Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ онлайн иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8-9 октябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи видеоконференсияи онлайнӣ дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар видеоконференсия вакилоне, ки узвияташон дар комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар видеоконференсия раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба илм ва маориф Насиба Содиқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният дар Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш Зоир Раҳмонзода иштирок намуданд.
Дар нишасти онлайнӣ масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва механизми пешбурди фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва узвияти ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар комиссияҳои доимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






