Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода: Бо муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ва шикори ҳайвоноти нодир мубориза баред!

Апрель 20, 2021 14:11

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи фаврӣ-хизматӣ доир гардид.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  зимни ҷаласа ба кормандони милитсияи  вилоят  дар мавриди пешгирии шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир ва ҳифзи ҳамаҷонибаи онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Хотиррасон мешавем, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳифзи табиат», «Дар бораи олами ҳайвонот», шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон манъ аст. Дар Бадахшон аз ҷумлаи ин ҳайвонот гӯсфанди «Марко-Поло», озодапаланг, оҳу, қутос ва парандаҳои нодир мавҷуданд, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд ва шикори ғайриқонунии онҳо манъ шудааст.

Аз ин рӯ Вазири корҳои дохилӣ ба кормандони Раёсати  ВКД дар ВМКБ дастур дод, ки ҷиҳати риояи ин қонунҳо  тадбирҳои тахсирбаш андешанд.

Ҳамзамон Рамазон Раҳимзода супориш дод, ки  кормандони милитсия фаъолияташонро баҳри пешгирии муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла лаъл, лоҷувард, фирӯза, ёқути кабуд, яшм ва ғайра, ки мутобиқи моддаи 284 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии он ҷазо пешбинӣ шудааст, пурзӯр намоянд.

София Шоик,
АМИТ «Ховар»

                                      АКС аз бойгонии  АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2021 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид

Маводҳои таҳлилӣ