Дар назар аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шаванд
ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 бояд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир мегардиданд, вале бинобар сабаби паҳн гаштани бемории сироятии коронавирус он мавқуф гузошта шуд. Имрӯзҳо ин масъала дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар сурати ҳалли мусбати он дар назар аст, ки моҳи декабри ҳамин сол Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шаванд.
Ин нуктаро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода 26 апрел зимни мулоқоти фосилавӣ (онлайнӣ) бо Вазири фарҳанг ва ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб Нура ал-Каъбӣ баён намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи самтҳои ҳамкории фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз пеш рушд меёбад, ки ин аз заҳмату талошҳои роҳбарияти олии ҳар ду давлат дарак медиҳад.
Вазири фарҳанг ва ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб Нура ал- Каъбӣ доир ба фарҳанги муштараки Аморот ва Тоҷикистон, рушду инкишофи ҳамкории фарҳангӣ, рафтуомади сайёҳони кишвараш ба Тоҷикистон ва дигар паҳлӯҳои ҳамкории фарҳангӣ ибрози ақида намуд.
Дар ҷараёни мулоқот гуфта шуд, ки тарафҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Аморотро баррасӣ ва бо роҳҳои дипломатӣ ба ҳар ду ҷониб ирсол хоҳанд кард.
Аксҳо аз Вазорати фарҳанги ҶТ








Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Кӯшониён доир мегардад






