Дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш барои ҷоизаи Президенти Ӯзбекистон паҳлавонони тоҷик соҳиби 4 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш барои ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон паҳлавонони тоҷик 4 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Куматаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нашри 15-уми мусобиқа ба хотираи Ҳаким Тирмизӣ дар шаҳри Тирмиз аз рӯи панҷ категорияи вазнӣ бо иштироки беш аз 150 нафар паҳлавонон аз 30 давлат сурат гирифт.
Медали тиллоро дар ҳайати Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг сазовор шуд. Ӯ дар қувваозмоии финалӣ Абдулазиз Ҳамроеви ӯзбекистониро мағлуб кард.
Додохон Қурбоналиев дар вазни мутлақ медали нуқраро ба гардан овехт. Ҳусайн Ислоҳзода дар вазни -73кг ва Неъматулло Арслонқулов дар вазни мутлақ медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Ғолибон бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС аз Куматаи миллии олимпии Тоҷикистон








Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд






