Байни кормандони милитсияи Суғд ҳар се моҳ озмуни «Китобхони беҳтарин» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 28.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд 11 нафар кормандони милитсия — ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Китобхони беҳтарин»-ро ҳавасманд гардонида, ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ «Ифтихорнома» ва туҳфаҳо тақдим карданд. Ҷойи аввалро командири взводи хадамоти посбонӣ-пайроҳадории ШВКД дар шаҳри Бӯстон, капитани милитсия Умед Арслонзода, мақоми дуюмро нозири гурӯҳи бақайдгирии маводҳои амалияи маъмурии шуъбачаи ахбори оперативии иттилоотии Раёсати мазкур, лейтенанти калони милитсия Зарнигор Абдуқаҳорзода ва зинаи сеюми ифтихориро ёрдамчии сардор оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Конибодом, майори милится Раҳим Ҷӯраев соҳиб шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо пешниҳоди сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов минбаъд озмуни «Китобхони беҳтарин» дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҳар се моҳ гузаронида хоҳад шуд.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар партави Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст дар мамлакат доир мешавад, байни кормондони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни «Китобхони беҳтарин» -ро баргузор намуд.
Тибқи иттилои масъулин, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, огаҳӣ ёфтан аз таърихи ниёгону ҷаҳон ва бедор намудани завқи китобхонии кормондони милитсияи вилоят ба роҳ монда шудааст.








Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд






