Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рӯйдодҳои Ҷумҳурии Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рӯйдодҳои Ҷумҳурии Қирғизистон изҳороти муштарак қабул намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар изҳороти муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рӯйдодҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷумла, омадааст:
«Рӯйдодҳое, ки дар Қирғизистони бародар рух дода истодаанд, , боиси нигаронии ҷиддии мо гардидаанд.
Мо ҳамчун ҳамсояҳои наздик, ки бо риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек, арзишҳои муштараки фарҳангию маънавӣ пайванданд, аз мардуми Қирғизистон даъват менамоем, ки дар ин рӯзҳои душвор ба хотири ҳифзи сулҳ ва барқарории субот дар кишвар хиради хоси худро нишон диҳанд.
Изҳори умед менамоем, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва доираҳои ҷамъиятии Қирғизистон барои таъмини сулҳу осоиштагӣ ва ҳалли масъалаҳои ба миён омада бо риояи Конститутсия ва қонунгузории миллӣ талошҳои зарурӣ ба харҷ хоҳанд дод.
Пешрафти Қирғизистон омили муҳими амнияти минтақавӣ ва рушди устувори тамоми Осиёи Марказӣ мебошад.
Мамлакатҳои мо як гузашта доранд ва ояндаи муштарак месозанд. Халқҳои Осиёи Марказиро таърихан талошҳои сулҳи пойдор, ҳамоҳангӣ ва созандагӣ ба манфиати наслҳои оянда муттаҳид мекунад.
Бо истифода аз ҳадафҳои умумӣ, давлатҳои мо ҳамкории минтақавиро барои тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкориҳои марзию байниминтақавӣ фаъолона тақвият медиҳанд.
Дар масири тақвияти минбаъдаи ҳамбастагии Осиёи Марказӣ пеш рафта, мо мардуми Қирғизистонро дар талошашон барои ваҳдат, рушди осоишта, соҳибистиқлолӣ ва шукуфоӣ ҳамеша дастгирӣ хоҳем кард».








Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид






