«ЛӮБИЁИ ЗАРРИН». Зироати мош бо чунин ном дар ҷаҳон машҳур мебошад

Июль 26, 2020 10:29

ДУШАНБЕ, 26.07.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Дар шароити имрӯза аз як замин ду-се ҳосил рӯёнидан на танҳо зарур, балки ҳатмист,  зеро такрористеҳсолкунӣ моро ба самти худкифоягии ғизо мебарад. Ҳоло дар ин шароите, ки дар ҷаҳон пандемияи коронавирус паҳн гардида,  бар асари маҳдудиятҳои вобаста ба он ба баъзе  давлатҳо қашшоқию гуруснагӣ таҳдид мекунад, моро мебояд аз пештара бештару беҳтар меҳнат намуда, ҳар порча замини доштаамон – корам, лалмӣ, талу теппа, санглох ва ғайраро самараноку уҳдабароёна истифода намоем. Иқлими Тоҷикистон барои парвариш ва истеҳсоли се ё чор ҳосил дар як сол аз замин созгор мебошад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш зимни сафари кории худ ба шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ бори дигар   таъкид намуданд.

22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва истифодаи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон дидан намуданд.

 Сокинони ин деҳа раванди кишту парвариши зироатро дар заминҳои наздиҳавлигӣ сол то сол тақвият мебахшанд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории деҳоти «Россия»-и ноҳияи Рӯдакӣ 704 гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз он 445 гектараш замини наздиҳавлигӣ мебошад.

Зимни боздид аз замини наздиҳавлигии оилаи Усмоновҳо дар деҳаи Фалакон Пешвои миллат бо тарзи истифодаи пурсамару оқилонаи замин ва вазъи зиндагии ин оилаи намунавӣ аз наздик шинос шуданд.

Аъзои оилаи Усмоновҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгӯи гуногуни маҳсулот, аз қабили гандум, биринҷ, мош, зағир, нахӯд, лӯбиёгиҳо ва ғайраро дар зарфҳои махсус барои ду соли оянда захира кардаанд.

Сарвари давлат ба таҷрибаи оилаи Усмоновҳо  дар самти истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода, бори дигар оид ба аҳамияти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду сол ва саҳм гузоштан дар роҳи раксидан ба ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ тавсияҳои судманд доданд.

Тавре ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидзода зимни суҳбат бо мо иброз дошт, дар мамлакат зироати лӯбиёгиро дар кишти такрорӣ васеъ истифода мебаранд,  зеро давраи нашъунамои он назар ба маҳсулоти полезӣ барвақттар мебошад. Яке аз зироате, ки дар кӯтоҳтарин мавсим, яъне 70-75 рӯз пухта мерасад, ин мош  аст.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки аввалин маротиба мошро дар Бангладеш, Ҳиндустон ва Покистон кишт мекарданд. Ин маҳсулоти донагӣ бо номи «лубиёи заррин» низ машҳур буд. Баъдан ин намуди донагӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд ва имрӯзҳо аз мош намудҳои гуногуни хӯрок, хӯришҳо, орд ва ҳатто яхмос омода мекунанд. Яъне дар таркиби яхмос орди мош низ ҳамроҳ менамоянд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, мош гиёҳи яксола аз оилаи лӯбиёгиҳо мебошад. Баландиаш 15—50 см буда, дар моҳҳои июн  ва сентябр гулу мева мекунад. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон мошро аз замонҳои қадим кишт ва навъҳои маҳаллии онро бештар истифода мебаранд. Аз навъҳои селексионӣ навъи «Тоҷикистон-1» бештар маъмул   аст.

Дар заминҳое, ки мош ҳамчун зироати такрорӣ кишт карда мешавад, баъди ҷамъоварии ҳосили якум ба замин об монда, баъди расидани хок онро дар чуқурии 28-30 см шудгор мекунанд. Кишти такрории мош бояд то 30 июн ба анҷом расонида шавад.

Мошро асосан барои донаш мекоранд. Аз он таомҳои болаззат, ба монанди мошоба, кичирӣ, мошпалав, мошбиринҷ, мошатола омода мекунанд. Инчунин мош аз витаминҳо бой буда,     24 — 28 фоиз сафеда,  46-50 фоиз оҳар ва 2-4 фоиз равған дорад.  Ғилофаки хоми онро чун сабзавот мехӯранд ва инчунин хошоки мош хӯроки хуби чорвост.

Замони ғунучини ҳосили мош аз рӯи зардшавии ғилофакҳо муайян карда мешавад. Ранги ғилофакҳои мош тағйир ёфта, донаҳояш дар ғилофакҳо сахт мешаванд. Агар мо дар давраи ғунучини ҳосил андак дер кунем, ғилофакҳо кафида, дон мерезад, ки ин сабаби кам шудан ё талаф ёфтани  ҳосил мегардад.  Баъди ғунучин ҳосил тоза карда,   хушконида мешавад. Намии донҳо бояд аз 14-15 фоиз зиёд набошад.

Ин намуди маҳсулоти донагӣ байни мардум хеле машҳур аст. Мош маҳсулоти донагии фоидабахш буда, ба инсон қувват мебахшад  ва имунитети бадани ӯро мустаҳкам месозад. Аммо пизишкон ба   одамоне, ки  бемории аллергия доранд,  истифодаи мошро тавсия намедиҳанд. Зеро он ба  хурӯҷи  ин беморӣ  мусоидат менамояд.

Тавре дар китоби «Канзи Шифо» омадааст, мизоҷи мош дар дараҷаи якум сард ва моил ба хушкист. Агар пӯсташ ҷудо карда шуда бошад, мизоҷаш дар тарӣ ва хушкӣ мӯътадил мегардад.

Хислатҳои шифобахшии он ҳамчун ғизо сабуктар аз наск мебошад.  Агар онро бихӯранд, ғизои хуб буда, аз он дар ҷигар моддаи солим пайдо мешавад, вале аз меъда суст мегузарад, хусусан, ки пӯсти онро пухта бихӯранд. Зеро хушкӣ ва қуввати таҳлилдиҳандагӣ дар  пӯсташ мавҷуд мебошад.

Мош аз хӯрданиҳои фаслҳои баҳор, тобистон, мавзеъҳои гармодор, одамони гарммизоҷ, инчунин беморони иллатҳои гарм ва тездошта аст. Зеро ки мош таскиндиҳандаи ҳарорат, тезӣ ва тафсонидани сафро ва хун маҳсуб меёбад.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
хабарнигори АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2020 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод