Дар Хадамоти гумрук доир ба татбиқи низоми «Равзанаи ягона» ҷамъомад баргузор шуд

Ноябрь 28, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Татбиқи низоми иттилоотии «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» ва нақши мақомоти салоҳиятдор дар татбиқи он»- таҳти чунин унвон 27 ноябр дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати «мизи мудаввар» баргузор шуд.

Тавре аз Хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори он муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Ҳайдар, директори КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамот Лочин Файзуллозода, роҳбари Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Ёр Одина, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Раҳимзода, намояндагони дигар кумитаву идораҳои дахлдор ва донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат ширкат варзиданд.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, генерал-майор Азим Ҳайдар оид ба моҳияти низоми «Равзанаи ягона» барои пешбурди тиҷорати беруна сухан гуфт.

Директори КВД «Маркази Равзанаи ягона» Лочин Файзуллозода оид ба раванди ташаккул ва фаъолияти низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, тариқи монитор рӯнамоии он нишон дода шуд.

Ҳамчунин роҳбари Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамот Ёр Одина дар мавзӯи «Равзанаи ягонаи мақомоти гумрук – омили шаффофияти фаъолияти гумрукӣ ва рушди хизматрасониҳои электронии гумрукӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ», муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Раҳимзода бобати нақш ва мавқеи низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ», дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қудратулло Мираков дар хусуси содагардонӣ ва назорати гумрукӣ дар сарҳад тавассути ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» ва дигар иштирокдорон маърӯза намуданд.

Зикр гардид, ки системаи «Равзанаи ягона» ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор имкон медиҳад, то тамоми маълумот оид ба содироту воридот ва транзити молу маҳсулот, ки аз ҷониби мақомоти танзимкунанда талаб карда мешаванд, танҳо як маротиба дар шакли ягона равон гардида, бо ҳамин шабака то 24 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳоро дар шакли электронӣ дастрас менамояд. Дар саросари ҷумҳурӣ 57 нуқтаи барасмиятдарории дархостҳои субъектҳои хоҷагидор ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо пайваст карда шудаанд.

Ба иттилои директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» Лочин Файзуллозода то 27 ноябр коршиносони ширкати барномасоз дар якҷоягӣ бо мутахассисони КВД «Маркази Равзанаи ягона» беш аз 300 корманди ширкатҳои брокерӣ, 100 корманди ширкатҳои соҳибкорӣ, 400 мутахассиси дахлдори мақомоти шомилшударо дар макони корӣ ва дар дафтари корхона бо усули инфиродӣ оид ба истифодаи низом омӯзонда, ҳамчун истифодабаранда ба қайд гирифтаанд.

Роҳбари Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Ёр Одина пешниҳод намуд, то барои огоҳии бештар пайдо намудани низоми мазкур дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ, ки дар онҳо факултаҳо бахшида ба самти гумрук фаъолият менамоянд, фанни «Равзанаи ягона» ҷорӣ гардад.

«Равзанаи ягона» низомест, ки дар рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла содагардонии расмиёти савдо, кам намудани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет нақши муҳим мебозад. Механизми «Равзанаи ягона» барои сода гардонидани расмиёти савдои хориҷӣ ва коҳиши хароҷоти корхонаву ширкатҳое ҷорӣ гардидааст, ки ба воридоту содироти молу маҳсулот машғул мебошанд. Ҳоло зимни анҷом додани расмиёти амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ҳуҷҷатгузории он тариқи электронӣ сурат мегирад, ки ин амал қаблан ба воситаи қоғаз амалӣ мегардид.

Дар ин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 Консепсияи ташаккули «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 «Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардиданд.

Ноябрь 28, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид