ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ — ИНТИХОБИ МО! Дар Хатлон боз як майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон майдони варзишӣ барои бозии баскетбол ва волейбол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин майдон ҷузъе аз маҷмааи варзишиест, ки дар боғи марказии фароғати фарҳангии ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қудратулло Собиров бо сарфи зиёда аз 240 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар он барои машқу тамрини дастаи яккачини духтарони волейболбози ноҳияи Ҷайҳун шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Барои бунёди маҷмааи варзишӣ (майдончаи варзишӣ, ҷойи тамрини гуштигирону боксчиён) ва бо асбоби варзишӣ муҷаҳҳазонидани он наздик ба ним миллион сомонӣ масраф шудааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ба истифода додани майдончаи мазкур раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин хонд.
Ба раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода соҳибкор Қ. Сабуров иттилоъ дод, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ майдончаи варзишӣ болопӯшида хоҳад шуд, ки дар як шабонарӯз то 100 нафар ҷавонон имкон доранд дар иншооти мазкур ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейбол, теннис, баскетбол, муштзанӣ, гуштӣ машғул шаванд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода даъват намуд, ки шумораи ҳарчи бештари ҷавонон, аз ҷумла духтарони варзишгар ба машқу тамрин ҷалб карда шаванд. Зеро иншооти мазкур на танҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, балки омодасозии чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат аз якчанд намуди варзиш шароити муносибу созгор дорад.










ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






