Вазири молияи Тоҷикистон бо муовини Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд мулоқот намуд

Апрель 28, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо муовини Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Амангилди Исенов ва Директори Бонки Авруосиёии Рушд дар Тоҷикистон Николай Никулин доир гардид.

Тибқи иттилои Вазорати молия, дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаи ташкил намудани низоми тақсимоти мол байни давлатҳои аъзои Бонки Авруосиёии Рушд ва вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятдоштаи иқтисодиёти кишвар, ки на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон балки ба давлатҳои аъзои Бонк низ судманд мебошад, мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои дорои афзалият изҳор намуданд.

Акс аз Вазорати молия

Апрель 28, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Душанбе оид ба баргузории Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ нишасти матбуотӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад