«ЯК КАМАРБАНД, ЯК РОҲ». Дар доираи ин ташаббус дар Душанбе Конфронси виртуалии сатҳи баланд доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Конфронси виртуалии сатҳи баланд дар доираи Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз, ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» вобаста ба мавзӯи «Пайомадҳои нав, имконияти нав ва ояндаи нави банақшагирии рушди рақамикунонии андоз дар заминаи пандемия» баргузор гардид.
Дар конфронс намояндагони мақомоти фискалӣ, мушоҳидачиён, олимон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз 44 давлати дунё ва 14 созмони байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар ин бора аз Раёсати ҳамкории байналмилалии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси мазкур Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва муовини якуми Раиси Кумита Аюбҷон Солеҳзода ширкат варзиданд.
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро оид ба тадбирҳои пешгирифтаи Кумита ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба муҳити соҳибкорӣ ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи он тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои васеи электронӣ шинос намуд.
Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи андоз рӯнамо оид ба “Рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри рақамӣ” омада гардида, ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуд.
Маърӯзачиён ва иштирокчиёни конфронси виртуалӣ изҳор доштанд, ки таъсири COVID-19 васеъ ва тӯлонӣ хоҳад буд, бинобар ин вокуниши қавӣ ва ҳамоҳангсоз дар доираи механизм, ҳамчунин ҳамкории бисёрҷониба бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули иттиҳоди бо ҳам зич ва ояндаи муштарак дар доираи “Як камарбанд, як роҳ” зарур мебошад.
Ҳамбастагӣ ҷиҳати тақвият додани рушди маъмурикунонии андоз, инфрасохтори андоз, назорати сифат, истифода намудани таҳлилҳои маълумоти калонҳаҷм (Big Data) ва ташаккули механизми идораи маълумоте, ки барои мақомоти андоз қобили қабул аст, аз ҷониби иштирокчиён таъкид карда шуд.
Дар охир иштирокчиён эломияи муштарак қабул намуда, омодагии худро барои ҳамкории боз ҳам наздик ва табодули маълумот ҷиҳати рушди маъмурикунонии андоз дар давлатҳои аъзои механизм баён намуданд.








Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа доир шуд
«Стратегияи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Дар шаш моҳ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 5 миллиард доллар молу маҳсулот ворид гардидааст
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 114,3 фоиз иҷро гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкорӣ ва рушди тиҷорати электронии Роҳи абрешим иштирок намуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо шаҳри Чонгчини Чин густариш медиҳад
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба танзими нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ҷаласаи Ситоди доимӣ доир шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамоиши техникӣ баргузор гардид
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони GGGI рушди маблағгузории устуворро баррасӣ намуданд
Дар Шанхай масъалаи таъсиси кластери саноатии металлҳои ранга дар вилояти Суғд баррасӣ шуд
Ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтаанд
Байни Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






