Шойгу: Вазъ дар Афғонистон таназзул меёбад
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири мудофиаи Россия, генерали артиш Сергей Шойгу вазъ дар Афғонистонро арзёбӣ кард. Вай дирӯз, 27 апрел дар мулоқот бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар Душанбе иброз намуд, ки «вазъ дар Афғонистон таназзул меёбад», хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Дар пасманзари таназзули вазъ дар Афғонистони ҳамсоя мо нақшаи якҷоя рафъ кардани таҳдидҳои эҳтимолиро дорем ва масъалаҳои ҳамкории амалиро ҳангоми машқҳо кор карда мебароем»,- гуфт Сергей Шойгу.
Вазири мудофиаи Россия зикр кард, ки ҳафтаи гузашта омӯзишҳои муштараки тактикии қисмҳои пойгоҳи низомии 201-и Россия, ки дар ҷумҳурӣ мустақаранд ва Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуданд. Вай таъкид кард, ки Россия ва Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳифзи субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ вазифаҳои муштарак доранд.Тавре ки Агентии иттилоотии REGNUM хабар дод, қаблан Шойгу гуфта буд, ки Вазорати мудофиаи Россия аз тағйири ҷой кардани гурӯҳҳои калони террористон дар Афғонистон нигарон аст.
Ба гуфтаи ӯ, ҷангиёне, ки барои ҷанг ба Сурия рафта буданд, ба Афғонистон бармегарданд. Шойгу афзуд, ки истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон ва қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар низ нигаронкунанда аст.
Ёдовар мешавем, ки Вазири мудофиаи Россия қаблан барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СААД, ки 27 апрел баргузор шуд, ба Душанбе омада буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд






