Шералӣ Хоҷаниён: «Тоҷикон аз азал ҳунарманду бомаърифат ва фарҳангпарвар будаанд»

Август 29, 2020 12:24

ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси омӯзишҳои мукаммали бостоншиносӣ, тоҷикон дар ҳама давраҳои таърихӣ аз тамоми намунаҳои санъати замони худ, аз қабили меъморӣ, шаҳрсозӣ, хаттотӣ, наққошӣ, обтаъминнамоӣ, заминсозӣ, боғдорӣ, кулолгарӣ, гачкорӣ, шишасозӣ, сангтарошӣ, қоғазбарорӣ, заргарӣ, коркарди чарм, қолинбофӣ, кандакорӣ, устухонтарошӣ, нассоҷӣ бо ҳама шаклҳояш, хиштрезӣ ва оҳангарӣ  бархурдор буда, устодони барҷастаи касби худ маҳсуб меёфтанд.

Ин матлабро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ  Шералӣ  Хоҷаниён   дар остонаи ҷашни 29-умин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.

Бо дахл ба мавзӯи  фарҳанги пурғановати тоҷикон ва ҷойгоҳи он дар рушду такомули тамаддуни ҷаҳон Шералӣ Хоҷаниён афзуд, ки фарҳанги мардуми тоҷик таърихи бой ва рангин дошта, мероси моддӣ ва ғайримоддии он боигарии ин миллати қадим ба шумор меравад.

Ниёгони мо ин меросро тавассути заҳмату устуворӣ тӯли асрҳо дар ниҳоди худ маҳфуз дошта, онро ба ворисони имрӯзаи худ расониданд, ки он пайванди наслҳои гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Ба наслҳои оянда дар сатҳи муносиб боқӣ гузоштани ин мероси гаронбаҳо масъулияти миллӣ ва ватандории ҳар яки моро тақозо менамояд.

Халқи тоҷик дар натиҷаи муборизаи ҳамешагӣ пойдории забон, таърих ва фарҳанги хешро нигоҳ дошта, дар фазои таъриху фарҳанги башарӣ фарзандони абармарди худро ба ҷаҳониён манзур намудааст. Маҳз фарҳанги воло, донишмандӣ ва устоди кори хеш будани онҳо забардастии миллати тоҷикро дар тамаддуни байналмилалӣ мавқеи сазовор додааст.

Ба андешаи Шералӣ Хоҷаниён, таърихи ташаккули фарҳанг ва санъати миллӣ роҳи мушкил ва дарозро дар бар мегирад. Бо назардошти он ки сарзамини тоҷикон дар чорроҳаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим мавқеъ доштааст, ҳунармандӣ яке аз самтҳои асосии пешбурди ҳаёти мардум маҳсуб меёфт. Омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳунармандӣ дар пешрафту рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат мавқеи муайянро ишғол менамуд. Ин аст, ки ҳунармандон на танҳо   талаботи истеъмолии худро пурра қонеъ менамуданд, балки бозорҳои минтақаро низ бо маҳсулоти зарурӣ таъмин мекарданд. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳоро дар бозёфтҳои бостоншиносӣ ва боқимондаҳои шаҳри Саразми бостонӣ, ки тибқи қатъномаи ЮНЕСКО моҳи сентябри соли 2020 ҷашни 5500-солагии он таҷлил мегардад, инчунин дар шаҳрҳои бостонии Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, Панҷакент, Тахти Сангин, ёдгориҳои меъмории Хоҷа Машҳад ва Ямчун баръало дидан мумкин аст.

-Намунаи дигари олии фарҳанги шаҳрсозӣ ва санъати меъмории халқи тоҷикро бо  тамоми инфрасохтори ҳаётан муҳим, ки мансуб ба асрҳои миёна мебошад, дар Қасри Шоҳони Хатлон метавон пайдо намуд,- меафзояд корманди Вазорати  фарҳанги мамлакат.

ДАР АКС: Боқимондаҳои қисмати шимолу ғарбии Қасри Шоҳони Хатлон (то давраи тармим). Акс аз бойгонӣ

Дар қисмати шимолу ғарбии ёдгории болозикр театри қаср кашф шуда, он дорои саҳна, нишастгоҳ, ҳуҷраи тағйири либос ва ҳуҷраи ороиши ҳунармандон, ки бо девормусаввара наққошӣ гардидааст, мебошад. Ҳангоми пешбурди корҳои ҳафриётӣ аз ин ҳуҷраҳо миқдори зиёди зарфҳои ороиши занонаи сафолӣ, булӯрӣ, шишагӣ: усмадон, сурмадон, қаламҳои пардози қошу абрӯ ва атрдонҳои гуногунҳаҷм бозёфт гардидаанд. Ҳаҷми театр дар маҷмӯъ ба 156 метри мураббаъ баробар мебошад ва фарши он бо хиштҳои ороишии чоркунҷа, шашкунҷа ва ҳашткунҷа ба андозаи 12,5 ба 12,5 метр густурда шудааст.

Девормусаввараи мазкур ба категорияи мусаввараҳои нодир мансуб мебошад ва аз гурӯҳи навозандагон дар ҳолати иҷрои мусиқии миллӣ иборат буда, ҳамчунин наққош дар он чор мисраъ шеъри бо забони ноби тоҷикӣ навишташуда низ сабт намудааст. Мисраъҳои мазкур ба қадимтарин намунаи шеъри тоҷик дар ҷаҳон мансуб мебошанд. Аз тарафи ҷанубӣ ва шимолӣ театрро ҳуҷраҳои андозаашон  якхелаи 3,3 ба 5,5 метр иҳота карда, деворҳои он бо девормусаввараҳои мунаққаши набототӣ, ҳандасӣ ва эпиграфӣ рӯйбаст карда шудаанд. Ҳуруфоти куфӣ бо рангҳои сафеду заррин навишта, бо ранги сиёҳ ҳошиябандӣ гардидаанд. Ҳарфҳои мазкур бо тарҳи тасвироти набототӣ бо ҳам печида, бо рангҳои кабуд, қаҳваранг, сурх  ва сиёҳ  сабт шудаанд.

ДАР АКС: девормусаввара бо нақши набототӣ, ҳандасӣ, эпиграфӣ ва санъати тасвирӣ. Акс аз бойгонӣ

Зимнан бояд зикр намуд, ки бозёфти тасвирҳои  рӯйдеворӣ аҳамияти махсусан муҳими илмӣ-фарҳангӣ дорад. Дар радифи дигар шаклҳои санъати миллӣ, санъати тасвирӣ ва монументалии халқи тоҷик дар давраи Кӯшониён хеле маъмул буда, дар ибтидои асрҳои миёна ба дараҷаи авҷи олии худ расидааст. Кӯҳнатарин ва калонтарин бозёфтҳои санъати тасвирӣ ва монументалӣ дар Тоҷикистон ёдгориҳои шаҳри Панҷакенти қадим, дайри буддои Аҷинатеппа, Қалъаи Кофарниҳон ба шумор рафта, бозёфти девормусаввараҳо аз қасри Ҳулбук ва ҳаммоми шаҳрии он дар баробари санъати ороишии миллӣ – гачкорӣ далели арзишмандест, ки устувории анъанаҳои фарҳанг ва санъати  халқи тоҷикро  собит месозад,- мегӯяд номзади илми таърих Шералӣ Хоҷаниён.

Дар девормусаввара мусиқанавозон дар гунбазҳои алоҳидаи бо гулчанбарҳо зебу оро додашуда дар ҳолати навозиши мусиқӣ сабт гардидаанд. Болои пештоқҳо чор паранда бо болҳои калон кушодаашон тасвир ёфтаанд. Парандаҳо бо рангҳои кабуди равшан ранг карда шуда, дар гарданҳояшон рахҳои сурх, минқорҳо ва панҷаҳояшон зард мебошад. Аз рӯйи шакл ин парандагон ба тӯтӣ монанданд.

Дар девормусаввара  парандагони маҳаллии маъмул  тасвир ёфтаанд, ки хеле зиёд дар  ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, хусусан дар арчазори кӯҳи намаки Хоҷа Муъмин то ба имрӯз аҳён-аҳён вомехӯранд. Навиштаҷоти мусаввара аз ҷониби яке аз муҳаққиқони барҷастаи таърихи муосири халқи тоҷик, хатшиноси бузург, шодравон Fолибшо Fоибов мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муҳаққиқ чунин мешуморад, ки матни шеър пурра бо забони тоҷикӣ таълиф ёфтааст. Аз рӯйи мазмун матни шеър дар замони худ суруди машҳури халқӣ бахшида ба Ҳамза- пешвои муборизони адолатхоҳ алайҳи зулму истибдоди волиён дар солҳои 797-798 то 828 мелодӣ мебошад.

Муаллифи мустаор дар чаҳорбайтӣ, ки дар поён оварда мешавад, абрӯвони ҳофизаи дар девор тасвирёфтаро ба камони Ҳамза, нигоҳҳои дилошӯби ӯро ба тири камон нисбат додааст. Дар китобати муосири тоҷик чаҳорбайтии зерин чунин аст:

Лаб-ш  ҳаме  х-вашмаза,
Абра камони Ҳамза,
Тираш хаданги ғамза,
Чашмакош ҳалоки дилҳо…

Дар осори бебаҳои мазкур намунаи санъати тасвирии халқи тоҷикро бо тарзу услуби ниҳоят нафис ва нозук  дида метавонем, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо нафосаташро гум накардааст. Ин мусаввараҳо, хушбахтона, имрӯз дастраси умум ҳастанд ва мухлисону ҳаводорон метавонанд онҳоро дар Осорхонаи Ҳулбук ва Осорхонаи миллии бостонӣ тамошо кунанд.

Ба андешаи корманди масъули Вазорати фарҳанги мамлакат, эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ, таҷлили ҷашну маросими суннатию миллӣ дар сатҳи ватанӣ ва байналмилалӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносӣ мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ ва ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии масъулини соҳа маҳсуб мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 29, 2020 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад