150 ширкати Тоҷикистон маҳсулоти худро дар Намоишгоҳи универсалии «Made in Tajikistan — 2020» дар шакли онлайн намоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин Намоишгоҳи универсалии онлайни «Made in Tajikistan — 2020» 26 ноябр дар Тоҷикистон оғоз ёфт.
Намоишгоҳи маҳсулот ва хизматрасониҳои истеҳсолкунандагони молҳо дар Тоҷикистон беш аз 150 нафар иштирокчиёнро аз соҳаҳои хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ ва сайёҳӣ гирди ҳам овард.
Дар маросими оғози расмии он намояндагони кишварҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд, инчунин намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ширкат варзиданд.
Дар маросим раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода зикр кард, ки ҳадафи асосии намоишгоҳ иҷрои вазифаҳои дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, мебошад.
«Мақсади намоишгоҳ ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик, рушди иқтидори содиротӣ, кушодани бозорҳои нави маҳсулот, тавсеаи ҳамкории ширкатҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷалби сармоя мебошад», — зикр намуд роҳбари ПСС ҶТ.
Дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои BxB, инчунин мизҳои мудаввар бо иштироки фурӯшандагони кишварҳои хориҷӣ ташкил карда мешаванд.
Дар баробари ширкатҳои бузурги пешрафтаи иқтисоди мамлакат ширкатҳои хурд низ ҳузур доранд, ки истеҳсолоти онҳо ба бозори дохилӣ нигаронида шудааст.
Иштирокчиёни намоишгоҳ маълумот дар бораи ширкатҳо, намунаҳои виртуалии маҳсулот ва наворҳои видеоӣ пешниҳод карданд. Маълумот бо забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод гардид.
Дар заминаи намоишгоҳи онлайн инчунин дигар маълумоти муфид, ишораҳо барои ширкатҳои хориҷӣ: маълумоти мухтасар дар бораи Тоҷикистон, сайёҳӣ, имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумат ба соҳибкорон ва сармоягузорон ва ғайра ҷой дода шудаанд.
Намоишгоҳ, ки дар торномаи WWW.EXPOTAJIKISTAN.TJ сурат мегирад, 17 декабр ба поён мерасад.








Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон 483,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ҳамкориро густариш медиҳад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон шинос гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд






