Дар кӯчаҳои Шотемур ва Пушкини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маҷмааи нави биноҳои истиқоматии баландошёна бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаҳои Шотемур ва Пушкини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сохтмони маҷмааи нави биноҳои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиронии марказҳои савдою хизматрасонӣ ва боғчаи кӯдакона пешбинӣ шудааст.
Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 19 марти соли 2020 лоиҳаи ангоравии сохтмони маҷмааи мазкур таҳия гардидааст. Лоиҳаи мазкур дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Партнёр» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода шудаааст.
Ёдовар мешавем, ки Нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.
Айни замон тибқи қарори мазкур, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра то соли 2025 амалӣ намуда, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.











Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
МАРҲАБО БА ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиёну Рӯдакӣ баргузор мегардад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад






