Дар натиҷаи таркиш дар Афғонистон се корманди полис кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тарконидани мошини пур аз маводи тарканда дар як посгоҳи вилояти Ҳирот дар шимолу ғарби Афғонистон се корманди полис кушта шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи шанбе, 17 апрел, шабакаи телевизионии «TOLOnews» бо истинод ба мақомоти кишвар хабар додааст.
Волии вилоят Сайид Воҳид Қатолӣ изҳор дошт, ки таркиш дар вулусволии Зинда Ҷон рух додааст. Пас аз таркиш «Толибон» аз се самт ба вулусволӣ ҳамла кардаанд ва задухӯрдҳо тӯли чанд соат идома ёфтанд.
Ба гуфтаи волӣ, «Толибон» инчунин ба дигар вулусволиҳои вилоят низ ҳамла карданд, аммо дар ҷараёни онҳо неруҳои амниятии Афғонистон осеб надиданд.
АКС: Reuters








Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд






