаи роњбарони ташкилоти экстремистию террористии Њизби наҳзати исломӣ ва хољагони хориљиашон мебошад, ки бар хилофи ваъдањои худ амал карда, фаъолияти тахрибкоронаи худро дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон бар зидди мардуми худ ва мењмонони хориљӣ ба роњ мондаанд.
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи «Ифшои амалҳои ҷиноии наҳзатиҳо дар филми мустанади «Хиёнат«, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода дар мавзӯи «Хиёнатҳои ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби Наҳзати Исломӣ«, корманди масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҳмадулло Наимов дар мавзӯи «Омилҳои пешгирикунандаи равандҳои номатлуби ифтротгароӣ дар ҷомеаи муосир дар ҳошияи татбиқи Барномаи ҲХДТ«, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабиниии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Холиқов дар мавзӯи «Масъалаи таъсири геополитикӣ дар мисоли фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар ҳошияи филми мустанади «Хиёнат», декани факултаи филологияи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Раҳим Каримов (Мулло Абдураҳим) дар мавзӯи «Филми мустанади «Хиёнат» ҳақиқатро ошкор месозад», мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашӯров дар мавзӯи «Ифшои манбаъҳои қудратии фаъолияти наҳзатиён дар филми мустанади «Хиёнат», мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Равшаналиев дар мавзӯи «Фаъолияти террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва ифшои он дар филми мустанади «Хиёнат», сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзӯи «Наҳзатиён ва фаъолияти экстемистии онҳо» суханронӣ намуданд.
Дар ҳамаи маърӯзаҳо дурӯғгӯйӣ, туҳмату буҳтон ва идеологияи сӯзандаву вайронкор доштан ва бо амри хоҷагони маблағгузорашон зидди манфиатҳои миллату давлат амал кардани роҳбарони ин созмони экстремистию террористӣ таъкиду таъйид гардид.
Баъдан иштирокчиёни конфронси илмию амалӣ пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманди худро баён карданд. Онҳо дар асоси далелу бурњони ќотеъ бори дигар фаъолияти тахрибкоронаи Њизби Нањзати Исломиро дар ќаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба амнияти миллии он таъсири манфї мерасонад, маҳкум намуданд.








Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон талаб намуд, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ худдорӣ кунанд
Ба муносибати таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
РӮЗИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ. Кормандони ин ниҳод вазифаҳои душвору масъулиятнок бар зимма доранд
Дар Минск вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд






