Дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Март 5, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 05.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Зимни ҳамоиш дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ба 1169 нафар занону бонувон, ки дар тозакориву поккорӣ ва ободонии кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Сино саҳм гузоштаанд, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ тақдим шуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  ҷамъомади тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода масъулину кормандон ва занону бонувони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахтро ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон комёбиҳои беназир, саодату пирӯзӣ таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар  ҷиҳати ҳавасманд намудани кормандзанони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт, бонувон, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин   барои гузаронидани барномаи фарҳангӣ ба ин муносибат  3 633 450 (се миллиону шашсаду сиву се ҳазору чорсаду панҷоҳ) сомонӣ  ҷудо гардид.    

             Тибқи қарори мазкур муовинони раиси шаҳр – сарпарасти ноҳияҳо якҷоя бо раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе  вазифадор гардиданд, ки то 6 марти соли 2021 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағ ва туҳфаҳои ҷудошуда  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Март 5, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад