Неруҳои амниятии Афғонистон дар шимоли Афғонистон як саркардаи бонуфузи «Толибон» -ро маҳв намуданд
ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои амниятии Афғонистон 6 декабр ҳангоми заду хурди низомӣ як қумондонони калидии ҳаракати «Толибон» мулло Амирро, ки ҳамзамон роҳбари ғайри расмии ноҳияи Хинҷони вилояти Бағлон дар шимолу шарқи кишвар низ хизмат мекард ва се шарики мусаллаҳи ӯро маҳв намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.
Тавре ки Ҷовид Башорат, сухангӯи полиси вилоятӣ ба мухбири “Синхуа” хабар додааст, «ҷангиёни “Толибон” таҳти фармондеҳии мулло Амир — қумандони дар бедодгари машҳури “Толибон” ва ҳамзамон роҳбари ғайри расмии ноҳияи Хинҷон — пас аз зӯҳри 6 декабр ба як посгоҳ дар маҳаллаи Коро дар ноҳияи Хинҷон ҳамла карданд». Мулло Амир ва се шарики мусаллаҳи ӯ кушта шуданд, — афзуд ӯ.
Ҷ.Башорат мулло Амирро ҳамчун «қумандони дар бедодгари машҳур” номид ва изҳор кард, ки марги ӯ метавонад зарбаи ҷиддӣ ба “Толибон” дар вилояти Бағлон, ки маркази маъмурии он шаҳри Пули-Хумрӣ мебошад ва дар 160 километрии шимоли Кобул ҷойгир аст, бирасонад.








Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид






