САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОССИЯ: «Дар чунин вазъият дилхоҳ кишвари ҷаҳон қобилияти таъмин кардани тамоми дархостҳои шаҳрвандони худро дар хориҷа надорад»

Июль 18, 2020 15:11

ДУШАНБЕ, 18.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Идома доштани таҳдиди мубталошавӣ ба коронавируси нави «COVID-19» боиси он гаштааст, ки дар низоми рафтуомади байнидавлатӣ мушкилиҳои зиёд боқӣ монанд. Аз ҷумла, барои теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Россия. Дар ҳамин поя, имрӯзҳо дар ВАО, махсусан сомонаҳои интернетӣ сару садоҳои зиёд ва назарҳои зидду нақиз дар бораи ба ҶТ баргардонидани муҳоҷирони тоҷик аз Федератсияи Россия пахш мегарданд, ки ба зеҳни хонанда таъсири манфӣ мерасонад. Шарҳу тафсирҳои беасоси баъзе аз корбарони сомонаҳо боиси нофаҳмиҳои зиёде гаштаанд, ки ба кори намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа, махсусан дар ш. Москваи ФР мушкилиҳои зиёдеро ба бор овардааст.

 Мавзӯъро дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶумҳуриииТоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин САТТОРОВ шарҳ дод.     

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Сафир, мехостем дар оғози суҳбат доир ба вазъи имрӯзаи он шаҳрвандон ва муҳоҷироне, ки мехоҳанд тавассути парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон баргарданад, изҳори назар кунед. Чанд рӯз пеш зимни як мусоҳиба Шумо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ мекунанд ва ҳоло бар асари маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи коронавирус мехоҳанд ба Ватан баргарданад, муроҷиат кардед ва гуфтед, ки дар назди сафорат ҷамъ нашаванад, зеро айни ҳол, дар ҳамин рӯзҳо имконияти ҳамаи онҳоро тавассути парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон расонидан мавҷуд нест. Шаҳрвандони мо қонеъ шуданд ва дарк карданд, ки воқеан масъала чӣ ҳаст ва онҳо бояд чӣ гуна рафтор кунанд?

Имомуддин Сатторов: Албатта, тасаввур кунед, ки то вазъияти ба амаломада, яъне се — сор моҳ пеш теъдоди парвозҳое, ки аз тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ба Тоҷикистон сурат мегирафтанд, 76 адад буд. Ҳозир вазъият ҳамин хел аст, ки мардум се-чор моҳ дар вақти эпидемияи коронавирус интизор буданд, ки роҳҳо боз мешаванд ва онҳо метавонанд ба Ватан баргарданд. Ва акнун ки вазъият каме беҳтар шуд, мардум албатта, бесаброна интизоранд, ки кай ҳавопаймоҳо парвозҳои худашонро оғоз мекунанд. Ва чи хеле, ки мо гуфтем, тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парвозҳои чартерӣ ба Москва ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Россия оғоз гардиданд ва 8 парвозе, ки аввал дар нақша буд, кифоя набуданд ва акнун теъдоди парвозҳо ба маротиб зиёд шуд ва қариб ҳар рӯз парвозҳо аз Россия ба Тоҷикистон сурат мегиранд. На танҳо аз Москва, балки аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск, Уфа, Қазон ва Краснодар.

Ман фикр мекунам, ки вазъияти эпидемиологӣ каме беҳтар шудааст, аммо теъдоди шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд, албатта, зиёд аст. Дар ин ҷо на танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, балки аъзои оилаи онҳо, падару модар ва дигар хешовандонашон ҳастанд, ки пеш аз басташавии сарҳад дар ин ҷо буданд ва дармонданд ва акнун ҳамаи онҳо мехоҳанд парвоз кунанд. Дар байнашон пиронсолон зиёданд, занони ҳомиладор, нафароне, ки ба сафари хизматӣ омаданду дар ҳамин ҷо монданд, донишҷӯёне, ки донишгоҳҳоро хатм кардаанд ва гайра. Бо назардошти вазъияти феълӣ мо муроҷиат карда будем, ки биёед дар мадди аввал шахсони эҳтиёҷмандро ба Ватан баргардонем.

АМИТ «Ховар»: Барои баргардонидани шаҳрвандони мо чӣ қадар парвозҳои чартерӣ иҷозат шудааст? Ба воситаи ин парвозҳо тахмин чанд нафар метавонанд ба Тоҷикистон баргарданд?

Имомуддин Сатторов: Теъдоди парвозҳо қариб ба 43 адад расид, яъне аз таърихи 11-уми июл ҳар рӯз парвозҳо аз шаҳри Москва сурат мегиранд ва қариб 20 парвози дигар фақат аз шаҳри Москва  илова шуд. Боз парвозҳо аз Санкт-Петербург, Краснодар, Уфа ва дигар шаҳрҳо низ сурат мегиранд. Бинед, агар дар як ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» 184 нафар ва  дар ҳавопаймои ширкати «Тоҷик эйр» 216 нафар ҷой гиранд, пас бо ин парвозҳо мешавад, ки мо то 4 ё  4,5 ҳазор нафарро ба Ватан баргардонем, ки ин бисёр теъдоди кам аст. Мо мебинем, ки теъдоди муроҷиатҳо зиёд аст ва ҳар рӯз дар назди сафорат мардуми зиёд ҷамъ мешаванд. Ҳамарӯза қариб то 300 аризаро қабул мекунем ва албатта мо умедворем, ки ҳарими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Россия кушода мешавад ва ин мушкилот ҳалли худашро пайдо мекунад.

АМИТ «Ховар»: Яъне, теъдоди шаҳрвандони мо, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, албатта, ба маротиб зиёд аст?

Имомуддин Сатторов: Дар муқоиса ба солҳои пешин, албатта зиёд нашудааст, теъдод ҳама вақт як хел буд. Фақат аз шаҳри Москва дар як рӯз 5 парвоз буд. Шумо тасаввур кунед, ки теъдоди парвоз агар дар як рӯз як то бошад, мо мебинем, ки ин чӣ қадар кам аст. Ва ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки агар ин парвозҳо барқарор шаванд, ман боварӣ надорам, ки ҳамон 5 ҳавопаймо пур аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан бармегардад. Ин ҷо бисёр муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, онҳо  қасди баргаштан надоранд, чунки аксарият кор мекунанд ва аз чизе танқисӣ намекашанд. Аслан, нафароне, ки беморанд ё пиронсоланд, занҳо ё шахсоне, ки барои кори муваққатӣ ин ҷо омадаанд, онҳо мехоҳанд баргарданд. Яъне, ин хел нест, ки тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ мехоҳанд баргарданд. Ҳоло барои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин ҷо ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Имрӯзҳо дар масъалаи ба қайд гирифтан  ва дарёфти иҷозати кор (яъне супоридани патент) сабукиҳо пешниҳод гардидааст ва онҳо метавонанд озодона пайи кору фаъолият бошанд. Новобаста аз вазъияти иқтисодии баамаломада кор ҳанӯз кам нест ва шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд  саросема нашуда, дар ин ҷо фаъолияти меҳнатияшонро давом диҳанд. Зеро ба фикри ман дар як ё ду моҳи оянда вазъият боз хубтар мешавад. Дар баробари ҳарими ҳавоӣ  роҳҳои заминӣ хам кушода мегарданд ва хоҳишмандон метавоананд озодона рафтуомад кунанд.

Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон ҳам теъдоди зиёди шаҳрвандони тоҷиктаборе ҳастанд, ки шаҳрвандии Россияро дарёфт кардаанд, яъне шаҳрванди ин давлат ҳастанд, аммо  онҳо ҳам дар навбат ҳастанд ва мехоҳанд, ки ба Россия баргарданд. Тибқи иттилое, ки мо дар даст дорем, теъдоди ин одамон қариб 4 ҳазорро ташкил медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе дар сафорати Россия дар Тоҷикистон номнавис шудаанд ва интизори парвозҳо ҳастанд.

Ман мехоҳам махсус зикр намоям, ки дар ҳолати ҳозира ягона давлате, ки  теъдоди парвозҳояш зиёд аст, ин Тоҷикистон мебошад. Яъне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин вазъиятро ба инобат гирифта, тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам оварданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва онҳое, ки хеле зиёд зарурат доранд, новобаста ба вазъи эпидимиологӣ дар Россия ё ин гуна ҳолат дар Тоҷикистону минтақа  ба Ватан баргарданд. Ҳар рӯз чунин парвозҳо сурат мегиранд ва рӯзҳои наздик, ҳафтаҳои наздик боз теъдоди парвозҳо зиёд мешаванд. Аз ин хотир мардум бояд ба тарсу таҳлука наафтанд, ки онҳо дар ин ҷо мемонанд. Боз як фикр ё як тарси дигар ҳам мардум доранд, ки шояд боз ҳам ҳамон мавҷи дубораи хуруҷи бемории сироятии коронавирус ба миён биёяд ва онҳо дар чунин вазъият ба мушкилоти дигар рӯ ба рӯ шаванд. Аммо мутахассисони варзида дар Федератсияи Россия изҳор доштаанд, ки вазъу ҳолати пешина дигар пас намегардад ва, баръакс, беморӣ рӯ ба коҳиш оварда, дар шаҳри Москва ва дигар минтақаҳои Россия вазъият хуб аст ва ҷойи нигаронӣ вуҷуд надорад.

АМИТ «Ховар»: Шумо болотар ёдовар шудед, ки дар қадами аввал бартарӣ ба занон, беморон ва нафарони солхӯрда дода мешавад, то ин ки имконият дошта бошанд тавассути парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон баргарданд. Вале хабарҳо дар бораи дар ҳавопаймоҳо ба ҷуз нафарони солхӯрда ва бемор парвоз кардани ҷавонон ва нафарони  ба назар зарурат надошта зиёд шудааст. Ин сару садоҳо то куҷо дуруст аст?

Имомуддин Сатторов: Албатта ман дар суҳбатҳо гуфтам, ки дар байни шаҳрвандоне, ки ба Тоҷикистон бармегарданд, на танҳо пиронсолон, беморону занони ҳомиладор, балки нафароне ҳам ҳастанд, ки ба сафари хидматӣ омадаанд, роҳбарони баъзе корхонаҳое, ки  дар ин ҷо дармондаанд, ҳамонҳо ҳам бояд баргарданд. Донишҷӯёне, ки донишгоҳҳоро хатм кардаанду шароити будубош дар Россия надоранд, онҳо ҳам бояд баргарданд. Баъдан, мо наметавонем танҳо аризаи нафаронеро бигирем, ки онҳо  ҳуҷҷати беморӣ доранд, масалан бемороне ҳастанд, ки онҳо фавран барои ба Ватан баргаштан зарурат надоранд. Мо кӯшиш карда истодаем, ки дар баробари пиронсолон ва дигар нафароне, ки дигар шароити ин ҷо будан надоранд, онҳо ҳам парвоз кунанд. Ҳастанд нафароне, ки наздиконашон масалан дар ҳолати вазнини маризӣ қарор доранд, ҳамонҳо ҳам бояд баргарданд. Ҳастанд нафароне, ки хеши наздик падар ё модараш вафот кардааст, онҳо ҳам метавонанд баргарданд. Мо категорияҳоро муайян кардем, ки киҳо дар мадди аввал бояд ба Ватан баргарданд. Дар ин чанд парвозе, ки роҳандозӣ шуд,  зиёда аз 2000  шаҳрвандони мо  ба Ватан баргаштанд. Мо нафарони сахт эҳтиёҷманд, яъне бемории вазнин дошта, зиёда аз 500 нафар занҳои ҳомила ва қариб 200-300 нафар пиронсолонро аллакай ба Ватан баргардонидем.

Алакай теъдоди нафароне, ки сахт эҳтиёҷманданд, хеле кам шудааст ва акнун мо марҳилаи навро шуруъ кардем.Ҳамаро номнавис мекунем, зеро дигарон низ  ҳуқуқи баргаштан доранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ он хабарҳои гуногуне, ки паҳн мешаванд, аз ҷониби нафароне сурат мегирад, ки аз ин вазъияти ба амаломада мехоҳанд истифода кунанд. Ҳоло мӯд шудаст блогер шудан. Ҳар шахс мехоҳад блогер бошаду теъдоди тамошобинони саҳифааш зиёд гардад, аз ин пул кор мекунанд. Барои ҳамин ҳар гуна наворҳоро дар блогашон ҷой мекунанду мардумро ба шӯр меоранд. Барои мисол, дар пеши сафорат   100-200 нафар ҷамъ мешаванду  навор мегиранд, ки дар байни онҳо ҳатто нерӯҳои ҷиноӣ ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд хабари бардурӯғро ба манфиати худашон ҷамъ кунанду ба ҳар роҳ вазъиятро ноором  созанд.  Ҳаннотоне ҳастанд, ки бо ҳамин роҳ мардумро фиреб мекунанд, ки гӯё метавонанд ба онҳо кӯмак кунанду ба миқдори муайяни пул ба онҳо чипта гиранд. Ман ба ин гуна нафарон боз як бори дигар муроҷиат мекунам: мо дар ҳама соҳаҳо мутахассисони хуб дорем ва медонем, ки бо кадом роҳу восита метавонем мушкилиро бартараф намоем. Ягона роҳе, ки мардумро бе мушкилӣ метавонем баргардонем, ин тасдиқи ҳуҷҷат ва  аризае  ҳаст ки  ворид мешавад. Мо  бояд онро гирифта санҷем, зеро ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҳам зиёд шудаанд. Далелҳое ҳастанд, ки аз ягон  клиника ба ивази 1000 рубл ҳуҷҷат барои  гӯё «беморӣ»- и  худ  гирифтаанд. Бо роҳи электронӣ муайян карда намешавад, ки дар ҳақиқат ҳамин нафар бемори вазнин аст ё дигар беморӣ дорад. Ҳар нафаре, ки ба сафорат меояд, ба қавли худаш мушкили худро дорад ва бояд ба Ватан баргардад. Ман чанд маротиба   ба нафароне, ки дар назди сафорат буданд, гуфтам, ки  марҳамат ворид шавед ва бубинед, ки мо чӣ қадар ариза дорем. Шумо аз 6-7 ҳазор аризае, ки  дар болои миз ҳаст интихоб кунед. Дар ин ҷо беморон ва беморони миёна, занони ҳомила ва солхӯрдаҳо ҳастанд, аз инҳо 200 нафарро интихоб намоед. Ду гурӯҳ омаданд ва вақте, ки ним соат кор карданд, аллакай монда шуданд ва гуфтанд, ин  корро Шумо кунеду манфиати шахсии моро ҳал кунед. Яъне ҳар кас мехоҳад мушкили худашро ҳал кунад ва  мушкили дигарон барои ӯ гӯё аҳамият надорад. Аз ин хотир барои сафорат ҳам ин  душвор  аст.

Бори дигар таъкид мекунам, комиссияе, ки дар назди сафорат ҳаст, ба он на танҳо кормандони сафорат,  балки   роҳбарону намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон низ, ки дар Россия  ҳастанд, аъзоҳои ҷамъиятҳои тоҷикон  ҳам шомил карда шудаанд.

Набояд фаромӯш кард, ки дар Россия тибқи омор зиёда 600 000 муҳоҷири меҳнатӣ ҳаст, ба ғайр аз ин 300 000 — 400 000 тоҷиктабороне, ки шаҳрвандии Россияро гирифтаанд. Барои  ҳамин ман ба гурӯҳи охирин  муроҷиат карда будам, ки бояд каме интизор бошанд ва ба нафороне ки ин шароити онҳоро надоранд, имконият диҳанд, то ки ба Ватан баргарданд.

Яъне шахсоне ҳам хастанд, ки ҳарчанд шароити будубош ва кору зиндагияшон дар Россия хуб аст, аммо мехоҳанд тобистон ба Тоҷикистон баргарданд ба назди пайвандонашон ё барои истироҳат.   Теъдоди ин гуна нафарон ҳам хеле зиёд аст. Барои ҳамин ҳар нафаре, ки омад ва хоҳиши баргаштанро кард, аммо имконият пайдо нашуд, дарҳол мехоҳанд дар ин ҷо касеро гунаҳкор кунанд. Ана ҳамин гуна шахсон ба ҷои он, ки шароити ба вуҷудомадаро дуруст дарк  намоянд, дар ҳол мехоҳанд дунболи «гунаҳкор» бигарданд, ҳол он, ки ин ҷо набояд касеро гунаҳкор кард.

Боз ҳам такрор мекунам, ки ягона давлате, ки ҳамарӯза аз шаҳрҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла   аз Москва парвоз дорад, ин Тоҷикистон аст. На ҳама давлатҳо чунин шароитро ба вуҷуд оварданд, то ин ки шаҳрвандонашон ба ватан баргарданад. Аз ин хотир бори дигар таъкид мекунам, ки ҳоло хатари пурраи мубтало нашудан ба коронавирус аз байн нарафтааст ва барои ҳамин маҳдудиятҳо барои парвоз бекор нашудаанд.

АМИТ «Ховар»: Яъне, дар ин ҷо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва то ҷое эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ бояд вуҷуд дошта бошад, то ин мушкилоти пешомада андак-андак бартараф шавад. Чун гуфтед ҳамарӯза аз шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд, шаҳрвандон чи гуна чиптаҳоро дастрас мекунанд, нархгузорӣ дар кадом сатҳ мебошад? Мегуфтед, ки шакли кор дар ин самт чӣ гуна ҷараён дорад?

Имомуддин Сатторов: Шаҳрвандон дар  Москва дар Сафорати Тоҷикистон номнавис мешаванд. Инчунин, баъзе аз онҳо ё хешу пайвандонашон ва ҳамчунин донишҷӯёне, ки таҳсил мекунанд, падару модаронашон ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат мекунанд ва мо рӯйхатро аз он ҷо низ дастрас мекунем. Инчунин дар консулгариҳои шаҳрҳое, ки дар он ҷо парвозҳо ҳастанд, яъне  дар  Консулгариҳои генералии  шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Краснодар ва Уфа. Вақте  мо рӯйхатҳоро ба намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ месупорем, ба ҳар як нафари дар  рӯйхатбуда дар тамос шуда мефаҳмонем, ки ба фурудгоҳ раванду як рӯз пеш аз парвоз  чиптаҳоро харидорӣ кунанд. Нархи чиптаро Сафорат ё Ҳукумат муайян намекунад. Нархи  онро танҳо ширкати ҳавопаймоӣ муайян мекунад. Боло бурдани нархи чиптаҳо аз он вобаста аст, ки парвозҳо чартериянд ва ҳавопаймо аз Тоҷикистон   ба Федератсияи Россия  холӣ меояд, зеро иҷозати овардани шаҳрвандони Россияро аз Тоҷикистон ба ин тараф надоданд. Аз ин ҳамин хотир нархи чиптаи ҳавопаймо баланд мебошад. Вақте, ки парвозҳо барқарор шуданд, нархи чиптаи ҳавопаймо ба нархи пеш аз ҳолати коронавирусбуда бармегардад.   

АМИТ «Ховар»:  Тавре имрӯзҳо мешунавем, ашхоси гуногун ё судҷӯ мехоҳанд, ки ба ҳар роҳу восита мардумро ба доми фиреб афтонанд ва ба онҳо билети қалбакӣ пешниҳод кунанд.  Ё онҳоро тавассути автобус ё дигар намуди воситаи нақлиёт то марзҳои Қазоқистон мебаранду он ҷо ба ҳоли худ мегузоранд ва сарсону саргардон мешаванд. Дар ин маврид Шумо чӣ гуфта метавонед ва чӣ бояд кард, ки мардум ин ҳамаро  дарк намоянд, ба ҳар кас зуд бовар накунанд ва танҳо таввуҷуҳ намоянд ба эълонҳои расмӣ, хабарҳои расмӣ ва чиптаҳоро аз ҳамон ҷое дастрас намоянд, ки махсус барои онҳо пешниҳод гардидааст?

Имомуддин Сатторов: Аллакай корҳои фаҳмондадиҳиро аз моҳҳои май-июни  соли равон шуруъ карда будем. Вақте  овозаҳо пайдо мегардид, ки гуё ин ё он ширкати ҳавопаймоӣ чиптаҳоро мефурӯшад ё таърихи ин ё он рӯз роҳ боз мешавад ва  ба ҳамин монанд мисолҳи зиёд оварда мешуд. Инчунин як нафаре пайдо гардид, ки худашро намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ муаррифӣ мекард. Ӯ  дар интернет  рақами телефони худро гузошта буд  ва вақте, ки хоҳишмандон занг мезаданд, ба онҳо мегуфтааст, ки  50 фоизи маблағро ба суратҳисобе, ки пешниҳод кардам, равон кунед ва 50 фоизи дигарашо дар фурудгоҳ мегирам. Вақте, ки мо ба Хадамоти махсуси Федератсияи Россия муроҷиат намудем, муайян гардид, ки ин шахс дар маҳбас будааст ва аз зиндон тавассути телефон мардумро фиреб карда гаштааст.

Инчунин нафароне буданд  эълони бардуруғ паҳн мекарданд, ки дар таърихи ин ё он рӯз парвозҳо мешаванд ва биёед билет харидорӣ кунед. Мардум бовар карда, билетҳои қалбакиро бо нархи хело гарон харидорӣ мекарданд. Мо ба мақомти корҳои дохилии Федератссияи Россия муроҷиат намудем ва ин нафарон дар вақти гирифтани маблағ, ки  ҳар як чиптаро қариб 75 ҳазор рубли русӣ қиммат гузошта буданд, дастгир шуданд. Мутаассифона, яке аз ин гуна ашхос, ки боздошт шуд,  як зани тоҷике буд, ки шаҳрвандии Россияро дошт ва ҳамватанони тоҷики худро фиреб мекард. Ҳамчунин мо якчанд ширкатҳои дигареро, ки  билет мефурухтанду тариқи автобус шаҳрвандонро мехостанд то сарҳади Қазоқистон бурда овораву саргардон кунанд,  дастгир намуда ба мақомоти дахлдор супоридем. Вале афсус, баъди он, ки мақомоти Россия онҳоро озод карданд, бархе аз  онҳо боз ба ҳамин кор даст мезананд. Марудмро фиреб карда, то сарҳад мебаранд ва бо баҳонаи баста будани марзҳо  онҳоро ҳамон ҷо партофта, худашон фирор мекунанд. Дар ин ҳолат мардум доду фарёд мебардоранд, дар сомонаҳои иҷтимоӣ навор мегузоранд ва даъват мекунанд,  ки моро ба Ватан баред. Ҳарчанд, ҳамаи онҳо медонананд, ки вазъият имрӯзҳо дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар кадом ҳолат аст ва барои гузаштан аз марзҳо то ҳанӯз иҷозат нест. Лекин мардум боз ҳам бо зудбоварӣ, ба умеде, ки бо автобус гирифта мебаранд, боз ҳам сафар мекунанд.    

АМИТ «Ховар»: Онҳое, ки наметавонанд ҳамин ҳоло ба Тоҷикистон биёянд, метавонанд то оғози расмии парвозҳои нақшавӣ ва муқаррарӣ дар Россия бимонанд? Барои ин имконият доранд аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, патент ва ғайра?

Имомуддин Сатторов: Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ягон мушкилӣ надоранд. То 15-уми сентябр тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия ягон зарурати  сабти ном ва бақайдгирӣ лозим нест. Ё мисли солҳои пеш барои ҳар 3 моҳ бояд қаламрави Россияро тарк мекарданд ва пас меомаданд. Ҳамин зарурат имрӯз вуҷуд надорад. То 15 сентябр ягон касро дастгир карда, ҷазо намедиҳанд. Яъне,  то он вақт шаҳрвандони мо  метавонанд дар ин ҷо бошанд. Дар масъалаи кор бошад, як қисми мардум муроҷиат мекунанд ва мегӯянд мо ҷойи кор надорем ва ё чунин мушкилиҳо дорем, ин аз ҳақиқат каме дуртар аст. Кор хеле зиёд аст. Корхонаҳое ҳастанд, ки ба мо муроҷиат мекунанд, ки ба коргар ниёз дорем. Барои мисол,  як ширкати сохтмонӣ   муроҷиат карда буд, ки мо ба 500 нафар коргар эҳтиёҷ дорем. Аммо мушкил аст ин чунин нафаронро пайдо кардан, ки онҳо раванд ва дар сохтмон кор кунанд.

Дирӯз бо намояндаи як ширкати бузург дар шаҳри Мурманск, ки дар он ҷо 8 ҳазор нафар кор мекунанд, суҳбат доштам. Гуфт, ки ширкаташ бо қувваи корӣ ба ивази 100 ҳазор рубл маош ниёз дорад.  Ё  ин ки дар кишт ва ҷамъоварии зироат дар шаҳри Волгоград, аз вилоятҳои ҷануби Россия дар мисоли Кроснодар ва дигар ҷойҳо. Яъне онҳо бо қувваи корӣ ниёз доранд. Шумо дар хотир доред, ки якчанд рӯз пеш Президенти Федератсияи Россия дар ин мавзӯъ суҳбат карда буд. Гуфт, ки мо ба муҳоҷирони меҳнатӣ ниёз дорем ва иқтисоди Россия наметавонад бе муҳоҷирати меҳнатӣ инкишоф ёбад. На танҳо Федератсияи Россия, балки бисёр давлатҳои пешрафтаи дунё наметавонанд бе муҳоҷирати меҳнатӣ иқтисоди худашонро пеш баранд. Ман фикр мекунам, ки дар ин шабу рӯз ҳаво хуб аст, гарм аст то тирамоҳ шароит ҳаст, мардум бояд ин ҷо кор кунанд ва баъдан ба Ватан бар мегарданд.   

АМИТ «Ховар»: 12 июл дар сомонаи АМИТ «Ховар» хабари рӯзномаи «Комерсантъ»-ро бознашр намудем, ки дар он сардори Агентии консталтингии Россия «Инфомост» Борис Рибак изҳор доштааст, ки Россия имкон дорад аз аввали моҳи август парвозҳоро ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва пеш аз ҳама бо Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз намояд. Дар ин бора Шумо чӣ гуфта метавонед? 

Имомуддин Сатторов: Албатта гуфтушунидҳо аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори авиатсионӣ дар ин самт ҷараён доранд. Мо ба ҷониби Россия изҳор кардем, ки агар онҳо омода бошанд, мо ҳам омодаем, ки ҳарими ҳавоиро боз кунем ва парвозҳо аз ҳар ду ҷониб барқарор шаванд. Дар ин самт  мутахассисони рус тахмин мезананд, ки шояд дери дер аз 1 август парвозҳо бо бисёр давлатҳо ва аз ҷумла бо давлатҳои Осиёи Марказӣ барқарор шаванд.

АМИТ «Ховар»: Дар интиҳои суҳбат боз чӣ гуфта метавонед ё шояд муроҷиати дигаре доред ба шаҳрвандон?

Имомуддин Сатторов: Бори дигар изҳор медорам: нафароне, ки сахт эҳтиёҷманд нестанд,  онҳо метавонанд ками дигар интизор бошанд. Ман хоҳиш мекардам, ки онҳо интизор шаванд. Ба шаҳрвандоне, ки  шаҳрвандии Россияро доранд, онҳо низ то вазъият муътадил шудан бояд каме интизор шаванд, чунки шароити онҳо нисбат ба дигарон беҳтар аст. Мо ҳама бояд дар якҷоягӣ масъулият эҳсос намоем ва мушкилоти ба вуҷудомадаро боз ҳам мушкилтар насозем. Боқӣ рӯзҳои хуб дар пеш аст ва набояд рӯҳафтода шуд.

Июль 18, 2020 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»