Роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар сарҳад, ҳалли саривақтии обёрии заминҳо, бе дахолати мақомоти қудратӣ ва дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҳал намудани муаммоҳои ба миён омада ва дигар масъалаҳои мубрам имрӯз зимни мулоқоте, ки дар минтақаи озоди назди сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни роҳбарони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ҳамчунин дар мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд масъалаҳо ҳар ҳафта дар сатҳи роҳбарони ноҳияҳо ва моҳе ду маротиба дар сатҳи раисони вилоятҳо баррасӣ карда шаванд.
Ҷонибҳо барои ба ҳолати аввала бозгардонидани робитаҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ омодагии худро изҳор намуда, зикр доштанд, ки равуо ва доду гирифти молу маҳсулот чун солҳои пеш ба роҳ монда шавад.
Дар мулоқот зикр гардид, ки тоҷикону қирғизҳо давоми асрҳо дар ҳамсоягии нек зиста, бо риояи анъанаҳои неки ҳамзистии осоишта дар рӯзҳои шодиву сурур ва сӯзу мотам дар паҳлуи якдигар буданд, зеро ҳамсояро интихоб намекунанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд муаммоҳои дар марз рухдодаи се моҳи охирро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.
Аксҳо аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад






