КИТОБ — КАЛИДИ ДАРИ КОХИ МАЪНАВӢ. Дар назди рӯзномаи «Халқ овози» китобхонаи «Дӯстӣ» кушода шуд

Январь 29, 2021 17:31

ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози» китобхонаи «Дӯстӣ» ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи китобхона шоирону нависандагон, сармуҳаррирони нашрияҳои расмӣ, аҳли зиё, меҳмонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

«Китобхонаи мазкур баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили китобхонаҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷалб намудани мардум, хусусан, ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ ташкил карда шуд», — тазаккур дод сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманонзода зимни ифтитоҳи китобхона.

Тавре гуфта шуд, дар китобхонаи «Дӯстӣ» китобҳои «Забони миллат – ҳастии миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагор» ва дигар китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд мебошанд.

Номбурда афзуд, ки дар китобхона китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ҷамъ оварда шудаанд. Ҳоло фонди китобхона дорои зиёда аз 1000 нусха китоб буда, дар оянда ин шумора то ба 4 000 нусха расонида мешавад.

Барои ғанӣ гардонидани фонди китобхона аз ҷониби раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асозода, муовини директории нашриёти «Шарқи озод» Умари Шерхон, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Шодихони Назар,  корманди сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Азизов китобҳо туҳфа гардиданд.

Бояд гуфт, ки китобхона барои шахсони касбу кори гуногун, махсусан, зиёиён ва донишҷӯёну хонандагон нигаронида шуда, онҳо метавонанд аз фонди китобхонаи «Дӯстӣ» васеъ истифода намоянд.

АКСҲО аз рӯзномаи «Халқ овози»

Январь 29, 2021 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад
Дар ёдгории таърихии замони Кушониён- Сайёд корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ оғоз ёфтанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бо шаҳомати хос баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад